«Ҳоло ҳама волидон дарк кардаанд, ки бе донистани забони давлатӣ онҳо наметавонанд, имтиҳоноти тестиро бо муваффақият супоранду донишҷӯ шаванд, дар олимпиадаҳои фаннии шаҳрию вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзанд,- мегӯяд Раъно Қӯшнаевна. – Гузашта аз ин, коргузорӣ дар ҳама муассисаҳо бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст ва онҳое, ки сарфу наҳви забони тоҷикиро хуб намедонанд, мумкин аст дар фаъолияти худ ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд. Мусаллам аст, ки хизматчиёни давлатӣ бояд забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ аз бар намоянд. Омӯзгорон низ бояд забони давлатиро хуб донанд. Имсол дар бахши мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии шумораи 2-и шаҳри Истиқлол дар деҳаи Таҳмоҳ, ки аҳолияш асосан ӯзбекҳо мебошанд, бо хоҳиши волидон таълим дар синфи якум пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуд. Ба хушбахтии волидону кӯдакон имсол аз ҳамсоядеҳаи Консой муаллимае ба деҳаи Таҳмоҳ арӯс шуда омад, ки таҳсилоти Донигоҳиро бо забони давлатӣ хатм кардааст».
Алҳол дар мактаби миёнаи шумораи 2-и шаҳри Истиқлол 575 нафар толибилмон таҳсил мекунанд, ки аксарияти онҳоро ӯзбекзабонҳо ташкил медиҳанд.Ба онҳо чиҳил нафар омӯзгорони миллаташон ӯзбеку тоҷику рус дарс медиҳанд.
Бояд таъкид кард, ки шаҳри Истиқлол макони зисти миллатҳои гуногун буда, ҳама чун узви як хонадон аҳлона зиндагӣ мекунанд. Азҷумла, волидайни Раъно Исақова низ аз ӯзбекҳои маҳаллӣ ба шумор рафта, ҳама панҷ нафар фарзандонаш дорои маълумоти олӣ мебошанд. Худи Раъно Қӯшнаевна бахши молшиносии Техникуми Чкалов( Шоҳкант) ва риштаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст. Ӯ дорандаи ифтихорномаи раиси вилоят ва вакили Маҷлиси шаҳрӣ ба шумор меравад. Писаронаш дорои маълумоти олии тиббӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Духтари ягонааш Динара, толибилми синфи даҳум буда, орзу дорад ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шомил шавад.
Тилав Расулзода