Бирав ба ёр бигӯ, маё ба дидаи ман,
Ҷазире, ки макони ту буд об гирифт.
Баъзан аз зеҳнам андешае русух менамуд, ки шояд ин обест, ки тайи 33 сол бо ҳам хӯрдаем?!
Дӯстие, ки ба бародарӣ гузашт
Ман бо Акбари Саттор замони абитурентӣ (соли 1982) шинос шудам. Ин давраи покии андешаву қалб, замони шӯру шавқи ҷавонӣ, даврони илм андӯхтан ва ковишу шахсият шуданамон буд. Азбаски роҳ то Даврвозу Бойсун хеле дур буд, рӯзи шанбе баъд аз дарс бо Боймуроду Равшан ба деҳаи Мортепа, ба хонаи падари Акбар–Ҳоҷӣ Қурбоналӣ (ёдаш ба хайр) мерафтем. Падару модар ва бародарони Акбар Ману Равшану Боймуродро мисли фарзанду бародар пазироӣ мекарданд. Бо ҳам то рӯзи душанбе алаф медаравидем, гӯштӣ мегирифтем, китоб мехондем ва нахустин номаҳои ошиқонаро менигоштем…
Тайи панҷ соли донишҷӯйӣ падару модари Акбар ва Боймурод Шарифзода (аз деҳаи Элоки Файзобод) моро ҳамчун фарзанд дӯст медоштанд ва бо ҳар дидор ба оғӯш мегирифтанду шодӣ мекарданд.
Дар аёдати бемор
Баъд аз хатми курси савум Акбару Равшан барои идомаи таҳсил ба шаҳри Санкт Петербург рафтанду баъд аз чанде падари Акбар мариз шуд ва ӯро дар бемористони ноҳияи Ҳисор бистарӣ карданд. Бо Боймурод ба аёдати падар рафтем. Мисли ҳамешагӣ моро падарвор ба оғӯш гирифту баъд аз пурсу пос ба покети дастамон нигоҳ карду пурсид, ки чӣ овардем. Нону меваро рӯйи миз гузоштем. Чеҳраааш ҷиддият гирифту каме қаҳролуд гуфт: «Ҳанӯз ҳам бачаҳои баақл нашудаед. Наход аз Душанбе ба Ҳисор нону мева биоред? Мегӯянд, ки китоби нави Акбар Турсун «Қирони саъд» чоп шудааст. Намешуд, ки дар ин пул китобро харида меовардед. Аз рӯзе, ки бо шумо шинос шудам, ба мутолиаи китоб дил бастам. Маро бе китоб намонед!»
Воқеан, ҳарфаш дуруст буд. Барои таъмини оила бо мошини «автолавка» тамоми ноҳияҳои гирду атрофи пойтахтва навоҳии ҳамарзи Ӯзбекистонро чарх мезад. Эҳтимоли қавӣ ин аст, ки ӯ дар қалбаш гавҳаре дошт, ки тайи ин муддат нуҳуфта буд. Маҳофили мо, донишҷӯён, ӯро ба худ хеле мутаваҷҷеҳ карда буд. Шабҳо ба «хонача» -и мо (яке аз хонаҳо дар ҳавлии худаш) меомаду то поси шаб ба баҳс гӯш медод. Ин баҳсҳои шогирдона вуҷуди ӯро ба дараҷае фаро гирифт, ки агар китоби наверо мехондему ба дасташ намерасид, бо мо «қаҳрӣ» мекард.
Аз беморхона ба Душанбе баргаштему баъд аз кофтукоби зиёд(он замон пайдо кардани китоби хуби тозанашр кори саҳл набуд) китобро дастрас намуда, ба Ҳисор баргаштем. Бо табассуми ба худ хос ва чеҳраи кушода аз нав моро ба оғӯш кашид ва маҷбур кард, ки дар наздаш хӯроки нисфирӯзӣ хӯрем.
