Дар баробари пошхӯрии суръатзои оилаҳо, коҳиш ёфтани хулқу атвору бадахлоқии ҷавонон, имрӯз афзоиши занони бевамонда ва духтарони бузургсоле, ки то ҳол оила барпо накардаанд, аз мавзӯҳои мубрамест, ки бо ҳам иртиботи бевосита доранд.
Низорамоҳ номи шартии сокини 33 солаи кишвар аст, ки дар интизори номзади арзанда буда, то ҳол оила бунёд накардааст.
– То сини 23-24 солагӣ бинобар нофаҳмиҳои ҷавонӣ ва дигар сабабҳо хостгорҳоро рад мекардам, баъдан зани дуввум шуданро қабул надоштам. Акнун дар фикри онам, ки чӣ бояд кард то давоми умр яккаву танҳо намонам? Зеро бародару ду хоҳарам оиладору аз пайи зиндагии худ шуда, дар хона бо модари пирам монда, намедонам, ки баъди вафоташ ӯ ҳоли ман чӣ мешавад?
Низорамоҳ барои наҷот аз танҳоие, ки ӯро интизор аст, чанд роҳи интихоб дорад. -Зани дувум шуда, худ фарзанд ба дунё орам ва ё аз ятимхона тифлеро барои парасторӣ гирам? – суол мегузорад ӯ.
- Илоҷи дигар ҳаёти тарзи урупоист ё ин ки метавон тариқи никоҳи мусулмонӣ аз марде соҳиби фарзанд шуд.
Зани дувум шудан хушбахтӣ наорад ҳам, вале бо ин восита соҳиби фарзанд шуда метавонам. Аммо тасаввури рӯ ба рӯ шудан бо ҳамсари асосии он мард, маро аз раъям боз медорад, - мегӯяд ӯ. - Дар зиндагии имрӯза ҳолатҳои зиёдеро шоҳид шудаву дар зеҳнам ин андеша ғолиб аст, ки «Дар бадбахтии дигарон хушбахтӣ сохта намешавад». Аз ин рӯ, барои ҳамсари дувуми марде шудан ба хулосаи мушаххас омада наметавонам.
Мусоҳиби мо аз ятимхона тифл гирифтанро низ имконнопазир мешуморад, зеро ба гуфти ӯ қонун ба парасторӣ гирифтани кӯдакони ятимро танҳо ба оилаҳо, яъне, зану шавҳари қонунӣ иҷозат медиҳад. Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшиносон иброз медоранд, ки вақти ба парасторӣ додани тифл аслан ба оилаҳои комил афзалият дода мешавад, аммо агар баъзе шаҳрвандоне, ки шароиту муҳити солими зиндагӣ доранд, бидуни ақди никоҳи давлатӣ низ метавонанд, тифлони ятимро ба парасторӣ гиранд. Зеро дар шароити кунунӣ боиси таҳсин аст, ки зани соҳибкору соҳибмулк омода бошад, ки кӯдаки ятимеро ба фарзандӣ гирифта, ӯро дар моликияти шахсии худ ҳақбар созад. Яъне, шаҳрвандоне, ки шароити хуби зисту муҳити солим барои тарбияи фарзандро доранд, тавассути Қарори суд метавонанд ятимеро ба фарзандхонӣ гиранд.
Низорамоҳ роҳи дигари ҳалли масъаларо низ қобили қабул мешуморад. «Омодаам, ки ба хотири фарзандор шудан тариқи никоҳи мусулмонӣ бо марде издивоҷ намоям. Бигзор ҳамсари шартиам дар вақтҳои мехостааш наздам омада, ягон масъулияти падариро нисбат ба фарзанде, ки аз ӯ ба дунё меорам, ба уҳда нагирад. Бароям муҳим фарзандор шудану таъмини ниёзҳоест, ки барои ҳар зан ҳатмӣ аст»
Низорамоҳ маълумоти олӣ дошта, аз уҳдаи таъмини рӯзгори худ ба хубӣ мебарояд. Аммо барои амалӣ шудани орзуву маромаш ба машварату роҳнамоии одамони рӯзгордида эҳтиёҷ дорад, то минбаъд дар зиндагӣ иштибоҳ накунад.
Аз афкори умум бармеояд, ки афзоиши бонувони бешавҳар мушкили нав нест ва амсоли Низорамоҳ занону духтарони дар ҷустуҷӯйи бахти худ бешуморанд. Ҳамсуҳбатҳои мо, ки аз қишрҳои гуногуни ҷомеа интихоб шудаанд, дар ин бора андешаҳои гуногун доранд.
