Албатта, рушди шаҳрҳо, тараққиёти саноат ва фаъолнокии занон дар истеҳсолот ба устувории оилаҳо, ки дар он масъулиятҳои асосиро занон ба зимма доранд, бетаъсир намемонад. Аммо ба ин ҳад коҳиш ёфтани арзишҳои хонаводагӣ миёни ҷавонон ва афзоиши сатҳи ҷудошавии оилаҳо оқибатҳое ногувор хоҳад овард. Дар умум иллати аслии пошхӯрии оилаҳо коҳиши хулқу одоби ҷавононписарон арзёбӣ мешавад, ки аз рӯи эҳсосу ҳавасҳои бепоя оила барпо намуда, дар аввалин мушкилиҳои ҳаёти мустақилона тоб наоварда, зану фарзандонро бесоҳиб гузошта, ба Русия фирор мекунанд. Занони фиребхӯрда, ки ба хотири ишқ қонуну арзишҳои хонаводагиро сарфи назар карда, тақдири хешро бо чунин ашхос пайваста буданд, бо фарзандони ноболиғ дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мемонанд. Сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Меҳринисо Сайдалиева аз зумраи чунин бонувони дар интихоби ҳамсари ҳаёти иштибоҳкарда аст. Ишқи писари ҳамсоя ӯро ба пайроҳаи пурпечутобе бурд, ки дар нимароҳи зиндагӣ бо 5 тифли маъсум бечораву танҳо мондааст. Пошхӯрии оила ҳама умеду орзуҳоро маҳв сохта, иродаи занро мешиканад, аз ин рӯ занони бевамонда то дер вақт ба худ омада наметавонанд. Маҳз дар ҳамин давраҳои ҳасосу мураккаб занон ба машварату роҳнамое ниёз доранд, то онҳоро аз гирдоби мушкилиҳои сангин раҳонад, - мегӯяд Меҳриниссо Сайдалиева.
- Дар ҷавонӣ саршори ишқу ҳавасҳои бепоя ва ғуруру худписандӣ шуда, ҳатто дар зеҳнам намеғунҷид, ки чунин мушкилиҳо маро домангир хоҳанд буд. Воқеан, ҳар сахтию азобҳои ба сари инсон меомада аз хатову иштибоҳоест, ки давоми зиндагӣ ба хусус ҷавонӣ содир кардаем.
Новобаста ба зиддияти зодмандону дигар мушкилиҳо бо шахси дӯстдоштаам издивоҷ намуда, дар манзили якҳуҷрагии зодмандони ман ҳаёти мустақилонаро оғоз кардем, - ёдовар мешавад он рӯзҳоро Меҳриинсо Сайдалиева. – Таънаву маломати «хонадомод»-ро нашунавем гуфта, то кор ёфтани шавҳарам худ бозор тиҷорат мекардам. Ҳамсарам бошад бо баҳонаи дарёфти кору шуғли мувофиқ солҳоро ба бекорию машғулиятҳои бефоида мегузаронд. Ба замми масъулияти таъмини рӯзгорро ба уҳда гирифтанам, ба ҷангу муноқишаҳои бепоёни ӯ сабру таҳаммул мекардам. Аммо шавҳарам баръакс, иловатан ба бекорию сарбории хона буданаш, густохона ба манзили якҳуҷрагиамон саг овард. Ин кирдори нафратовараш ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул набуд ва баҳсу мунозираи мо ба муштзурии ӯ ба охир расид.
Модари Мехриннисо, ки қаблан ҳам аз моҷароҳои оилавии фарзандон огаҳӣ дошт, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои баҳсу муноқишаҳо аз домодаш сабаби хушунату шиканҷаҳои маънавӣ нисбат ба духтарашро пурсон шуд.
– Шавҳарам гӯиё ҳамин лаҳзаро интизор бошад, модарамро ба зиндагии дигарон дахолат мекунӣ гуфта, қаҳр карда ба хонаи модараш баргашт. Вақте барои даъвои алимент ба хонаи зодмандонаш рафтам, модараш иброз дошт, ки дар вақташ муқобили издивоҷи Шумо буда, насиҳат кардам ба ҳарфам гӯш накардед. Аммо маслиҳати модаронаам ҳамин аст «Нисбати писарам ба суд муроҷиат кунед, то масъулияти падариро эҳсос кунад». - Вақте барои алименти фарзандонам ба суд муроҷиат кардам, шавҳар аз раъяш баргашта, таклиф кард, ки ба хотири ятим намондани фарзандон оилаамонро аз парокандагӣ нигоҳ дорем. Вале то он вақт шавҳарам бо роҳнамоии модараш зани дуввум гирифта, ӯро низ бо ду фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ партофта будааст.
