Воқеан, холаи Файзия Қодирова дар деҳаи Дараи Тутаки шаҳри Роғун зиндагӣ мекунад. Соҳиби даҳ нафар фарзанд – панҷ писару панҷ духтар, қариб навад набераю абера мебошад. Фарзандон ҳама соҳиби хонаю дари обод – ҳастанд. Ӯ солҳо дар фермаи деҳаи Калтаҳо говҷӯш шуда кор кардааст. Ин говҷӯши пешқадам чор дафъа вакили ноҳиявӣ ва чор дафъаи дигар вакили маҳаллии маҷлиси вакилони халқ интихоб шудааст. Холаи Файзияро барои хайру саховат ва накукориҳояш мардум эҳтиром менамоянд. «Апаи мо чун маънии номаш зани бофайзу бобаракат, ҳалиму хоксор аст. Аз мардуми деҳа ва гирду атрофи он оилаи ниёзманде нест, ки ӯ дасти лутфу эҳсони худро дароз накарда бошад»,- мегӯянд онҳое, ки аз дасти ӯ хайре дидаанд. Холаи Файзия аз ҳисоби пасандозҳои захиракардаи худ ва ёрдами писаронаш нияти зиёрати хонаи Худовандро дошт. Баъдтар андешаи сину солашро карда азм намуд, ки ин маблағро ба кори хайре сарф кунад. Яке аз духтарони ӯ Мавҷигул Назарова дар деҳаи Бобои Валӣ зиндагӣ мекунад. Кӯпруке, ки роҳи ин деҳаро бо роҳи асосӣ пайваст менамояд, хеле фарсудаю ба қавле «ларзонак» гардида буд. Холаи Файзия, ки борҳо ба меҳмонии хонаи духтараш меомад, бо чашмонаш медид, ки мардум бо чи душворӣ аз болои ин кӯпрук мегузаранд. Аз чи сабаб бошад, ки солҳо онро таъмир намекарданд. Модар ба фарзандонаш гуфт, ки ӯ маблағи ҳаҷравиашро барои аз нав сохтани ҳамин кӯпрук бахшиданист. Баъди ҳисобу китоб маълум шуд, ки барои пурра азнавсозии ин кӯпрук 70 ҳазор сомонӣ сарф мешавад. Писарони ӯ - Маҳмаёру Худоёр, Худойдоду Диловар ва Абдулфаттоҳ нияти неки модарро хуш қабул намуда, боз маблағ зам намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ кӯпрук пурра азнавсозӣ карда шуд. Рӯзи кушодашавии кӯпрук аҳли деҳа тӯй дошт. Он рӯз писарони холаи Файзия барои меҳмонону мардуми деҳа зиёфати калон доданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, ки дар ин тантанаи хушнудии мардуми деҳа иштирок дошт, дасти ин модари азизро фишурда ба ӯ барои чунин иқдоми нек ва тарбияи писарони бонангу номусаш изҳори миннатдорӣ намуд. Умедворӣ кард, ки фарзандони ин модари хайрпеша минбаъд ҳам дар ободию шукуфоии кишвари азиз саҳмгузорӣ хоҳанд кард. Мардуми мавзеи Қалъаидашт аз ин иқдоми неки холаи Файзия ва фарзандони ӯ хурсанд гардида, дар ҳақашон ҳамеша дӯои нек мекунанд.
Солҳо мегузаранд. Инсонҳо меоянду мераванд. Лек кори хайру неки чунин иннсонҳои шариф ба хотири хушнудии Худованд ва бандагонаш ҷовидонӣ мемонад.
Беҳин коре, ки андар зиндагонист,
Накӯхоҳӣ ба кас роҳатрасонист.
Р.Назир,
М. ТАҒОЕВА