– Дар маҳаллаи мо аксар духтарон бо дидани Рустам нишасту гуфтор ва ҳатто қадаммонии худро дигар мекарданд. Ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ӯ баланд – баланд механдиданд ё сухани худро гум карда, берабт ҳарф мезаданд. Ӯ бошад, ҳар дафъа баъд аз салом духтареро интихоб намуда, бо лабханд тақрибан чунин мегуфт: «Ҳа, Дилбар, ин қадар хушрӯй шудаӣ! Боз бачаҳои Қараболо дуздида набаранд». Ин тарзи рафтори Рустам барои он духтар неруи тоза ва табъи баланд мебахшид ва дар давоми ҳафта ба назар мерасид, ки ӯ рӯз ба рӯз мешукуфад.
Ман дар бозорчаи маҳалла бо модарам нон мефурӯхтам. Рӯзе Рустам барои харид кардани нон омад. Ман аз шарм худро гум кардам ва рухсораҳоям оташ гирифт. Вай нони аз дастам афтодаро бардошта, ба қаъри чашмонам нигоҳ афканду оҳиста гуфт: «Арӯси зебо шудаӣ, ба хонаатон хостгор мефиристам». Ба ҳарфаш бовар накардам, аммо аз хушбахтӣ шаб хобам набурд, аз паҳлу ба паҳлу мегаштаму дар борат вай фикр мекардам. Баданам метаспиду аз пешонаам арақ мерехт. Саҳар модар маро дида бо ташвиш пурсид»: «Ҳа, духтарам, бемор шудаӣ?». Не, гуфтаму аз пайи кор шудам, – ба ёд меоварад он рӯзҳоро Саврӣ. Баъд аз чанд рӯз ба хона хостгорҳо омаданд. Хурсандию шодии ман ҳаду канор надошт…
«Бо хости Худо соҳиби ду писар шудему дар толеи пасти мо ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Рустам то ин вақт дар яке аз корхонаҳои тавлиди дору ронанда шуда кор мекард. Бо ҳама чиз таъмин будем ва ман дар навбати худ хидмати падару модари ӯро ба таври арзанда ба ҷо меовардам. Бо оғоз гардидани нобасосмониҳо хусурам писаронашро сари дастархон ҷамъ оварда, баъд аз насиҳат ва суҳбати дурудароз аз худ ҷудо кард. Мо ба микрорайоне омадем, ки хеле хушбоду ҳаво ва тамизу зебо буд. Хонаамон аз се ҳуҷра иборат ва барои оилаи ҷавон хеле мувофиқ буд. Баъд аз ду моҳ корхонаи истеҳсоли дору аз фаъолият монд ва ман ночор барои таъмини оила дар бозорча ба нонфурӯшӣ партохтам, зеро баъд аз хатми мактаб таҳсилро давом надода, ба шавҳар баромадам.
Солҳои ҷанг зиндагӣ хеле бо сахтӣ мегузашт. Баъзан ноноро зуд фурӯхта ба хона бармегаштаму баъзан то нисфи шаб интизори харидор мешудам. Шавҳарам рӯзи дароз дар хона хоб мерафт ва барои тағйир додани вазъ кушише ҳам ба харҷ намедод. Тайи ин муддат як ҷавони шӯху далер ба як марди танбалу зишт табдил ёфт. Илова бар ин, Худо ба мо ду духтари дигар бахшид. Ҷанг тамом шуду Рустам ҳамон аз кунҷи хона берун намебаромад. Сардии зимистон ва азоби рӯҳӣ маро ба тадриҷ ба зани пиру маризе табдил дод. Писаронам дар мактаб мехонданд. Ҳар моҳ барои харидани ашёи мактаб, либоси онҳо ва таъмини дигар фарзандону меҳмонон ва кумак ба модару падари пири шавҳар маблағи калоне зарур мешуд. Аз Рустам хоҳиш мекардам, ки ба кор барояд, то яки мо ду шавад, аммо ӯ дигар корро қабул надорад. Баъд аз баромадани офтоб ба назди ҳамсояҳое, ки рӯйи хараки ҳавлӣ менишинанд, мебарояду то пешин суҳбат мекунад. Баъд аз хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ то намози шом мехобад. Шаб ба берун мебарояду то як пос бо дигарон суҳбат менамояд. На маризии ман ӯро ба ташвиш меораду на проблемаҳои хона. Дигар аз он Рустами орзуҳо чизе намондааст…
Бо гузашти умр ва солҳои беҳосили ҷавонӣ писаронам ба воя расиданду дастёрам гардиданд. Акнун метавонам гоҳ – гоҳ ба бозор нарафта, дар рӯзҳои сарду боронӣ дар хона истироҳат кунам. Аммо организми сармохӯрдаву бемор намегузорад, ки даме осуда бошам, илова бар ин, андешаи хонадор намудани фарзандон ва ояндаи онҳо ба ман имкон намедиҳад барои табобат фурсатеро дар ихтиёр дошта бошам.
Бекорию хоб ҳам дарди баде будааст. Рустами замоне варзишгару паҳлавон тайи ин солҳо ба як пирмарди бедандон ва заъифе мубаддар гардид.
Азбаски наврасии писаронам бо сахтӣ гузашт ва онҳо дастгирии падарро надиданд, ба хоҳишу дархостҳои Рустам чандон эътибор намедиҳанд. Бо пеш омадани масъалае наздам менишинанду маслиҳат мепурсанд. Агар ба назди падар равед гӯям, ҳарфамро қабул намекунанд ва дар посух мегӯянд: «Падару модари мо шумоед, ин одам дар даврони бачагию наврасӣ боре дасти моро нагирифт ва ғами оиларо нахӯрд. Чаро имрӯз мо аз ӯ маслиҳат пурсем?»
Шавҳарам ба ҷойи наздикӣ ҷустану ҷуброн намудани камбудиҳои худ дар муносибат ба писаронаш аз алфози қабеҳ ва рафтори бад кор мегирад. Ин тарзи муносибати падар бо фарзандон мушкилоти оиларо сангинтару печидатар мекунад. Миёни онҳо миёнҷигарӣ мекунам, аммо якравии ту тараф талошҳои маро аз байн мебарад. Асабӣ мешаваму фишорам баланд мешавад. Рӯз ба рӯз худро хастатар эҳсос мекунам. Метарсам, ки то ҷашни арӯсии фарзандон намерасам. Охир, писари калонӣ 30 –сола шудаву ҳанӯз издивоҷ накардааст, зеро шароитамон чандон хуб нест. Чанде қабл писари дуюм ба кор баромад ва умед дорам, ки бо дастгирии ӯ ҷиҳози арӯсии писари аввалро таҳия хоҳам намуд.
Аммо ҳамзамон фикри дигаре маро хеле нигарон месозад. Арӯс кунаму Худо накарда муносибат ва хулқу хӯйи вай бо шавҳарам рост нагирад, он вақт чӣ мешавад? Агар ба духтарон хостгор пайдо шавад ва онҳо бифаҳманд (ҳамсояҳо, албатта, « кумак» хоҳанд кард), ки падари онҳо 25 сол боз кор намекунад, чӣ гуна вокуниш хоҳанд дошт? Он қадар агарҳо дар майнаам зиёд тоб мехӯранд, ки баъзан даст удилам аз зиндагӣ хунук мешавад», – мегӯяд ин зани заҳматкаш.
Фароруни Сабзқадам