Дар ҷустуҷӯйи Дӯст
Тобистони соли дигар Акбару Равшан ба Тоҷикистон бармегарданду ману Боймуродро суроғ мекунанд. Дӯсте ба онҳо мегӯяд, ки ман ба ноҳияи Файзобод рафтаам.
Дар ҳавлии падарарӯс ба коре машғул будам, ки садои шӯхи Акбар баланд шуд: «Эй сағера, дар куҷоӣ?» Равшан мисли ҳамшагӣ аз пушти ӯ вазнин – вазнин қадам мезад. Баъд аз соате савори автобуси Обигарм суроғи Боймурод рафтем.
Гурез аз хонаи дӯст
Он рӯз «толеъ»- и мо омад накард. Вақте ба хонаи дӯстамон расидем, онҳо машғули алафкашӣ буданд. Либос иваз намудему чоршох ба даст гирифтем. Кор то шом ба дарозо кашид. Вақте охирин дарзаи алафро ба болои бом баровардем, худро рӯйи он партофтем, то даме хастагии худро барорем. Акбар мисли ҳамшагӣ беқарор буд. Сар баланд карду ҷониби роҳи марказӣ назар дӯхта, бо шӯхӣ гуфт: «Ба хонаи кадом бетақдире як мошни калон прес омад». Боймурод ба он тараф назар карду гуфт: «Мошини язнаам аст, ба хонаи мо алаф меорад».
То охирин лаҳза ба ҳарфи ӯ бовар накардем, аммо мошин хазида – хазида баландиро убур намуду ба назди мо омад.
Баъд аз намози бомдод дастони пуробили худро баҳона карда, аз хонаи дӯст гурехтем…
Ғурури Акбар
Баъд аз хатми донишгоҳ шаш нафар ҳамсабақ ҳафтае як бор оши ҳарифона мепухтем. Чаҳор нафари мо дар аспирантура таҳсили худро идома медодему Акбару Равшан журналист шуда кор мекарданд.
Рӯзе ҳамсарам гила кард, ки ҳар ҳафта бо дӯстонат оши палав мехӯрӣ, оё намешавад, ки ин дафъа дар хона ош пазиву ману духтаронат аз он насиб бардорем. Бо камоли майл ба пухтани ош шуруъ кардам. Зербак нав тайёр шуда буд, ки садои Акбар баланд шуд: «Эй сағера моро ба хонаат роҳ медиҳӣ?». Дар пушти дар Акбар бо зану духтарчааш Манижа истода буд. Акбар ба ошхона даромаду оилааш ба хона ба назди ҳамсару духтаронам. Вақте қадаҳи аввалро бо зербак бардоштем, суололуд ба ӯ нигоҳ кардам. «Субҳ ба ҳам омадем ва барои тайёр кардани ош пул ҷамъ карданӣ шудем. Ба ҳасабақон гуфтам, ки имрӯз пул надорам, ба ҷойи ман яке аз шумо диҳед, даъфаи дигар ҷуброн мекунам. Нафаре гуфт: «Пул, ки надоштӣ чаро омадӣ?». Бо ҷаҳл берун шудаму ба хона омада, ба занам гуфтам, ки тайёр шав, ба хонаи Эмомалӣ меравем!»
Дидори Дӯст
Чанд сол бо аҳли байтам дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекардам. Рӯзе телефон шуд ва садои Акбарро шунидам, ки бо хушҳолӣ гуфт: «Эй сағера, зиндаӣ?»
Баъд аз соате ба хона омад. Сафари Амрико дошт. Баъд аз дидорбинӣ бо фарзандонам, бо ӯ ба ресторан рафтем. Ба назди хунёгарон рафтаму 20 доллар дода, хоҳиш намудам, ки суруди тоҷикиеро ба дӯстам Акбар бахшанд. Шояд он шом хунёгарон супориши дигаре нагирифтанд ё сурудҳои Далер Назарро дӯст медоштанд, ки то нисфи шаб ба микрофон мегуфтанд: «Посещается нашему дорогому гостья из солнечного Таджикистана –Акбару».
