Оила ва касб ин ду мафҳум дар афкори ҷомеаи хурофотӣ дар як қолаб намеғунҷад, - мегӯяд Ситорамоҳ Қаюмова, омӯзгоре аз навоҳии дурдасти куҳистон. - Ҳатто идеологияи Шӯравии абарқудрат, ки ба фаранҷипартоии занони Шарқ замина гузошт, натавонист афкори қолабии баъзе хонаводаҳои Осиёи Миёнаро дар мавриди «Ё оила ё касб» дигар намояд. Аз ин рӯ, то кунун баъзе духтарон баъди хатми маълумоти миёнаи умумӣ ,ба хотири ба шавҳар баромадан, аз таҳсил дар мактабҳои олӣ худдорӣ мекунанд. Албатта, ин тасмимҳо бе таъсири муҳити оилаҳо ва дахолати зодмандон гирифта намешаванд. Ҳол онки, бо мурури замон шароити иҷтимоӣ тақозо дорад, то зан - модар дар баробари таваллуду тарбияи фарзанд ва дигар масъулияти хонаводагӣ дар пешбурди рӯзгор ва таъмини буҷети оила низ саҳим бошад. Муқоисаи вазъи иҷтимоии оилаҳое, ки дар он зану шавҳар соҳиби касбу коранд, нисбат ба хонаводаҳои занонаш хонашин, бозгӯи ин гуфтаҳост. Сокинони табақаҳои мухталифи ҷомеа омилҳои аз байн нарафтани монеъшавии баъзе зодмандонро дар мавриди илму касбомӯзии духтарон гуногун шарҳ медиҳанд.
Тақдиру ояндаи духтарони русто аз зодмандон вобастагии зиёд дорад, - иброз медорад, сокини ноҳияи Восеъ Ҳанифа Раҳимзода. – Зеро афкору ҷаҳонбинии насли ҷавон аз оила ва муҳити деҳи зодгоҳаш ташаккул ёфта, хоса духтарони болиғ дар идомаи таҳсил ва ташкили оила андешаву тасмимҳои зодмандонро ҳатмӣ мешуморанд. Мутаассифона, насли калонсоли русто оид ба равандҳои иҷтимоӣ ва таъсири он ба ояндаи ҷомеа маълумот кофӣ надоранд. Зодмандон бояд дурандеш бошанд, ки замони хонашинии бонувон гузаштааст ва яке аз омилҳои асосии беҳдошти сатҳи иҷтимоии оилаҳо фаъолияти касбии занон дар корҳои ҷамъиятӣ аст.
Дар ҳамин зимн, ба гуфти Гулподшоҳ, як нафар сокини ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, мардум аз таҷрибаи рӯзгор дарк намуда истодаанд, ки надоштани касбу ҳунар на танҳо мушкили фардии зан, балки масъалаи ҳалталаби оила ва ҷомеа ба шумор меравад. Чунки занон ба ҷуз масъулияти модарӣ вазифаҳои зиёду муҳими хонаводаро ба зима доранд. Аз ин сабаб, падару модарон дар мадди аввал дар фикри касбу ҳунаромӯзии духтарон бошанд, на ин ки ба синни никоҳ расонида, ба шавҳар додани онҳо. Вагарна, аксар ҳолатҳои бармаҳал ба шавҳар баромадани духтарон ба пошхӯрии оилаҳои онҳо фарҷом ёфта, мушкилоти хонаводаҳоро печидатар мегарданд.
Розия Ҳусниддиноваро баъди хатми синфи 11 зодмандонаш маҷбурӣ ба шавҳар доданд. -Падарам ба хотири хурсандию ормонҳои лаҳзаинааш маро, ки фарзанди аз ҳама калони оила будам, дар синни 18 ба шавҳар дод. Рӯзи тӯй ҳама хурсандӣ мекарданду мани орзуву ормонҳоям барбодрафта, зери чодар мотам доштам, - нақл мекунад ӯ. - Баҳсу мунозираҳои мо баъди ду-се моҳи аввали навхонадориамон оғоз шуда, давоми се соли оиладорӣ ҳаёти тоқатнопазир доштем. Аз вақте бо ду тифл ба хонаи зодмандонам баргаштаам, гӯиё ба ҳамааш ман гунаҳгор бошам, ки ҳамеша таънаи атрофиёнро мешунавам. Шояд иштибоҳам дар зиндагӣ ин буд, ки хостаи падарро бобати арӯси бародарзодаи ӯ шудан, рад карда натавонистам. Сабаби бадбахтиҳои оилавӣ бесаводию камтаҷрибагиам буд, ки ба қавли хусуру хушдоман аз уҳдаи корҳои хонаводагӣ намебаромадаам. Охир, модару бибиам нону хӯрокпазӣ, одобу дигар малакаҳои оиладориро вақте ба ман омӯхтанӣ шуданд, ки аллакай хостгорҳоям омада буданд. Ростӣ, дар муддати як - якуним моҳ на ҳама нозукиҳои хонадориро омӯхта мешавад.
Ба гуфти Розиябону натанҳо ҷавонон, балки насли бузургсоли ҷомеаи мо ба омӯзиши одобу маърифати оиладорӣ эҳтиёҷ доранд, зеро ба ҷойи ислоҳу тарбияи дурусти навхонадорон, баъзе хушдоманҳо талаботеро ба миён мегузоранд, ки навхонадорон ба он омода нестанд. Аз ин рӯ, дарси маърифати оиладориро натанҳо ба мактаббачагон, балки ба зодмандони оилаҳои ҷавон низ омӯхт.
Ба гуфти мусоҳибони мо, сабабгори асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон зодмандонанд. Агар хусуру хушдоман ба келинҳо мисли духтари хеш рафтору муносибат намоянд, кулли мушкилу масъалаҳои наварӯсон дар хонаи шавҳар ҳалли худро меёбанд, - мегӯянд зодмандон. – Баъдан, ҷомеаро бояд аз урфу оддатҳои қолабӣ раҳо намуд, то зодмандон касбу ҳунаромӯзии духтаронро масъулияти аввалиндараҷаи худ шумурда, фарзандонро соҳибмаълумот хонадор намоянд.
Албатта, сокинони рустои кишвар бо мурури замон ба дарки муҳимияти илму донишандӯзии фарзандон хоҳанд расид, вале ин равандро дар ҷомеа суръат бахшидан вазифаи зиёиёну фаъолони ҷомеа ва воситаҳои ахбори умуми кишвар аст.
Аз маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ду соли охир теъдоди довталабони мактабҳои олии кишвар афзудааст, ки дар байни онҳо шумораи духтарони рустои дурдаст ба маротиб низ зиёдаст. Тибқи иттилои манбаъ, имсол 72 ҳазору 735 нафар ҷавонон ба муассисаҳои олию миёнаи махсуси касбомӯзӣ ҳуҷҷат супурда буданд, ки аз ин шумора ҳудуди 53 ҳазор нафар донишҷӯй шудаанд.
Хулоса, ҷалби ҷавонон, хоса духтарон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои касбомӯзӣ, кори дастаҷамъонест, ки дар иҷроиши он бояд аз сатҳи оила, фаъолони маҳал, омӯзгорону масъулони дастгоҳи идеологии мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ саҳмгузору эҳсоси масъулият дошта бошанд. Вагарна, вазъи феълии бештари хонаводаҳо ва раванди пошхӯрии оилаҳои ҷавон оқибатҳои сангин ба бор меоварад, ки баъзе ангезаҳои он аён шудан доранд.
Ҷамолиддин Сайфиддин