«Драфши Коваён»-(ӣ) аз машҳуртарин парчамҳои миллист, ки онро Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш қисса кардааст. Ин дирафш аз пешдомани чармини Коваи оҳангар буд, ки онро ба сари чӯбе баста, мардуми азияткашидаро ба шӯриши зидди золимон даъват карда, Шоҳ Заҳҳокро аз тахт сарнагун сохт. Баъдан аз замони давлатдории Шоҳ Фаридун «Дирафши коваёнӣ» ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, онро бо сангҳои қимматбаҳо зебу ороиш медоданд, то инки дар шаби тор ҳам намоён бошад .
Парчамдорӣ аз анъанаҳои муқаддасе ба шумор меравад, ки миллати тоҷик ба он чун рамзи ваҳдату ягонагӣ иқболу сарбаландӣ ифтихор дошт. Бардоштани парчам дар маросимҳои сарфарозии ғолибони мусобиқаҳои варзишию меҳнатӣ анъанаи неки аз ниёгонамон боқимондааст, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию ифтихори миллии шаҳрвандон, ташаккули андешаҳои худшиносию хушбинӣ ба ояндаи нек ва эҳсоси тавоноии халқ дар корҳои бузурги созандагӣ таъсири бузург мерасонад. Дар ин зимн парчамбардории занон нишони шуҷоату далерӣ ва ба майдони разму дигар арсаҳои зиндагӣ баромадани ҷинси латиф буда, баёнгари баробарҳуқуқию озодиҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. Занони парчамбардор таърихи қадимтар аз достонҳои Гурдофариду Манижа, Тахминаву Томирис ва дигар бонувони ҷасур дошта, ин рисолатро ибтидо аз асри 20 фаъолзанони истеҳсолот ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ идома дода истодаанд.
Парчами давлатӣ, ки баёнгари қудрату тавонмандӣ, нуфузу шуҳратмандӣ ва намоди идеологӣ, сиёсату ҳарбии ҳар давлату халқҳои он маҳсуб меёбад, тӯли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзиши муқаддас табдил ёфт. Шурӯъ аз санаи таърихии 24 ноябри соли 1992 – Рӯзи қабули рамзҳои давлатӣ, Нишону Парчам ва Суруди Миллӣ баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва арҷу эҳтиромгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатии Тоҷикистон хизматҳои шоёни Сарвари давлат қобили ёдоварист. Агар дар қарнҳои таърих кишварҳои тавоно бо бардоштани парчам пешопеши лашкарҳояшон нуфузу эътибори давлати худро намоиш медоданд, парчами имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ифодагари симоии давлати миллати кӯҳанбунёдест, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду рӯ ба инкишоф гомҳои устувор мегузорад.
Барафрохтани Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр рамзу нишони сарбаландии халқи гуногунмиллати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонист, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ дар самтҳои гуногуни ҳаётӣ дастоварду комёбиҳои беназир ба даст овардааст. Сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни давлатдорӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддуну дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони ташаббускор муаррифӣ сохт. «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт», «Бузургдошти Имоми Аъзам», «Ҷашни тамаддуни Ориёӣ», «Симпозиюми тоҷикони ҷаҳон» ва эҳё намудани арзишҳои бузурги ниёкони тоҷик намунае аз ибтикориҳо баҳри муаррифию сарбаландии халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонист. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар фарди Тоҷикистон аст, ки баҳри сарбаландии миллат кори шоёне ба анҷом расонад, то парчами давлати мо боз ҳам баландтар парафшон бошад.
Таъмини ҳуқуқу озодиҳо, шароити кору таълим ва фароҳам сохтани шароити мусоиди баҳри кору ҳаёти шоистаи занон, тарбия ва омодасозии кадрҳо аз ҳисоби духтарон болаёқат ва ғайраҳо намунае аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аст. Ҷавобан ба кумаку дастгириҳо дар арсаи сиёсат бонувони Тоҷикистонро мебояд сазовори боварӣ гардида, баҳри рушду нумуи кишвар, ки мояи ифтихору сарбаландии миллату давлати мост, садоқатмандона кору хизмат намоянд. Давлатҳо бо ибтикори роҳбарони сиёсатмадор, мардумони заҳматкашу нерӯҳои зеҳнӣ ва дигар пешравонаш дар ҷодаҳои гуногун пешрафт намуда, боиси парафшонии парчами давлатиашон дар арсаи дунё мегарданд. Дарвоқеъ, баландии парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ифодагари мақсаду маром ва орзуву ормонҳоест, ки халқи моро ба сӯйи ояндаи нек ва дурахшон раҳнамоӣ менамояд. Ва дар ин ҷода, яъне парафшонии ҷовидонаи парчами давлатии Тоҷикистон ва сарбаландии мардумони он, занон чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа нақши муҳиму созгор дошта метавонанд.
Ҷамолиддин Сайфиддин