Вақте суруд аз 20 маротиба зиёд садо дод, Акбар бо шодмонии зиёде гуфт: «Эй сағера, ту ҳама пули кор кардагиатро ба онҳо додӣ?!»
Соли дигар ҳам ҳини сафар ба яке аз кишварҳои Аврупо ҳамроҳ бо Умед Бобохонов ба суроғи ман омад ва мо он шабро то саҳар дар суҳбати ҳам гузаронидем.
Сенсатсия
Соли 2002 ба Тоҷикистон баргаштем. Дар фурудгоҳ ману оилаамро Акбару Боймуроду Равшан истиқбол намуданд. Бо худ ду таксӣ оварда буд. Вақте сумкаҳои моро дид, тааҷҷуб карду мошини сеюмро иҷора кард. Он вақт хонаам дар ошёнаи нуҳум буд ва лифт ҳам кор намекардааст. Бо машаққати зиёд борро ба хона баровардем. Акбар ба оилаам гуфт: «Янга, шумо ташвиш нашавед, мо ҳозир аз ресторан хӯроки шомро меорем».
Хӯроки шоми оиларо таъмин карду моро ба ресторан бурд. Барои коре ба берун баромад, ки Боймурод гуфт: «Агар мардум шунавад, ки Абари Саттор сумкаҳои вазнин дар китф то ошёнаи нуҳум бор мекашонад, сенсатсия мешавад». Сабаб пурсидам. Гуфт: «Ту ҳоло кӣ будани Акбарро намедонӣ!»
Чанд рӯз баъд танҳо ба Қазоқистон баргаштаму як сол баъд дубора дар Душанбе мустақар шудам. Боймурод рост мегуфтааст. Воқеан, тайи муддате, ки ман дар Алмаато будам, Акбар ба як бозаргони муваффақ ва журналисти шинохта табдил ёфта буд. Ӯро дар Душанбе хурду бузург мешинохтану эҳтиром мегузоштанд. Дили бузургу дасти кушод дошт, шояд иштибоҳ накунам, агар бигӯям, ки дар таърихи миллати ман касе мисли Акбар дар солҳои қаҳтию сахтӣ дар ин сатҳ аҳли адабу илмро даст нагирифтааст.
«Ҳафт» - и Дӯст
Акбар, дирӯз маросими ҳафтат буд. Боз ҳам саҳари солеҳон Мортепа рафтам. Осмон ҳамдарди мардуми деҳа ва журналистони ҷумҳурӣ буд. Гоҳе гиря мекарду гоҳе дам ба дарун мекард. Ёру дӯстон. Ҳамқаламон, ҳамдеҳаҳо ва хешу табор меомаданду як каф дуо мебахшиданд. Ту бошӣ аз саҳафоти рӯзномаҳоят беғамона ба мо менигарстӣ. Оҳ, беғамиҳои ту! Беғамиҳое, ки дигаронро кушт! Беғамиҳое, ки дар худ як ҷахон дардро нуҳуфта буд!!!
Сари гӯрат рафтаму гуфтамат: «Ёдат ҳаст, эй бевафо, ки мегуфтӣ: «Туро ба Дарвозу Равшанро ба Бойсуну Боймуродро ба Элок бурдану мардумро азоб додан чӣ даркор. Ҳамаатонро дар Мортепа мегӯронаму баъд худам дар паҳлуятон мехобам». Вафо накардӣ!
Ёдат ба хайр, бародари аз бародарон бародартар, ёдат ба хайр бародари мунису ҳамдард. Ёдат ба хайр, дӯсти азиз, дӯсте, ки бародар шудӣ. Офаранда биомурзадат. Омин!
Эмомалӣ Сайидамирзод