Аз нақли мусоҳибони мо, ки дар миёнашон арӯсони оилаҳои сарватмандону мансабдорон низ ҳастанд, чунин бармеояд, ки сабабгори хушунат нисбат ба занон дар оила на вазъи иҷтимоӣ, балки бесаводию фарҳанги костаи сарварони хонаводаҳост. Зебогул исми мустаори як бонуи рустои Хатлон аст, ки ба хотири ҳифзи оилааш нахост номаш ифшо шавад. - Хушбахтии оилавии мо ҳамагӣ 5-6 моҳ давом кард, ҳарчанд аз рӯзҳои аввали зиндагӣ дар хонаи хусуру хушдоман шоҳиди беқадрию поймолшавии ҳуқуқҳои дигар келинҳои хона мешудам. Падарам ба хотири иртиботи дӯстонааш бо мансабдори сарватманде тақдири маро ба оилае пайваст, ки маданияту фарҳанги зиндагӣ он сӯ истад, аз қонуну қоидаҳои диниву дунявӣ огаҳӣ надоштанд.
Солҳои аввал бадрафториҳои хушдоманро нисбат ба келинҳо дида, фикр мекардам, ки ин кампир гирифтори бемории руҳӣ аст, - ба хотир меорад он рӯзҳоро ӯ.– Дар ҳаёти мустақилона бо шавҳари бадгуфтору бадсиришт хулқу атвори ин зани дар гузашта таҳсилнодида ба ҳадде коҳиш ёфтааст, ки зӯроварии писаронашро нисбат ба келинҳо дида, мегуфт: «Офарин, марди ҳақиқӣ бояд ҳамин тавр бошад».
«Сарвари хона, ки ӯро раис ном мебурданд, дар ҳуҷраи алоҳида тановул мекард. Хушдоманам бо фарзандонаш дар хонаи алоҳида менишастанду дастархони мо келинҳо ва тифлонамон алоҳида буд».
- Муносибати ғайриинсонӣ бо арӯсҳо на аз мушкили иқтисодӣ, балки як одати маъмулии хонаводаи шавҳарам аст, - нақл мекунад Зебогул. – Боре мо, келинҳо, барои кабкҳои раис писта мағз мекардем. Хушдоманам аз равзанаи ошхона пистахӯрии арӯси хурдиро пойида, ӯро ончунон чӯбшап кард, ки баъди чанд рӯзи беморӣ тифли батнаш исқот шуд.
Зебогул мегӯяд, ки сабабгори бадбахтии мо, арӯсони ин оила, падарҳоямон мебошанд, ки хонавайрон шудани моро боиси коста шудани обурӯйи худ шумурда, зулму зӯроварии домоду қудоҳояшонро нисбат ба духтарони худ нодида мегиранд. - Соли аввали оиладорӣ фикр доштам, ки баъди фарзанддор шудан муносибати хонаводаи шавҳар бо ман тағйир меёбад. Аммо баръакс, ба хусус баъди он ки падарам аз вазифа рафт, шавҳарам маро пайваста лату кӯб карда мегуфт; «Аз хона дафъ шав. Тӯ бесоҳиб лоиқи ҳамсарии маро надорӣ». Гарчанде панди зодмандонро гирифта, ба ҳама азобҳои ҷисмонию руҳӣ тоқат мекардам, вале як рӯз онҳо маро аз дарвозаи хонаашон бароварда пеш карданд.
Зодмандон аз хонавайрон шудани ӯ сахт андӯҳгин буданд, аммо Зебогул хурсанд буд, ки оқибат аз азобу шиканҷаи ваҳшиёнаи ҳамсару хонаводаи ӯ раҳо ёфт. - Мутаассифона, озодии ман дер давом накард, зеро падарам ба вазифаи нав таъйин шуду падари шавҳарам бо дахолати роҳбарони воломақом ману ду тифламро дубора ба хонаашон баргардонд.
Афсӯс, ки зорию таваллоям барои барнагаштан ба ин даҳшатхона назди ҳукми падар; «Ба хотири фарзандонат бояд ба хонаи шавҳар баргардӣ», қурбе надошт. Аз ин баъд, ба хотири мақоми падараш Зебогулро дар хонаи шавҳар лату кӯб намекунанд, аммо ӯ дигар ба меҳру садоқати шавҳар ва хушомадгӯиҳои зодмандони ӯ бовару эътимод надорад. -Дар чаҳор соли оиладорӣ эҳсос кардаам, ки меҳру муҳаббати онҳо нисбат ба ман ба хотири духтари мансабдор буданам аст. Зеро борҳо ба хотири иртиботи хешутаборӣ аз кумаку дастгириҳои падарам истифода мекунанд. Аммо баъди ба нафақа баромадани падарам аҳволи ману фарзандонам чӣ мешуда бошад, намедонам, - мегӯяд Зебогул.
Чунин мисолҳо аз ҳаёти бонувони ҳуқуқҳояш поймолшуда зиёд аст. Зӯроварӣ дар ҳар оила хусусиятҳои гуногуни худро дорад. Агар иддае аз мардҳо ҳамсарони худро пайваста дашномҳои қабеҳ дода, лату кӯб намоянд, дар баъзе хонаводаҳо занон аз оддитарин ҳуқуқҳои иҷтимоии хеш бархӯрдор нестанд, ки ин ҳам оризаҳои зӯроварӣ дар оила мебошад. Баъзан мушоҳида мешавад, ки баъди пошхӯрии оилае модару кӯдаконаш дар кӯча мемонанду мард дар хонаву моликияти ба зану фарзандонаш тааллуқдошта оилаи нав бунёд мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо, ҳатто занонро аз фарзандони ноболиғ маҳрум мекунанд.
Чанде пеш сокини шаҳри Кӯлоб зимни муроҷиати телефонӣ ба идораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» чунин иброз дошт: «Агар ҷараёни бекоркунии ақди никоҳи шаҳрвандон дар доираи қонунҳои мавҷуда сурат гирифта, барои сабабгорони пошхӯрии оила ҷаримаҳои ҳангуфт муқаррар карда шаванд, сатҳи азҳампошхӯрии оилаҳо баробар коҳиш меёбанд».
Ба гуфти мусоҳиби мо, бемасъулиятии мардон дар ҳифзу суботи оила ва тақдири минбаъдаи фарзандони сағири онҳо сабаби асосии бисёрникоҳӣ ва афзоиши теъдоди тифлони ятим шуда истодааст. - Хуб мешуд, боҷи бекоркунии ақди никоҳро чанд баробар баланд бардошта, нисбат ба сабабгорони ҷудошавии оилаҳо ҷазо ва ҷаримаҳои ҷиддитар муқаррар карда шаванд. Барои он ки оилаи солим бунёд намоем, шуруъ аз интихоби ҳамсар ва дигар расму анъанаҳои баргузории тӯйҳо то муносибатҳои минбаъдаи оилавӣ, харҷи беҳудаву дигар камбудиҳои зиёд дорем, - мегӯянд занони аз шавҳар ҷудошуда.
Гуфта мешавад, ки омили муҳими пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳо ва дигар мушкилоти хонаводагӣ ин назорати иҷроиши Қонунҳо «Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими расму оинҳо ва маъракаҳои мардумӣ» ва риояи онҳо аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Мутаассифона, сокинон ба азбар намудани донишҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ надоранд, вагарна ҳар сокини кишвар ҳуқуқ дорад, ки аз ваколатдорони иҷроиши қонунҳо дар сатҳи маҳал рафти назорату иҷроиши онҳоро талаб намояд. Ҳамин тавр, бо паст будани маърифати ҳуқуқии сокинон ва назорати сусти иҷроиши қонун аз тарафи масъулон дар сатҳи маҳал мушкилиҳои зикргардида ҳалли худро пайдо намекунанд.
Ҷамолиддин Сайфиддин