-Кадом намудҳои зӯроварӣ дар оилаҳо вуҷуд доранд, ки боиси низоъҳои оилавӣ мегарданд?
- Дар аксарияти оилаҳои пошхӯрда мо зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодиро мушоҳида мекунем.
-Таҳти мафҳуми «зуроварии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар оила» чиро мефаҳмем?
-Зӯроварии ҷисмонӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбати дигар узви оила, аст, яъне задану зарари ҷисмонӣ рпасондан. Зӯроварии рӯҳӣ бошад, таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задании шаъну эътибори як узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб (шантаж) ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое,ки барои саломатӣ хавфноканд, инчунин дигар амалҳои ба ҳамин монанд, ки дар натиҷа ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ,ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад.
-Мубориза бар зиддӣ зӯроварӣ чӣ гуна сурат мегирад?
-Оила,ки асоси ҷамъият аст, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дошта, қабл аз ҳама ташакулёбии шахсият дар рӯҳияи гуманистӣ,эҳтиром ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобаста аст. Зӯроварӣ дар оила ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои шахсият,ҷамъият ва давлат хавфнок мебошад.Он хилофи раванди таълиму тарбия ва арзишҳои милливу умумибашар буда, ба талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва замони муосир ягон умумият ва иртиботе надошта, метавонад ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин, зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири равонӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намоянд.
–Алайҳи зӯроварӣ кадом тадбирҳо бояд андешида шаванд?
-Бар зидди зӯроварӣ дар оила бояд мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,корхона,муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон бояд чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамагуна зӯровариро дар оила чӣ тавр бояд пешгирӣ намуд? -Пешгирии зӯроварӣ дар оила ин маҷмӯи чораҳои ҳӯқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилӣ аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила мебошад, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиятҳои қонунии инсон ва шаҳрванд ҷиҳати роҳ надодан ба зӯроварӣ дар оила, инчунин муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои барои содир намудани он мусоидаткунанда равона шудаанд. Ин рисолат ба зимаи сарвари хонавода аст.
-Киро шахси дар оила аз зӯроварӣ ҷабрдида меноманд?
-Узви оилае, ки ба ӯ аз ҷониби дигар узви оила қасдан зарари ҷисмонӣ, маънавӣ ё моддӣ расонида шудааст, шахси аз зӯроварӣ дар оила ҷабрдида меноманд.
-Шахси ҷабрдида кадом ҳуқуқҳоро дорад?
-Шахси аз зӯроварӣ дар оила ҷабрдида ҳуқуқҳои зеринро дорад:
-гирифтани кӯмаки тиббӣ, равонӣ,ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ;
-бо розигии хаттиаш ҷойгир шудан дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон;
-гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва дигар иттилоот оид ба ҳифзи амнияташ;
- муроҷиат намудан ба мақомоти худфаолиятӣ ҷамъиятӣ аз болои шахси хушунаткарда;
-дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахси дар оила ба зӯроварӣ дастзада ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Ташаккур барои сӯҳбат.
Зебо Давлатзода, Душанбе-Роғун