Мавзӯъи мавриди баҳс ифшои ҳолу аҳвол ва сабабу омилҳои талбандагиро ихтиёр кардани баъзе ҳаммиллатони мо аст, ки шояд замоне андешаи бо талбандагӣ зистан дар зеҳнашон намеғунҷид. Мутаассифона имрӯзҳо дар роҳраву даромадгоҳи мағозаву масоҷид дар қатори ҷугиҳо кӯдакону бонувони тоҷикро низ мушоҳида мекунем, ки гадоӣ мекунанд.
Соле пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа шоҳиди мунозираи модару кӯдаке шуда будам, ки рӯзи дароз дар ду ҷониби роҳрави назди меҳмонхонаи ин шаҳр нишаста, аз роҳгузарон садақа металбиданд. Писараки аз гармои офтоб хасташуда; «Оча, безор шудаам, дигар гадоӣ намекунам!» - гӯён сар болои зонуҳои офтобхӯрдааш гузошта, мехост бихобад. Ин дафъа, ки нон гуфтӣ, хока мехӯрӣ, - модар аз паси калӯши сӯи писараш партофта, дуоҳои бад мекард ӯро.
Офарин, шербачаи амак, ки аз тифлӣ алайҳи зулму зуроварии, ҳатто зодмандони худ эътироз карда метавонӣ, - марди миёнсоле, ки аз айнаку сумкаи чармини дасташ ба мансабдорон шабоҳат дошт, бачаи талбандаро ситоишкунон мерафт.
Одаттан, фарзандоне, ки дар муҳити оила зиста наметавонанд, ба қасди зиндагии мустақилона хонаи волидонро тарк мекунанд. Аммо ин кӯдаки ноболиғ ба замми фаротар аз домони модар зиста натавонистанаш, талбандагиро нанг ҳисобида, бас дигар ин корро намекунам, мегӯяд.
Рӯзи дигар зани талбандаро дар он ҷой танҳо вохӯрдаму суҳбати мо аз боби писари саркашаш оғоз шуд. – Мардбача, ки ҳаст, талбандагиро нангу ор медонад, ба мурданаш розӣ асту ба ин кор не, - гилагузорӣ мекард Санавбар. – Шаби гузашта гуфт: «Оча, наход ягон шуғли дигар пайдо накунему умре ҷугӣ бимонем?» Аз ин рӯ, ин саҳарӣ ӯро аз хоб бедор накарда худ танҳо омадам.
Ин зан, ки худро Санавбар Фозилова муаррифӣ кард, ба талбандагӣ машғул шуданашро чунин қисса кард: «Вақте шавҳарам маро талоқ дода худ ба Русия рафт, зодмандонаш «Ҳоло ҷавонию бахти худро меёбӣ» - гуфта, мани ҳомиларо ба зодгоҳам гуселониданд. Аммо бародаронам, ки байни худ сари мероси падар баҳсу мунозира доштанд, маро ба хонаи шавҳарам бурда, он ҷо иҷборан маскунам карданд. Хусуру хушдоманам бо шарти рӯ ба рӯ нашудан ба онҳо дигар ба ману тифлам кордор набуданд. Баъди чанд рӯзи гуруснагӣ роҳ сӯи бозори Қӯрғонтеппаро гирифтаму он рӯз то бегоҳ аз ошхонаву мағозадорон ҷойи кор ҷустам. Шом фаро мерасиду ба ҷуз гадоӣ роҳи дигаре барои дарёфти нон пайдо накардам. Он шаб дарвозаи хонаи ҳамсояро, ки ҳамсоли ман келин дошт, кӯфта, як нон қарз пурсидам. Шаби дигар ҳамсоя нони аз пули гадоӣ харидаамро, бахшидам гуфта, нагирифт».
Ҳамин тавР, 7 сол мешавад Санавбар аз талбандагӣ зиндагии худу писари ягонаашро пеш мебарад. Баъзан рӯзҳо то 100 сомонӣ ва аз он ҳам зиёдтар пул меёбад ва рӯзҳое низ пеш меоянд, ки то бегоҳӣ дасти хайре сӯяш дароз намешавад.
- Рӯзҳои аввали ба ин кор машғул шудан, аз шарму ҳаё аҳволи бади рӯҳие доштам, ки онро баён карда намешавад. Ё ин ки, баъзан, агар чеҳраҳои шиносе сӯям нигаранд, ҳис мекунам, ки рӯҳан мурда истодаам.
