Ба гуфти Соҷида Насруллоева, сокини ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, муносибату афкори носолими мардон нисбат ба бонувон таърихи кадима дошта, дар ҳар давру замон шаклу хусусиятҳои ба худ хосро пайдо мекунад. Дар асри 20 вобаста ба масоили гендерӣ ва муносибатҳои хонаводагӣ ҳазорҳо адад адабиёти илмию бадеӣ таълиф шуда, дар таъмини баробарии гендерӣ дар оила ва пешгирии зӯровари нисбат ба занон дар хонавода саҳми муҳим бозидаанд. Мутаассифона, бо мурури вақт ноадолатӣ нисбат ба занон ва поймолшавии ҳукуқҳои онҳо аз ҷониби шавҳаронашон хусусиятҳои нав пайдо мекунанд. Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки дар муҳити русто, гарчанде занон вазифаву масъулиятҳои вазнини хонаводаро ба уҳда доранд, аммо дар тасмимгириҳои хонаводагӣ афкору мавқеи онҳо ба инобат гирифта намешаванд.
Гулдаста Мирзоева, сокини ноҳияи Вахш иброз медорад, ки дар асл занони хонашин нисбат ба ҳамсароне, ки корҳои музднок доранд, ба хонавода даромаду манфиати бештар меоранд. Фарқ миёни саҳми зану мард дар пешбурди зиндагӣ ин аст, ки сарвари оила касбу кори музднок дошта, ба буҷети хонавода даромад меорад, аммо занони хонашин корҳои хонаводаро иҷро мекунанд, ки бемузданд.
- Ҳамин тавр, аксари сарварони оила, ба хусус мардони бесавод худро таъмингари рӯзгори хонавода дониста, нақшу заҳмати ноаёни занонро дар таъминоти рӯзгор нодида мегиранд. Дар ин маврид занони таҳсилнодида низ зарфиятҳои иҷтимоӣ ва саҳму заҳмати ройгони худро дар ободию пешрафти оила дарк карда наметавонанд.
Арзишу аҳамияти оиладорӣ ва нақши боризи онро дар ҳаёти башарӣ онҳое хубтар дарк мекунанд, ки бо сабабҳои гуногун аз ҳаёти оилавӣ дар канор мондаанд ва ё бо хатову иштибоҳе оилаҳои худро аз даст додаанд, - мегӯяд Қиёмиддин Хуршедов сокини шаҳри Душанбе.
Дар хонаводаи сарватманду маълумоти олидор ба воя расида, бо машварати зодмандон ба рустоидухтаре аз хешовандони модарам оила барпо кардам. Ҳамсарамро, ки маълумоти олӣ надошт, лоиқи ҳамсари ман буданро надорӣ гуфта, ҳамеша таънаву маломат мекардам. Аммо ин зани шармгину итоаткор бар хилофи дашному ҳарфҳои аз ман шунидааш, сархамию хомӯширо ихтиёр мекард, ки ин хашму ғазабамро нисбат ба ӯ меафзуд, нақл мекунад Қиёмиддин. – Мутаассифона, танҳо баъди аз ҳамсарам ҷудо шудан дарк кардам, ки Фирӯзаи ҳунарманду хоксор ва парҳезгору шармгин танҳо ба хотири ҳифзи оилаамон ҳама зулму ситамкориҳои маро таҳаммул мекардааст. Аммо мани гумроҳ зери таъсири суханҳои баъзе хешовандонам аз ҳамсари хоксору ҳалимам ҷудо шудаму бо зани соҳибкасбу ҷаҳондидае издивоҷ кардам. Гарчанде иштибоҳамро сари вақт дарк намуда будам, аммо ба хотири дубора хонавайрон нашудан сабр мекардам. Тӯли ҳаёти оилавӣ бо зане, ки ба хотири сарвату обурӯям ҳамсарии маро қабул кардааст, пайваста маро ба ёди ҳаёти гузаштаам мебурд. Зеро бинобар саркашию надоштани малакаи кадбонуии он зан бештар вақт дар ошхонаву тарабхонаҳо хӯрок мехӯрдаму моҳе 300 -400 сомонӣ барои тамизи либосҳоям дар дукони либосшӯӣ масраф мешуд.
Ҳамин тавр, аз ҳамсари дуюмам низ ҷудо шуда хоҳони барқарор кардани оилаи аввалро дорам, аммо намедонам, ки ӯ маро бахшида дубора ҳамсарии маро қабул мекарда бошад.
Аз таҳлилу омӯзишҳои масоили хонаводагӣ бармеоянд, ки дар ҳифзу ободии хонавода занони хонашин на камтар аз сарварони оила нақшу саҳми арзанда доранд. Зеро агар нону хӯрокпазӣ, либосшӯӣ, тарбияи тифлону тамизи хона ва дигар корҳои хонаводагиро бо арзишҳои хизматрасонии пулакӣ нархгузорӣ намоем, маблағеро ташкил медиҳад, ки аз музди маоши баъзе мардон ҳам зиёд аст. Аз ин рӯ, дар ҳаёти оилавӣ, ки барои инсон арзиши муқаддас маҳсуб меёбад, мардонро заковату дуррандешӣ мебояд. Ба хусус, дар муносибат бо ҳамсар – модароне, ки насли ӯро ба дунё оварда, тарбия ва ба воя мерасонанд. Зеро таваллуду ба воя расонидан фарзанд, худ рисолати бузургу муқаддасест, ки занро назди офаридгору башарият азизу муътабар сохтааст.
Ҷамолиддин Сайфидинов