Қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳаввулоти муҳими сиёсию фарҳангӣ ва маънавии кишвар арзёбӣ мегардад. Мутмаинем, ки бо ширкати фаъоли донишмандону рӯшанфикрон дар мубоҳисаву маҳфилҳои фарҳангӣ – сиёсӣ мардуми Тоҷикистон оид ба моҳияти қабули қонуни мазкур маълумоти бештар пайдо хоҳанд кард.
Рӯйдоди дигари ояндасози соли 2015-ум , ин бо ташаббуси Президенти кишвар эълон шудани «Соли оила» ва дар муҳокимаи умум баррасӣ шудани масоили хонаводагӣ буд, ки дастгирию ҳамвовозии умумро пайдо намуд. Зеро солҳои охир ҷомеаи моро падидаи номатлуби ҷудошавии оилаҳо ба ташвиш овардааст. Мусаллам аст, ки дар кишварҳои гуногуни олам ин масъаларо ба таври вижа арзёбӣ ва баррасию тадбирҷӯӣ мекунанд. Масалан, дар баъзе ҷумҳуриҳои ҳамҷавор барои пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишварашон тағйироту иловаҳо ворид намудаанд. Дар дигар мамлакатҳо марказу институтҳои илмӣ-амалӣ таъсис ёфта истодаанд, то дар таҳкими арзишҳои хонаводагӣ ва пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо мусоидат намоянд. Дар мисоли «Маркази ғамхорӣ барои оилаҳои ҷавон», ки дар пойтахти Федератсияи Русия, шаҳри Москав таъсис ёфтааст ва он баёнгари мавқеъгирии ҷиддии ҳукумат ба масъалаҳои оилавӣ арзёбӣ мегардад.
Дар кишвари мо бо эълон гаштани «Соли оила» мавзӯъҳои мубрами хонаводагӣ мавриди баррасии умум қарор гирифтанд. Тибқи пурсишҳои сарироҳӣ масоили марбут ба оиладорӣ дар расонаҳои иттилоотии Тоҷикистон аз дигар мавзӯъҳои иҷтимоӣ бештар инъикос ёфта, хонандаи бештар дорад. Дарвоқеъ, таваҷҷуҳи ҳукумат ба ҳалли масоили оиладорӣ ва созмони садҳо маросиму чорабиниҳои фарҳангӣ -сиёсӣ дар воқифгардонию маърифатнокии сокинони кишвар аҳамияти бузург бозид. Дар моҳҳои охири соли ҷорӣ коҳиш ёфтани сатҳи ҷудошавии оилаҳо дар баъзе марказҳои маъмурии кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки тасмимҳои гирифташуда натиҷаҳои судманд дода истодаанд. Коршиносон бовар доранд, ки солҳои минбаъда сатҳи пошхӯрии оилаҳо боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт. Ҷудошавии оилаҳо натанҳо мушкили як оила ё иддае аз шаҳрвандон, балки мавзӯъи доғест, ки ҷомеа ва давлатро ба ташвиш меорад. Тасмимҳои дар ин самт гирифта омили муҳиму дастгирии бевоситаи модаронест, ки комилан зидди пошхӯрии хонаводаҳои хешанд, аммо дар ҳифзи хонаву фарзанду ҳамсаронашон на ҳама вақт комёб мешаванд. Оре, дар бештари ҳолатҳо бонувон хоҳиши ҷудошавӣ аз ҳамсарони худро надоранд. Зеро, аз як тараф бузургтарин таҳқир барои зан шунидаи вожаи талоқ бошад, аз сӯйи дигар, дар бештари ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо модарону кӯдакон дар кӯча мемонанд. Гарчанде сол аз сол сатҳи муроҷиати занони аз шавҳарҷудошуда ба судҳо зиёд мушоҳида мешавад, аммо то кунун аксари эшон аз надоштани маълумоти кофӣ аз ҳаққи амволу манзили зист бенасиб мегарданд. Аз ин сабаб, баррасии масъалаҳои оилавӣ дар соли 2016 низ идома ёфта, ҳаллу фасли мушкилоти умдаи оилаҳо, ҳамкории муштараки ҷомеа бо бахшҳои марбутаи давлатиро тақозо менамояд.
Яке аз мавзӯъҳои рӯзмараи соли 2015 таъсиси ҷойҳои корӣ барои бонувон буд. Дар коргоҳҳои хурду бузурге, ки соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ҳазорҳо занону духтарон ба кори доимӣ таъмин шуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз 16 сол қабл бо мақсади таъмини шароитҳои мусоиди кору зиндагӣ ва беҳдошти сатҳи иҷтимоии занон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида буд. Тӯли ин муддат дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, кормандони вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатию дигар соҳаҳо шумораи бонувон чанд баробар афзуд. Аз таҳлилҳои имсолаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки айни замон 30 дар сади соҳибкорони кишварро бонувон ташкил медиҳанд. Барои натиҷаҳои хубтарро соҳиб шудан ва баҳри дастрасии бештари бонувон ба захираҳои иқтисодӣ бояд дар маҳалҳо марказҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ва пешгирӣ аз бӯҳронҳо, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ таъсис дода, соҳибкорзанон ба қарзҳои камфоиз таъмин карда шаванд. Ҳамчунин, барои бозомӯзии занони маҳалаҳои дурдаст барномаҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.
Дар соли 2016 мавзӯи маърифатнокии бонувон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ –таблиғотӣ байни занони хонашин аз самтҳои муҳими бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳии кишвар боқӣ мемонад. Дар марҳилаи муҳими ҷаҳонишавӣ ва таҳдид ба суботу оромии кишвар зан- модарро, ки тарбияи насли ояндаи миллатро ба уҳда дорад, донишу маълумоти кофӣ ва ҳисси баланди худшиносию ватандӯстӣ мебояд.
Хулоса, соли 2015 дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва маънавии бонувон рӯйдоду дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайвастанд, ки барои оянди дурахшони занону аҳли ҷомеа аҳамияти зиёд доранд. Дар қатори пешрафту созандагиҳо дар ҳаёти ҷамъиятии бонувон масъалаҳои ҳалталабе низ мавҷуданд, ки дар соли 2016 бояд ҳалли худро пайдо намоянд. Аз ҷумла, ҷалби таваҷҷуҳи бештари оилаҳо ба масоили тарбияи дурусти фарзандон, таҳсили духтарон ва назорат аз рӯи кору фаъолият ҷавонон, риояи Қонунҳои мавҷуда аз тарафи сарварони оилаҳо ва ғайраҳо. Зеро «Соли оила», ба қавле танҳо барои як сол нест, балки дар соли 2016 ва солҳои оянда низ масъулияти шаҳрвандии ҷомеаро нисбат ба масоили оила, ки асоси ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад, дучанд хоҳад намуд.
Ҷамолиддин Сайфиддин