Ба гуфти ӯ, гарчанде писари ягонааш оилаву ҳаёти солимро надида бошад ҳам, валекин ба кори талбандагӣ нафрат дошта, мегӯяд бо ҳар роҳе набошад, бояд мисли дигар ҳамсолонам мактаб хонда вақтҳои холӣ аз дарс ба кори саҳро ё аробакашию дигар шуғлҳои бозорӣ пардозам.
Қаблан дар Тоҷикистон танҳо қавми лӯлиҳо талбандагӣ мекарданд, аммо баъди ҳаводиси шаҳрвандӣ иддае аз дигар миллатҳои сокини Тоҷикистон, аз ҷумла тоҷикон низ ба ин кор шуғл меварзидагӣ шуданд. Шаҳрвандони мо, ки талбандагиро паст задани шаъну эътибори инсонӣ мешуморанд, ба гуфти ин гуна афрод, ки «Аз ночорӣ гадоӣ мекунем», эътимод надоранд. Мутаассифона, баъзе ҳамроҳи лулиён бонувони тоҷикро низ мушоҳида мекунем, ки ба қавли худ ҷугӣ шудаанд.
Рӯзе дар миёни чанд нафар занону кӯдакони талбанда, ки ба қавли худ дар маҳаллаи мо гардиш мекарданд, духтарчаи зардинаеро мушоҳида кардам, ки зоҳиран аз лӯлиҳо фарқ мекард. Зебо, бибии ин тифл иброз дошт, ки келинаш тоҷик буда, ҳамакнун урфу анаънаҳои онҳоро қабул кардааст. Бонуи чашмкабуде, ки аз ғояти шарму ҳаё сарашро бардошта наметавонист, халтаи сари китфашро дар замин гузошта, пушти дари хонаи мо паноҳ шуд.
Ба гуфти Зебо, издивоҷи писараш бо духти тоҷик бо ризояти зодмандон ҳар ду тараф сурат гирифта, ин оилаи ҷавон ҳамакнун соҳиби ду фарзанданд. - Келинам аллакай оддат кардааст ва баъзан бе ман ҳам ба гардиш баромада, бо халтаи пур ба хона меояд. Аммо ҳайронам, ки чаро Шумо аз шавҳари лулӣ кардани духтаронатон мушавваш мешавед? Имрӯз баъзе бонувон аз бекорию наёфтани бахти худ дар зиндагӣ ба чӣ корҳое машғуланд.
Бо якчанд савол оид ба сабабҳои зани ҷугӣ шуданаш мехоҳем розу ниёзҳои ин бонуро бишнавем. Аммо ӯ донаҳои ангури аз токи хонаи мо чидаашро дар лаби рӯймолаш тоза карда, мехӯрду бо ин андармонӣ аз суҳбати мо канораҷӯйи мекард. – «Аз бадахлоқию оворагардӣ дида ба лулиҳо ба шавҳар бароянд, чӣ бадӣ дорад? Ё чаро ба роҳсозони чинию банглодежӣ издивоҷ мекунанду бо лӯлиҳо не?» Бо ҳаргуна мисолҳои аз миёни мардум шунидааш аз келинаш пуштибонӣ мекард ҷӯгизан.
Хулоса, ҷомеае, ки талбандагиро амали нангин меҳисобид, ҳамакнун дар қатори ҷӯгию талбандаҳои ҳаммилатони худро мебинад, ки ин корро касб кардаанд. Мутаассифона, рӯз аз рӯз шумораи талбандаҳо зиёд шуда истодаасту садои имдодашон баландтар аз талбандаҳое, ки гадои анъанаи аҷдодиашон аст. Хоса, дар ҳамин солҳои авохир, ки лӯлиҳои сокини манотиқи гуногуни кишвар иддао доранд, то талбандагиро бас карда, ба заҳмату корҳои истеҳсолӣ руҷуъ кунанд, аммо мо мардуми куҳанбунёду дорои фарҳанги қадим чӣ бояд кунем, ки таваҷҷуҳи ҳамватанони ба ин роҳ уфтодаро ба кору пайкор ва заҳмати ҳалол роҳнамоӣ кунем? Суолест, ки кушода боқӣ мемонад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов