Дунёи дигар
Ин орзую ҳавас ва сохтани қасри тиллоии орзуҳо дар бисёр ҳолатҳо то издивоҷ давом мекунад, баъд сар мешавад ЗИНДАГӢ! Ҳаёти воқеӣ дунёи тамоман дигар аст ва сари ҳар қадам навхонадоронро мушкили равонию молӣ пеш меояд ва танҳо он нафаре дар имтиҳони зиндагӣ ғолиб меояд, ки сабру таҳаммулро шиори хеш созад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки сабр ба нобасомониҳои зиндагӣ танҳо кори зан аст, вале ҳаргиз ин тавр нест, мард низ бояд сабур бошад. Дар зиндагии рӯзмарра воқеоти зиёдеро мушоҳида мекунем, ки ошиқони то дирӯз шайдо чун ба ҳам хонадор шуданд, он қадар ба мушкилот фурӯ мераванд, ки дӯстдориҳо дигар барояшон чун хобу хаёле аз гузаштаи дуру ширин менамоянду хотира мешаванд. Наход издивоҷ охири ишқ бошад?
Занги аввал
Дар пешорӯи зиндагии оилавӣ аввалин моҷароҳои оилавӣ байни навхонадорон аз эродҳои оддии ҳамдигар сар мешаванд. Муносибат бо хоҳаршӯ ё хушдоману хусурро мо як сӯ мегузорем. Аввалин саволҳои арӯс дар заминаи рашк пайдо мешаванд: Чаро ту дер ба хона меоӣ? Бо телефон ба кӣ гап мезанӣ? Паёмаки ба телефонат омада аз кӣ буд? Чаро аз ту бӯи атри занона меояд? Чун мард аз фарти ҷавонию ноогоҳӣ ба саволҳои арӯсаш ҷавоби муносиб надода дағалӣ мекунад, сар мешаванд моҷароҳои оилавӣ. Ин «занги аввал» аст, ки шуморо аз буҳронҳои ҳаёти оилавӣ бохабар месозад.
Ҷавонӣ рафт!
Бо гузаштани панҷ- шаш соли зиндагӣ ҷудошавии оилаҳо зиёдтар ба назар мерасад, вале агар ҳамсарон ба машғулияте банд шаванду ҳар ду фақат дар фикри ободони лонаи хеш бошанд, ояндаи хубе онҳоро дар хоҳад буд. Агар не, ҷангу моҷаро онҳоро домангир аст ва бадбахтона, ин ба рӯҳияи фарзандон бетаъсир нахоҳад монд. Фарзандони волидайне, ки аз бемаърифатӣ сояи якдигарро аз девор метарошанд, бетарбия ва асабӣ ба воя мерасанд.
Чароғи хона
Дар ин давраҳои хеле ҳассос зани боандеша «ман»-и худро наҷуста аз пайи пойдории оилааш кушиш мекунад, зеро мардон табиатан ин гуна масъулиятро бар дӯш гирифтан намехоҳанд. Муҳимтарин омили ба даст овардани дили шавҳар ин муносибати хуб бо шавҳар аст. Баъзе занҳо аз шавҳарашон хафа шуда дигар бо эшон гап намезананд, ки ин хатои хеле бузург аст. Барои шумо душвор ҳам бошад, бояд қадами аввалинро дар оштӣ гузоред, зеро солим будани фазои хонадон дар аксари ҳолатҳо аз бонувон бастагӣ дорад. Ҳиссиёти манфиятонро як тараф партоед, зеро танҳо гуфтугӯи ором метавонад масалаҳои оиладориро ҳал кунад.
Ҳамдигарфаҳмӣ
Зану мард бояд интихоби якдигарро дар ҳама бора дастгирӣ кунанд, ҳаргиз фикри худро дар интихоби либос, маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҷиҳози хона аввалину беҳтарин нашуморед. Ба ҳамсар низ иҷозати баёни фикрашро додан лозим аст. Ин яке муҳимтарин омили якдигарфаҳмист, яъне худро аз ҳамсаратон боло ва доно нагузоред. Ин омил танҳо хоси волидайн бояд набошад, дар баъзе ҳолатҳо фикри фарзандонро низ фаҳмидан хуб аст.
Султони қалб
Мардон баъзан ҳайрон мешаванд, ки чаро зани замоне ошиқу шайдои ӯ дигар шудааст? Ҷавоб ба ин савол хеле оддӣ аст. Занони хубро дӯст доред ва барояшон ҳарфҳои муҳаббатомезро дареғ надоред. Зан бояд худро дӯстдору мақбул эҳсос намояд, ба маликаи қалбатон тӯҳфаҳо бахшед, то султони қалбаш боқӣ монед! Кушиш кунед, то ба ҳамдигар лаҳзаҳои шодмонӣ ҳадя созед ва ин кори мушкил нест. Чун аз кор баргаштед, ҳама эҳсоси манфии аз коргоҳу кӯча бардоштаатонро беруни дар гузоред ва бо ханда вориди хона шавед. Ин худ як лаҳзаи шодист, ки шумо ба хонаводаатон мебахшед.
Ишқ намемирад
Барои нигаҳдории ишқ, ин эҳсоси олии инсонӣ талош варзед, ба тамоми каму кости зиндагӣ нигоҳ накарда бо ҳам меҳрубон бошед. Агар аз ҳамдигар малол шудаед, натарсида аввалин шуда бахшиш пурсед ва аз шумо низ бахшиш хоҳанд пурсид. Наздикони ҳамсаратонро ҳурмату эҳтиром намоед, бо онҳо муносибатҳои хуб кунед, ҳатто агар онҳо ба шумо маъқул ҳам набошанд. Охир онҳо оилаи шумо ҳастанд ва шумо ин муносибатҳоро рос дошта оилаатонро ҳифз хоҳед кард! … Ва ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред, дар ҷое, ки меҳру шақату одамгарӣ ҳаст, Ишқ намемирад!
Ҷавҳари Саидназар