Зан агар ин асту модар ин…
Фоҷиаи хунине, ки амсолашро ёд надорам тобистони соли гузашта рух дода буд, ки модар духтарчаи ноболиғашро, ки тарбиягирандаи яке аз муассисаҳои томактабӣ буд, ваҳшиёна ба қатл расонид. Ин зани хунсард фарзанди худро сар буридааст. Мардуми ҳайратзада ба ҷузъ лаънат хондан ба чунин ашхоси фарзандкӯш дигар ҳарфи гуфтан надоштанд. Гарчанде зани қотилро руҳан носолим мешуморанд, вале фарзияи мукаммал оид ба сабабҳои рух додани чунин даҳшат бесаводию ҷаҳолат, ҷаҳонбинии тангу худхоҳии носолим буда метавонаду халос. Зеро қотил сабаби кирдори содирнамудаашро раҳоӣ аз таънаи атрофиён номидаст, ки гӯё фарзандашро «ҳаромӣ» ном мебурдаанд. Аммо меҳру муҳаббати модарӣ ҳисси болотар аз ҳама танънаву маломати мардум аст, ки мутаассифона, баъзе бонувони роҳгумзада онро надоранд. Модар шахси муқаддасест, ки дар чунин ҳолатҳо бояд баръакс тифли бегуноҳашро аз таънаву маломат ва осебу газандҳои зиндагӣ ҳифз намояд. Тифл, ки зодаи хостаҳои зодмандон аст, инсонро муваззаф месозад, ки баръакс дар тарбияву ба воя расонидани он ҳисси масъулият дошта бошад. Ҳолонки Мадинаи ғуррамарг зери тарбияи давлат буду барои модари сангдилаш ба қавле «бор»-и зиёдатӣ набуд.
Дар ин қазия баъзе пайвандону атрофиёни занони роҳгумзада низ муҷриманд, ки ба ҷойи насиҳату ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ашхоси роҳгумзада, баръакс, бо таънаю бадгуфторӣ ба рӯҳи афсурдаю бемори онҳо таъсири бадтар мерасонанд. Шояд атрофиёни модари Мадина метавонистанд бо ҳарфи хушу дилбардорӣ аз духтар ё хоҳари худ ин ҷиноятро пешгирӣ кунанд. Мутаассифона, баъзан таънаву маломати зане, ки дар ҷавонӣ ба роҳи хато рафтааст, чунин оқибатҳои ногувор меорад. Худованд бахшояндаву меҳрубон асту, қонунҳои мавҷуда низ пас аз адои муҳлати ҷазо ба гунаҳгор озодӣ мебахшанд, аммо аз чи бошад, ки нафаре, ки дар зиндагӣ як бор хато мекунад, умре мавриди таънаву маломати нафарони бадгуфтор мемонад.
Пушти пардаи фоҷиа
Соли гузашта дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон Майсара ном зан дар ҳамдастӣ бо хоҳаршӯяш шавҳари бадмасташро буғӣ карда мекушанду ҷасадашро чанд рӯз дар сандуқ пинҳон мекунанд. Ин достон аз «Афсонаҳои халқи тоҷик», «Самаки айёр» ё «Ҷомеъ-ул ҳикоёт»- не, ҳақиқати талхи зиндагӣ ва фоҷиаи як оилаи тоҷик аст. Мардум зани шавҳаркуш ва хоҳари қотили бародарро таънаву маҳкум мекарданд, вале дар намеандешиданд, ки пушти пардаи ин фоҷиа чӣ омилҳое ниҳон аст. Баъдан маълум шуд, ки марди кушташуда майзада буда, аҳли оиларо пайваста азият медодааст. Ҳамсояи ин хонавода, ки нахост номаш ифшо шавад, нақл кард, ки Майсара дар асл зани таҳаммулпазиру хушрафторе буду бинобар майзада шудани шавҳар тарбияи фарзандон ва масъулияти хонаводаро ба зимма дошт. Лату куби зиёду мавриди хушанти шавҳар қарор гирифтани ӯ ва таънаву маломати атрофиён шояд асабҳои ӯро хароб карда буд, ки охиран даст ба куштори шавҳар мезанад. Бояд гуфт, ки пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо вазифаву масъулияти мақомоти маҳаллӣ ва шахсони баобрӯйи маҳаллаҳост. Вале дар ин самт ҳамкорию иртиботи фаъолони ҷомеа хоса масъулони деҳот бо мардум ба назар намерасад.
Андешаи куштор аз куҷо маншаъ мегирад?
Чанде пеш ҳодисаи дигари даҳшатоваре расонаӣ шуд. Дар ноҳияи Қубодиён келинҳо хушдомани худро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, ҷисми нимҷонашро оташ мезананд. Яке аз қотилон ҳангоми бозпурсии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин нақл мекунад: «Вақте ҷасади хушдоманамро ба чуқурӣ андохта оташ задем, худашро ин тарафу он тараф зад». Омилҳои ин куштор дар муҳоҷирати корӣ будани шавҳарони онҳо арзёбӣ шуда, гӯё хушдоман аз маблағҳои фиристодаи писаронаш ҳаққи келинҳоро намедодааст. Солҳои пеш ин гуна воқеаҳо хусусан ба куштор даст задани занҳо хеле кам буд. Бояд гуфт, ки ба ҷузъ бесаводию ҷаҳли занон аз мушкилоти иҷтимоӣ боз омилҳои дигар низ сабаби ҷинояткории занон мегарданд. Солҳои пеш аз инқилоб, ҳатто дар даврони ҳукмронии империяи абарқудрати шуравӣ, дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ ду- се оилаҳо дар як ҳавлӣ зиндагӣ карда, хазинадор пирони оила буданд. Ҳама аъзоёни оила ба ҳарфи сарвари оила итоат намуда, моҷароҳои оилавӣ аз хона берун намебаромаданд. Ин фоҷиаҳо аз ворид шудани унсурҳои ғайр ба фарҳанги хонадории мо сарчашма мегирад, ки хеле нигаронкунанда аст. Ногуфта намонад, ки мардуми деҳот таваҷҷуҳи зиёд ба тамошои сил-силафилмҳои туркианд, ки мавзӯи асосии онҳо бадахлоқию куштор ва дигар муносибатҳои носолими оиладорӣ аст. Ва фарзияи таъсири ингуна филмҳо ба хулқу атвори занони русто истисно нест.