Ману хоҳарам вориди бозори «Корвон» шудем. Раҳ-раҳи бозор аз ду тараф фурӯшандагон молу колои худро рӯйи роҳ гузошта, савдо мекарданд. Аз миёни ҳазору як майдаю чуйда диққати моро чизе не, танҳо хурӯсакҳое, ки замони кӯдакиамон беҳтарин қандинаи дӯстоштаамон буд, ҷалб намуд.
- Ана, ана хурӯсак… Биё, ба хотири ёд аз давраҳои кӯдакӣ яктоӣ харем, - гуфта, хоҳиш кард хоҳарам.
- Э, не. Шарм намедорӣ, ки хурӯсак мехарӣ? Аққалан кӯдакҳо ҳамроҳ мебуданд... – гуфтам ман.
- Чӣ фарқ дорад? Кӣ моро нигоҳ карда шиштааст? – боз якравӣ кард хоҳарам ва ба фурӯшандаи хурӯсак наздик шуд.
Ман ҳам ночор думболи ӯ роҳ гирифтам. Пас аз нархпурсию харидории хурӯсакҳо лаҳзае чашм аз он зани фурӯшанда канда натавонистам. Нигоҳҳо сӯи ӯ буданду андешаҳои парешон дар дунёи дигар. Симои зан хеле ошно менамуд. Ҳар қадар фикр мекардам, хотираҳо пайи ҳам пеши назарам зинда ҷилвагар мешуданд. Ва дар охир он зан ва ҳама он қиссаҳои гузаштааш маро ёд омад…
Харидори асосии хурӯсакҳои ӯ мо, талабаҳои мактаб будем. Ҳар субҳ пеш аз мактабравӣ падар ба мо танга медод, то аз ошхонаи мактаб кулчақанде ё самбӯса харему дар вақти танаффус тановул кунем. Мо, ростӣ, ин тангаҳоро аслан сарфи кулчақанду самбӯса намекардем. Ҳангоми танаффус ба хонаи ин зан меомадем ва аз хурӯсакҳои себӣ харидорӣ мекардем. Вай хурӯсакпаз буд.
Хурӯсакхӯрии мо ҳам, мутаассифона, дер давом накард. Мо, талабагон пушти дарвозаи зан мерафтем ва садояш мекардем, вале ба ҷуз вағу ҷағи кӯдакон дигар овозе аз ҳавлӣ шунида намешуд. Баъдтар ба мо ҳамсоязан гуфт, ки дигар дари зани хурӯсакфурӯшро накӯбем, зеро ӯ аз ин хона рафтаасту барнамегардад. Бо ҳамин қиссаи хурӯсак ба охир расид.
Аз он ки зани ҳамдеҳаро дар бозор дидем, баъди чанде дар борааш аз модар пурсон шудам. Модарам дар бораи чӣ гуна аз қишлоқ рафтану тарки хонаву дар кардани ин зан қисса кард:
- Занаки беақл. Аз куҷое рост буд ё дурӯғ, хабари бо дигар занҳо шинухез кардани шавҳарашро фаҳмидааст. Тоқат накарда, мисли он ки оташ гирифта бошад, ҳамеша бо ҳар баҳона бо шавҳараш ҷанг мешуд. Ба ҳамааш мард сабр кард. Хотири ҳафт кӯдакаш боло мегирифту лаб зери дандон монда, аз «девонагиҳои» занаш чашм мепӯшид. Зан ҳамоно аз аспи ҷаҳл намефаромад. Тоқаташ тоқ шуду алови рашкаш хонумонашро сӯхт. Аз баҳри хонаву дар ва кӯдаконаш гузашт. Тарки ҳама кард. Ана, акнун шумо гуфта истодаед, ки чӣ ҳол дораду чӣ зиндагӣ. Рашк ӯро бадбахт кард.
Ҳамин аст, қиссаи як зане, ки бо як иштибоҳ имрӯз дар кӯчаҳои танҳои зиндагӣ сарсону саргардон лаҳзаҳои талхи умрашро паси сар мекунад. Шояд пушаймон аз он бошад, ки бо кӯтаҳақлӣ ҳамаро аз даст додааст. Вале ҳайҳот, пушаймониро суде нест, гуфтаанд.
Қутбия