Норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои маориф, фарҳангу маънавиёт ва дигар соҳоти минтақаро ба инобат гирифта, соли 2002 бо супориши Президенти кишвар дар маркази ноҳияи Рашт филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъдан, соли 2013 он ба Донишкадаи давлатии омӯзгори Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт табдил ёфт. Имрӯз дар ин махзани илму маърифат натанҳо ҷавонони минтақаи Рашт, балки ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори кишварамон таҳсил доранд. Аз таъсису фаъолияти мактаби олии касбомӯзӣ ҳамагӣ 13 сол гузашта бошад ҳам, он дар таъмини ноҳияҳои минтақаи Рашт бо омӯзгорони маълумоти олидор саҳми бузург гузоштааст. Донишкада дар факултетҳои забонҳо, таъриху педагогика, табиию риёзӣ ва асосҳои идоракунӣ дар соҳаи маориф амал аз рӯи 15 ихтисос мутахассисонро тайёр мекунад. Тибқи иттилои маъмурияти Донишкадаи давлатии омӯзгории Рашт аз 2 ҳазор 57 нафар донишҷӯён 283 нафар духтарон мебошанд. Шамсия Раҳмонова баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳия Рашт ба факултети кимиё ва биологияи донишкадаи мазкур дохил шуд.
-Аз оилаи мо нахустин духтаре будам, ки ба мактаби олӣ дохил шудаам. Бинобар мушкилиҳои гуногун апаҳоям баъди хатми маълумоти миёна таҳсилро идома надоданд. Ба фаъолият оғоз намудани мактаби олӣ дар Рашт дар таърихномаии ин водӣ бо ҳарфҳо заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд, зеро он орзуву омоли чандинсолаи бонувон буд, -иброз медорад Моҳтоббӣ Ғайратова, модари Шамсия. -Хушбахтона, сол аз сол сафи духтарони маълумоти олидор зиёд шуда, ҳамзамон сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст. Шукронаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва Сарвари кишварро дорем, ки ормонҳои мо модаронро дар ҳаёти духтаронамон амалӣ намуда истодааст.
Ба гуфти Моҳтоббӣ, бонувони ноҳия ва минтақаи Рашт аз даврони қадим толиби илму адабиёт буданд, аммо шароити идомаи таҳсил дар мактабҳои олиро надоштанд. Ҳоло, ки шароит фароҳам омадааст, мебояд барои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарони деҳот кӯшишҳои бештар намоем. Зеро, новобаста ба сатҳи зиндагии оилавӣ, ҳамаи духтарбачаҳо то хатми мактаби миёна орзуи илму касбомӯзиро доранд.
Дар баробари духтарони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Ҷиргатолу Тавилдара ва Нуробод ҷавонони дигар шаҳру навоҳии кишвар низ дар ин донишкада таҳсил дорад. Фарзона Кенҷаева, сокини ноҳияи Муъминобод, таҳсилро дар ин боргоҳи илму маърифат имтиҳони нахустин барои кору зиндагӣ дар муҳити нав медонад.
– Хурсандам, ки тақдир маро барои касбомӯзӣ ба ин гӯшаи зебоманзару дилкаши диёрамон овард,-мегӯяд Фарзона. -Зеро омезиши муҳити таҳсили ҷавонони кишвар дар минтақаҳои гуногун робитаи наслҳоро мустаҳкам намуда, имкон медиҳад, ки мо ба урфу оддатҳои ҳамдигар аз наздик шинос шавем.
Ба гуфти ӯ, кадрҳои ҷавон чун афсарон омодаи амри Ватан ҳастанд, то дар дилхоҳ минтақаи кишвар ва берун аз он софдилонаву содиқона кору хизмат намоянд.
Фаъолнокии духтарону занон ба таҳсилу кор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияҳои минтақаи Рашт, ки аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад, самараҳои аввалини таъсис ёфтани мактаби олӣ дар ин водӣ аст. Қобили зикр аст, ки бонувони ҷасурро дар сафи коргару хизматчиёни ҷузъу томҳои низомии ноҳияҳои минтақаи Рашт низ мушоҳида менамоем. Имрӯзҳо дар зерсохторҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Рашт бонуафсарони зиёд хизмат намуда истодаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Афсарбонувони ин ниҳодҳо факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро заминагузор дар самти тарбия ва омодасозии бонувони ҳуқуқшинос меҳисобанд.
Ба гуфти Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт, дар баробари фаъолият дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи хизмати давлатӣ имрӯз бонувон дар рушду пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ саҳми бузург доранд.
Ташкили Марказҳои дастгирии занон ва маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар онҳо духтарону модарон фаъоланд, паёми хушояндест, ки аз руҷуи бесобиқаи ҷинси латиф ба корҳои ҷамъиятӣ дарак медиҳанд.
Ҷамолиддин Сайфиддин