– Мисли дигар ҷавонони деҳа бо духтари интихобкардаи падару модар издивоҷ накардам. Замони донишҷӯйӣ ба духтаре аз факултаи ҳамсоя дил бохтам ва баъд аз чанд моҳ ба ман муяйсар гардид, ки бо ӯ дӯст шавам. Ин дӯстӣ зиёда аз як сол идома ёфт ва баъд аз он ба Дилбар (ҳамсарам) изҳори муҳаббат намудам…
Дилбастагии мо ба ҳадде буд, ки вақти таътил рӯзҳо дар назарам ба сол баробар мешуданду дар хона таҳаммулро аз даст медодаму бо баҳонае ба пойтахт меравам гуфта, ба ноҳияи онҳо мерафтам ва коре карда Дилбарро пайдо мекардаму бӯсае меситонидам. Зиндагии мо афсонаеро мемонд, ки хеле ширин буд. Ниҳоят, баъд аз ду сол зодмандонамро розӣ кунонида, ба хонаи онҳо ба хостгорӣ фиристодам.
Баъд аз ҷашни арӯсӣ роҳбарияти факулта ба мо аз хобгоҳи аспирантҳо ҳуҷра ҷудо кард ва тайи ду соли таҳсил рӯзгори хушу пур аз шодӣ пушти сар кардем ва соҳиби духтарчаи зебое шудем.
Донишгоҳро хатам намудем ва маро дар донишгоҳ ба кор пазируфтанд. Ҳамсарам дар мактаб омӯзгор шуд. Дар давоми камтар аз як сол дар чанд идора кор карда, маблағи хона ҷамъ намуда, хонаи якҳуҷрадор харидам. На шаб хобро ба серӣ медидаму на рӯз оромиро. Аммо азбаски ҳамсарамро дӯст медоштам, чанд соати бо ҳам буданамон хастагии маро рафъ месохт ва рӯзи дигар бо неруи тоза ба кор шурӯъ менамудам.
Рӯзҳои истироҳатро бо сайру тамошо, рафтан ба толори синамо ва театр сипарӣ менамудем. Бо даст додани фурсат аз ягон шаҳри таърихӣ ва ё кишвари пешрафта дидан мекардем. Бо зодмандони худам ва ҳамсарам пайваста рафтуомад доштем ва ҳамеша дасти ёрӣ дароз менамудем.
Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,
В –арна нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст, – мегӯянд, ки рост будааст. Нафаҳмидем, ки чӣ гуна марзи 45 –солагиро убур намудем ва соҳиби ду писару ду духтар шудем.
Дар зиндагии хушу саршор аз шодӣ ҳам падидаҳои манфие нуҳуфта будааст. Азбаски аз хурдӣ ба заҳмат одат карда будам, дар ҷараёни зиндагӣ ҳама корро анҷом додам, то ҳамсарам аз чизе танқисӣ накашад ва дар лаҳзаҳои ҳассосу зарурӣ дасти хешу пайвандонашро гирифта тавонад. Ва ба ин мақсад расидам. Ҳамсарам ҳич вақт мушкиле надошт ва ҳамчун зан хушбахт аст.
Аммо намедонам сабаб гузаштани ҷавонӣ бошад ё зиндагии пур аз нишот, ки чанд соли охир ба як шахси танбал ва безавқ табдил ёфтааст. Солҳои пеш дар интихоби либос, ашёи хона ва дигар чизҳо аз маслиҳати ӯ истифода мекардам, зеро хеле хушсалиқа ва завқи баланд дошт. Таровату тамизии хонаи мо ҳамсояҳо ва хешу пайвандонро ҳамеша дар ҳайрат мегузошт. Имрӯз на либос интихоб кардан метавонаду на ҳавсалаи анҷоми кори хонаро дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки духтаронам ҳама вақт корҳои хонаро анҷом медоданд ва танҳо баъд аз издивоҷ намудани онҳо кори хона бар дӯши бонуям вогузор шуд. Бо даст додани фурсат дар таҳияи ғизо ва анҷоми корҳои хона ба вай ёрӣ мерасонам. Аммо дигар дар чашмони ӯ оташакеро намебинам, агар кореро ҳам анҷом диҳад, «сару дилам» ҳаст. Ҳаҷми кораш ҳам чандон зиёд нест, зеро дар сархати зиндагӣ маслиҳат карда будем, ки зиёд машғул набошад ва ба ману фарзандон ва кори хона расидагӣ кунад.