Мутаассифона, шавҳари Меҳриниссо баъди бозгашти дубора ба назди зану фарзандонаш оддатҳои бадашро такрор карда, рӯзҳо баромада мерафту шаб ба хона баргашта, бо ҳар баҳона ба ҳамсараш ҷангу ҷанҷол мекард. Баъдан ба Русия ҳиҷрат карда, акнун аз ҳамсари асосӣ ҳам даъвои бекор кардани ақди никоҳашонро дорад.
Меҳриниссо издивоҷ бо падари фарзандонашро иштибоҳи бузург меҳисобад, зеро давоми ҳаёти оилавӣ дарк намудааст, ки то издивоҷ ҳамсарашро хуб наомӯхта будааст. – Дар ҳақиқат айёми ишқу ошиқӣ аз худ хулқу рафтори намунавӣ нишон дода, хатову иштибоҳи ҳамдигарро нодида мегирифтем. Вале баъди издивоҷ натанҳо хиёнаткорӣ балки дурӯғгӯию коргурезӣ, бемасъулиятӣ дар ҳаёти оилавию дигар рафторҳои ношоями шавҳар ошкор шуда, меҳру муҳаббат ба ҳамдигарро аз мо рабурд.
Акнун ин зани муштипар танҳо ба худ эътимод намуда, роҳу василаҳои раҳоӣ аз мушкилоти зиндагиро меҷӯяд. Нахустин тасмимам аз мактаб гирифтани фарзандонам мебошад, ки барои хариди китобу сару либосашон имкони молӣ надорам, - мегӯяд Меҳриниссо. Айни ҳол ду фарзанди кӯчакамро аз боғчаи бачагона гирифта, дар хона тарбия дорам, - зеро барои дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани онҳо маблағ надорам.
Инчунин бонувони бо чанд тифл аз шавҳар ҷудошудаву дар кӯча монда кам нестанд. Феълан чунин занон ҷаҳду талош доранд, то тариқи суду додситонӣ аз падарони фарзандонашон ҳаққӣ манзил талаб намоянд. Аммо бинобар сабабҳои соҳибмулк набудани собиқ ҳамсарони онҳо, иҷрои талабу даъвои ин занону тифлони ятими онҳо имконнопазир аст.
Пас, чӣ бояд кард, то занони атфоли оилаҳои пошхӯрда ингуна дар кӯча намонанд?
Мавҷуда Худойназарова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд: «Чанд сол қабл Сарвари давлат зимни суханрони атрофи пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо таъкид намуда буданд, ки хонаводаҳо бояд аҳдномаи никоҳ дошта бошанд, то дар ҳолати пошхӯрии оилаҳо модарону тифлон аз ҳуқуқ ба манзил маҳрум нашаванд».
Мутаассифона, аз масъулони сохторҳои марбут сар карда, то сокинони қатории кишвар дар масъалаи бастани аҳдномаи никоҳ таваҷҷуҳ дида намешавад, зеро қисмате аз мардон бастани аҳдномаи никоҳ бо ҳамсари хешро ҳамчун хатари аз даст рафтани манзил ва дигар моликияти хеш мешуморанд. Ҳуқуқдонҳо бо далели ихтиёрӣ будани аҳдномаи никоҳ барои роҳандозӣ намудани он дар ҷомеа кӯшиш намекунанд. Ҳато дар посух оид ба сабабҳои худдорӣ аз бастани аҳдномаи никоҳ баъзе мансабдорони воломақом мегӯянд: «Аҳдномаи никоҳро он ҷуфти оилаҳое мебандад, ки ба ҳамдигар ва мустаҳкамии хонаводаи худ эътимод надоранд». Сокинони қаторӣ ба хусус аҳолии русто бошад дар ин бора андешаи дигар доранд. Ба гуфти Султон Файзуллоев, сокини шаҳри Норак, аҳдномаи никоҳро оилаҳое баста метавонанд, ки зан ё шавҳар соҳибмулк буда, дар дилхоҳ лаҳза омодааст, ки манзил ва дигар моликияти шахсии худро бо ҳамсараш тақсим намояд.
Ҳамин тавр насли ҷавони мо хоса духтарон пеш аз барпо намудани оила дар пеошрӯи ду масъала дармемонанд. Ё ба ҷавоне, ки маскуни манзили зодмандон аст, ба шавҳар мебарояд ва ё мунтазири номзади соҳибмулк мемонад. Мусаллам аст, ки дар шароити феълии кишвари мо ҷавонони соҳибмулк ангуштшуморанд, зеро зодмандон дар фикри он нестанд, ки фарзандонашон нахуст соҳиби кору манзилу моликият шуда, баъдан оила барпо намоянд.
Ҷамолиддин Сайфиддин