Аввалин сироятёбии одамон ба ин вирус соли 1981 ба қайд гирифта шуда буд. Мутобиқи омори расмии ташкилоти байналмилалии ЮНЭЙДС аз оғози зуҳури ин беморӣ дар ҷаҳон анқариб 78 миллион одам мубтало гаштаанд. Аз ин шумора 39 миллион нафар фавтидаанд. Айни замон, мутобиқи омори расмӣ, дар ҷаҳон беш аз 35 миллион нафар гирифтори бемории ВИЧ СПИД ҳастанд. Аз ин миён танҳо 13 миллион бемор ба табобати ҳаматарафа фаро гирифта шудаанд. Ин вабои асри куҳан ба асри нав ҳам таҳдид мекунад ва хатари гирифтор шудани одамони солим бештар мегардад, зеро бисёр омилҳои сироятёбӣ ба он таҳлилу тадбир нашудаанд. Омили асосиро мутахассисон дар паст будани маърифати тиббии мардум ва иттилои дақиқ надоштани онҳо дар хусуси ин беморӣ медонанд. Дигар сабаб он аст, ки чанд даҳсолаи охир муҳоҷирати одамон ба кишварҳои гуногун бештар гаштааст ва ин раванд ба густарда шудани беморӣ мусоидат мекунад. Омили хеле хатарноки дигар нашъамандони тазриқӣ мебошанд, яъне истифодаи як сӯзандору барои чанд нафар сабабгори сироят ёфтани дигарон мегардад. То солҳои наздик ҷомеаи Тоҷикистон оид ба ин беморӣ аз расонаҳои иттилоотӣ маълумот дошт, аммо баъдтар худ ба он рӯ ба рӯ омад. То имрӯз нафарони ба ин беморӣ мубталошуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳазору 952 нафаррро ташкил медиҳанд, аммо ин омори расмӣ асту шумораи воқеии сироятёфтагон шояд бештар бошад. Танҳо соли равон тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон 844 нафар аз ин беморӣ сироят ёфтаанд, ки боиси нигаронӣ аст. Ҳарчанд Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ барои коҳиш додани паҳншавии ин беморӣ тадбирҳо меандешад, аммо ин шумора ҳамасола афзоиш дорад. Аз ибтидои ба қайд гирифтани ин беморӣ дар кишвар (соли 1991) 7402 нафар шаҳрвандон аз ВИЧ СПИД сироят ёфтаанд. Аз ин миён 1450 нафар фавтидаанд. Ин рақамҳоро Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи ВИЧ СПИД дар омӯзиш ва таҳлили ҳолати мавҷуда пешниҳод кардааст. Вобаста ба ин рӯз дар Тоҷикистон чорабиниҳои тарғиботии ҳаёти солим, маҳфилҳои омӯзишию иттилоотӣ ва маърифатӣ доир мегарданд. Маҳфилу чорабиниҳои маърифатӣ бештар барои ҷавонон ва бо иштироки онҳо сурат мегиранд. Дар ин рӯз дар мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар аксияҳои тарғиботӣ ташкил мегарданд. Масъулону мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолӣ имкони аз ташхис гузаштани ҳама хоҳишмандонро фароҳам овардаанд. Ташхиси ин беморӣ аз ҷониби табибони касбӣ дар дастгоҳҳои ҳозиразамон анҷом дода мешаванд. Натиҷаи ташхис барои танҳо нафари ташхисшаванда маълум мешавад ва барои дигарон пинҳон аст. Кафолати пинҳон мондани ташхис аз ҷониби табибон дода мешавад. Омили асосие, ки имрӯз хуруҷи ин бемориро дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар кардааст, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба кишвари Русия аст ва ин ҳамаро ба ташвиш овардааст. Хадамотҳои муваззаф ва коршиносону масъулон то ҳадди имкон талош доранд, ки пеши роҳи паҳншавӣ ва зиёд шудани ин бемориро дар кишвар гиранд. Барои ин, ба хусус барои муҳоҷирони меҳнатӣ, маълумотномаҳои махсус омода шудаанд, ки дар кишвари хориҷ ҳангоми буду боши мавсимӣ кадом талаботҳоро риоя кунанд. Иттилои дақиқ ва ҳушдордиҳанда оид ба ин беморӣ метавонад сироят ёфтани бархе аз муҳоҷирони меҳнатиро пешгирӣ намояд. Аммо ҳанӯз ҳам сабаби баъзан вақт зиёд шудани ин беморӣ дар баъзе хонаводаҳои суннатии мо боз ҳам бо айби худи муҳоҷирон рух медиҳад. Масалан, алоқаҳои берабти ҷимоӣ дар хориҷ хатари гирифтор шуданро ба ин беморӣ зиёд мекунанд, аммо вақте ин муҳоҷирон ба ватан бармегарданд, аз ташхиси тиббӣ нагузашта , бонувони худро сироят месозанд. Як шарти ҳатмӣ баъд аз бозгашт аз муҳоҷират гузаштан аз ташхиси тиббӣ барои муайян кардани беморӣ аст. Азбаски бисёриҳо ба ин талаботи хеле муҳим ҷиддӣ муносибат намекунанд, беморӣ сол аз сол хуруҷ мекунад. Пас, ҳамеша дар хориҷи кишвар аз муносибатҳои тасодуфии ҷимоӣ худдорӣ мебояд ва агар чунин ҳолат рух дод, пас аз бозгашт қаблан аз ташхиси табибон гузаштан ҳатмист. Ё нашъамандони тазриқӣ ҳам паҳнкунандагони ин беморӣ ҳастанд. Гузашта аз ин, ҳангоми табобат дар беморхонаҳо ва ё гирифтани дорую дармон дар муҳити хонавода қоидаҳои санитарию гигиениро бояд риоя кард.Чӣ хеле мегӯянд, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст!
Р.Камол