Дар ибтидои кор мушкилро дар муносибат ва рафтори худам меҷӯстам. Фикр менамудам, ки шояд бо рафтори ношоиста ва ё нафаҳмидае дилашро мабодо озурда бошам. Вақте дар рафтори худ мушкиле надидам, бонуямро ба суҳбат кашидам ва сабаб пуридам. Посух дод, ки бо кор ва рафторе ӯро наёзурдаам ва дар фурсати наздик ислоҳ хоҳад шуд. Воқеан, давоми чанд рӯз муносибати ӯ ба хона ва ману писари хурдиамон, ки дар мактаби ибтидоӣ мехонад, тағйир ёфт, вале бо гузашти муддате боз ҳам хоболудӣ ва танбалӣ бар вай ғолиб омад. Эҳтимол хаста шуда бошад гуфтаму мураххасӣ гирифта ӯро бо худ ба истироҳатгоҳи хубу дидание бурдам. Тайи 12 рӯз барояш ҳама корро анҷом додам, то рафъи хастагӣ кунад. Баъд аз чанд рӯзи баргаштан, ба ҳолати аввала баргашт. Роҳи дигарро пеш гирифтам, дар давоми ҳафта чанд маротиба баъд аз кор ӯро ба театру толори синамо мебурдам ва рӯзҳои истироҳат либосу пироҳанҳои зебою шик мехаридам ва шом ҳам аз беҳтарин таомҳои рестуронҳои шаҳр тановул менмудем. Аммо тағйир намеёфт.
Ҷанбаи дигар ва манфии ин тарзи муносибати ӯ ин аст, ки ман бо вуҷуди серкорӣ ҷисман ҳанӯз хеле фаъолам ва шаб дилам хеле мехоҳад, ки бо бонуям бошам. Аммо баъд аз шом ҳамсарамро дар ҷойи нишасташ хоб мебарад ва вақте ба рахтхоб мегузарад, идомаи хоб мебинад. Ҳафтаҳои аввал таҳаммул мекардам ва умед доштам, ки вазъ дер давом нахоҳад кард ва ҳатман андешаи ман ва шабҳои танҳоиям ӯро аз ин варта раҳо хоҳад кард. Бо гузашти моҳҳо ва ниҳоят солҳо ин танҳоӣ маро ба вартаи хатарзои худ мекашад ва бо расидани шом дар худ эҳсоси нигаронӣ мекунам. Ҳама корро кардам, на сухани наку ба кор рафту на зишт ва на хоҳишу на тавалло, дигар ҷойи маро дар оғӯши вай хоб гирифтааст, ё шояд хоб ӯро ба оғӯши хеш гирифтааст. Ман бошам, хоби шабро аз даст додаам. Нигоҳи пур аз меҳр ва лабони сероб аз табассумашро аз даст додаам. Бонуеро аз даст медиҳам, ки барояш зиндагӣ дорам. Дар ин маврид ҳатто фарзандон бо вай борҳо суҳбат намуданд, вале натиҷае ба даст наомад. Дигар манаму танҳоӣ ва боную хоб…
Акнун андешаи зан гирифтанро дӯстон бар ман талқин мекунанд, вале намехоҳам дили шахсеро озурда созам, ки бароям маънии ҳаётро дорад. Вале дар сурати идома ёфтани ин вазъ имкони аз даст додани саломатӣ бароям пеш хоҳад омад. Аз ҷониби дигар, бо ин кор метавонам дили фарзандонамро ранҷонам ва ё онҳо маро нафаҳманду дилсард шаванд. Ба ибораи устод Лоиқ Шералӣ:
Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,
Боз мегӯӣ, ки ҳушёр бош, доман тар макун.
Ҳоло мехоҳам аз хонандагон, ба хусус бонувони гиромӣ бипурсам, ки дар чунин вазъ бояд чӣ кунам? – мепурсад Ардашер.
Мавзӯъ воқеан хеле ҳассос аст ва мехостем дар ин маврид назари мутахассисон ва хонандагони гиромии худро бидонем. Мунтазири посухҳои Шумо хоҳем буд, хонандаи арҷманд.
Эмомалӣ Сайидамирзод