Гулнисои Ҳикматулло корманди ҳафтавори «Оила» иброз медорад, ки бо ҳеҷ ваҷҳ ҳамсарии дуввумро қабул надорад. Аз ин рӯ, ба касе зани дувум шуданро тавсия намедиҳад. - Ба хотири соҳиби фарзанд шудан шарт нест, ки ба бахти каси дигар зомин шуда, ҳамсари дуюм шавию ҳаёти осудаи як оиларо ноором бигардонӣ. Дар ҷомеаи мо мардони муҷаррад низ пайдо мешаванд, ки духтарони сину солашон бузург ба онҳо ба шавҳар баромада, хушбахт шаванд. Онҳое, ки ба хотири боигарии мард ба ӯ ба шавҳар мебароянд, иштибоҳ мекунанд,- мегӯяд Гулнисо. – Зеро одатан бештари мардҳои сарватманд дар таъминоти хонавода хасисӣ нишон медиҳанд, вале дороиҳои худро дар корҳои беманфиат сарф мекунанд. Аз ин сабаб, ба бонувони гиромӣ гуфтаниам, ки ба умеди сарвати мард шуда, ҳаёти худро барбод надиҳед.
Мусоҳиби навбатии мо сокини пойтахт Меҳрубони Нодир ҷонибдории зани дувум шудани бонувони яккаву танҳоест, ки мехоҳанд фарзанди никоҳӣ ба дунё оваранд. - Ҳоло, ки дуникоҳӣ манъ аст, бояд роҳи дигари ҳалли ин мушкилотро пайдо карда тавонем, вагарна ҷомеа дучори бадбахтиҳои дигар хоҳад шуд. Ба фикри ман манъи дуникоҳӣ хоси кишварҳоест, ки дар ҳолати коҳиш ёфтани ҷинси мард ё занон, воситаҳои таъмини хостаҳои ҷинсии беникоҳ, як оддати маъмулист. Аммо дар раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи суннатие, ки афзоиши занони бешавҳар мушоҳида мешавад, манъи дуникоҳӣ ба бадахлоқию дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Нодираи Назарӣ, шоираи ҷавон, иброз медорад, ки издивоҷ роҳи аслии пешгирӣ аз бадахлоқӣ миёни ҷавонон аст. Мутаассифона, баъзан мардони мо пинҳонӣ зани дувум мегиранд ва ё бонувони тоҷикро медонем, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ мекунанд, ки ин оқибати нек надорад. Дар мисоли Рухсора Уралова, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба марди рус издивоҷ кард. Аммо рӯзи вафоташ шавҳар ӯро соҳиби накарду ҷасади ин зани тоҷикро барои дафн дар қабристони Русия роҳ надоданд. Ба ин монанд зиёд занони ба хориҷиҳо издивоҷ намударо медонем, ки ба фоҷиаҳои сангин рӯ ба рӯ шудаанд.
Мушкилоти бонувони бешавҳар на танҳо дар шаҳрҳо, дар навоҳии дурдасти куҳистони кишвар низ мушоҳида мешавад. Ширинмоҳ Шарифова, сокини ноҳияи Ҷиргатол мегӯяд, ки вақте зан солиму қобили таваллуд аст, бояд худ фарзанд ба дунё орад. Аммо дар ноҳияҳои кӯҳистон низ аз асари муҳоҷирати корӣ ва дигар омилҳо шумораи занони яккаву танҳо зиёд шуда истодааст. Иддае аз занон дар интизори пайдо шудани марди муҷаррад сабру таҳаммулро пеша мекунанд. Вале пӯшида нест, ки бинобар мушкилиҳои иҷтимоӣ ва сабабҳои гуногун қисмати дигари занони бешавҳар бо мардҳои зандор пинҳонӣ издивоҷ мекунанд. Ҳамчунин дар ҷомеа бонувонеро низ мушоҳида мекунем, ки бидуни ақди никоҳ бо марди мақбули хеш робита доранд.
Мавриди зикр аст, ки оид ба теъдоди воқеии занони бешавҳар омори расмӣ вуҷуд надорад. Аммо мавҷудияти чунин мушкили иҷтимоиро, ки ба як мавзӯъи доғ табдил ёфта истодааст, касе инкор карда наметавонад. Дар ҳамин ҳол ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки иҷозаи дуникоҳӣ ҳам роҳи ҳалли масъала нест. Зеро, мушкилиҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, масоили хонадоршавии занони бешавҳар, ки омилҳои гуногун доранд, дар ҳар давру замон буду ҳалли пурраи худро наёфтаанд.
Ҷамолиддин Сайфиддин