Чандин бор бо хушдоманам дар ин маврид суҳбат намудам ва ба ӯ фаҳмонидам, ки бароям хеле нохушоянд ва нохуб аст, миёни мардҳои маст рафтану рӯбучин кардан. Аммо ба ҷойи ислоҳи кор ӯ ба ман посух медод, ки шавҳараи вай низ чунин одат доштааст ва ман бояд тоқат кунам. Бо гузашти вақт ҳомила шудам ва вақте тифли батнам 6 –моҳа буд, шавҳарам бо баҳонаи кор берун аз Тоҷикистон рафт. Муддати се моҳ аз ӯ на хабаре шуд ва на ёрие расид. Хушдоманам ба хонаи писари калониаш рафт. Барои харидории маводи аввалия чанд бор ба падару модарам муроҷиат намудам, хушдоману бародарони шавҳарам боре суроғ накарданд, ки чӣ ҳол дораму чӣ мехӯрам. Ночор ба хонаи падар баргаштам.
Духтарчаам ба дунё омад ва ҳама харҷи мавҷударо волидонам анҷом доданд. Авлоди шавҳар ҳатто ба таваллудхона наомаданд. Баъд аз панҷмоҳа шудани тифлам шавҳарам ба Душанбе баргашту бо модару бародарбузургаш ба хонаи падару модарам омаданд ва тақозои баргаштанамро намуданд. Падарам аз чунин муносибати онҳо дилсард шудаву намехост, ки зиндагиамро бо шавҳарам идома диҳам. Аммо модарам хушбахтиро дар сабру таҳаммул медонист ва маро бо онҳо ба хонаам бурд. Фикр мекардам, баъд аз чунин муносибат рафтори онҳо тағйир меёбаду зиндагиам ба як маром меояд. Аммо бо гузашти чанд ҳафта ҳаёти аввалаам такрор ёфт. Шавҳарам рӯздармиён бо рафиқону бародаронаш ба хона меомаду шаробнӯшӣ мекард. Хушдоман бошад, ба ҷойи каме кумак расонидан, худро канор мегирифт ва ба гиряҳои духтарчаам умуман аҳамият намедод. Ниҳоят кор ба он анҷомид, ки тифл шамол хӯрду ба бемористон афтид. Вақте рӯихати доруву сӯзандоруҳоро ба хушдоманам додам, ба он назаре карду ба дасти шавҳарам дод. Ӯ дар навбати худ гуфт, ки пул надорад. Маҷур шудам боз ба падарам муроҷиат наоям. Падар доруҳоро харид карду ба назди духтурон рафт ва баъд аз суҳбати ӯ муносибати онҳо дигар гашт. Бо гузашти даҳ рӯз духтарчаам сиҳатшуду ба хонаам баргаштам. Шавҳаре, ки барои харидани доруи нахустфарзандаш пул надошт, барои хариди гӯшту арақ ҳар рӯз маблағ пайдо мекард ва ба саломатии ману фарзандаш аҳамият намедод. Чанд маротибаи дигар ба хушдоманам, ки бо мо дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекард, муроҷиат намудам, аммо натиҷае ба даст наомад. Ниҳоят, аз чунин зиндагии берангу бемаънӣ дилам гирифт ва ба хонаи падар баргаштам. Дигар ба хонаам барнамегардам. Агар шавҳардорию зиндагӣ ҳамин бошад, аз он безор шудам. Ба кор медарояму бо мадади волидонам духтарчаамро калон мекунам», – мегӯяд ӯ.
Зиндагии Замира куллан дигар аст. Ба қавле гули хӯрокро мехӯрду либоси беҳтаринро мерпӯшид. Бо тақозои падару модар баъд аз хатми донишгоҳ ба шавҳар баромад. Дур не, дар маҳаллаи худашон ба оилае келин шуд, ки зиёинамо буд. Эҳтимол волидон ба зоҳири ин оила нигоҳ карда иштибоҳ намуданд ва шояд ғалати дигар ҷавонии падару модар буд, ки дар ин кор таҷрибае надоштанд. «Вақте ба ин оила омадам, утоқи кучакеро бароям ҷудо карданд ва намедонистам мебелу қолинҳои овардаамро дар куҷо монам. Муваққатан онро дар утоқи хушдоманкалонам ҷо кардем. Бо аҳли олиа шинос шудаму ба гуфте ҳуш аз сарам парид. Дар як манзили сеҳуҷрадор падару модари шавҳарам, ду духтари қадраси онҳо, фарзанди калонӣ бо зану се фарзанд ва хушдоманкалон зиндагӣ менамуданд. Аз хонаи орому осуда ва аз ҳама ҷиҳат таъмин ба манзиле омадам, ки садои хархашаву ҷанҷол то як поси шаб идома меёфт. Дар рӯз се бор хӯрок мепӯхтаму шикамам доим гурусна буд. Иштиҳои кушода доштанду тарбия не, вақти хӯроккашӣ ҳатто намепурсиданд, ки келини тоза ба хона омада ва серкор боре таом хӯрдааст ё не. Илова бар ин, аз даҳони онҳо ҳич вақт сухани хуше намебаромад. Бо ҳам дағалона гуфтугӯ мекарданд ва сақатгӯйӣ барои онҳо меъёр шуда буд. Аз серкорӣ ва хастагӣ мисли бемор роҳ мегаштам.
Ин ҳол то вақте идома кард, ки падар барои аҳволпурсӣ ба хонаам омад. Вазъро диду карахт шуд. Шояд то ин вақт тасаввур ҳам намекард, ки духтари бо ноз парвардаи худро ба чӣ оилае додааст?!
Рӯзи дигар бо падаршавҳарам суҳаби тӯлонӣ ва ҷиддие сурат гирифт. Садои падаршавҳарам ба гӯш мерасид, ки мегуфт: «Шароити ман ҳамин аст». Падарам мегуфт, ки «Оё ба ман нагуфтӣ, ки барои писари хурдӣ хона харидааму баъд аз чанд моҳ онҳоро ҷудо мекунам».
Маълум буд, ки падарамро фиреб додаанд. Ӯ ба чунин шароит тоб наоварду хонаи барои додарам харидаро ба мо дод. Мустақил шудем, вале дари бахт ба рӯямон боз нашуд. Шавҳарам ҳафт хоҳар доштааст ва панҷ нафари онҳо шавҳар доштанд. Онҳо рӯздармиён бо фарзандону шавҳаронашон ба хонаи мо меомаданд ва чанд рӯз «меҳмон» мешуданд. Баъд аз рафтани онҳо хонаро ҷорӯб накашида, падару модараш меомаданд ва шикоят мекарданд, ки аз садои набераҳо хаста шудаанд ва чанд рӯзе меҳмон хоҳанд шуд, то рафъи хастагӣ намоянд. Лаб ба шикоят во намекардам, агар шавҳарам ҷавони корчалон мебуду хонаро таъмин мекард. Маоше, ки ӯ меовард, барои панҷ рӯз намерасид. Аммо барои қабулу гусели хоҳарону бародару волидону аммаву холаҳои ӯ маблағи калоне лозим буд. Чанд моҳи аввал аз падару модарам пул мепурсидам ва онҳо ҳам фикр мекарданд, ки ин маблағ барои сару сомон додани рӯзғор аст. Ман бошам, он маблағро ба дасти шавҳарам медодам, то маҳсулоти пазироии хешовандонашро таҳия созад.
Бо гузашти вақт эҳсос намудам, ки ин тарзи зиндагӣ идома хоҳад ёфт ва ин мардум ба мисли магас бар бадани мо часпидаанд ва шавҳарам ҳам барои тағйири кор талоше нахоҳад кард. Ноилоҷ боз бо падар гуфтугӯ кардам. Ба назди қудо рафт ва баъд аз баргаштан ба ман гуфт: «Духтарам, ин тарзи зиндагӣ дер идома намеёбад. Ман наметавонам барои як авлоди бузурге ҳар рӯз ҷашн барпо кунам. Бояд зиндагии фарзандони дигарамро сомон диҳам. Худат бояд ба хулосае бирасӣ».
Дидам, ки намешавад, хати талоқ гирифтаму ба хонаи падар баргаштам ва ба кор баромадам. Ҳоло худамро таъмин мекунам ва дастам мерасад, то барои наздиконам кумак кунам. Хонаро ба додарам баргардонидам. Агар Худо насиб карда бошад, бахтамро меёбам, аммо дигарбора фиреби чунин шавҳардориро намехӯрам», – ибрози андеша менамояд ҳамсуҳбатам.
Аксаран суҳбат сари он меравад, ки волидон фарзандони худро барои зиндагии мустақил омода намекунанд ва бо пеш омадани нахустин мушкилот духтарон ба хонаи падар бармегарданд. Аз мисолҳои боло бармеояд, ки мо аксаран ба як паҳлуи масъала таваҷҷуҳ кардаем ва ҷанбаи дигар онро канор гузоштаем.
Ҳоло бо дар ихтиёр доштани назари чанд нафаре, ки аз шавҳар канор ҷустаанд, аз хонандагони сомонаи худ хоҳиш дорем, ки назари худро пиромуни ин масъала иброз доранд.
Шумо чӣ назар доред, хонандагони гиромӣ?
Эмомалӣ Сайидамирзод