Шавҳарам фақат заминро харида буд, дигар сохтмони ҳавлие, ки имрӯз ӯ бо ҳамсари наваш зиндагӣ мекунад, аз ҳисоби ман буд- мегӯяд Шоҳида. Ин зан аз ҳашт соли маҳрумият аз озодӣ, ки қонун барояш раво дида буд, танҳо ду солашро дар зиндон сипарӣ кардааст, вале шавҳари номардаш ягон бор ба хабаргирии занаш наомада, писари 11-солаашонро низ ба модараш нишон надодааст. Шоҳида, ки маълумоти олии иқтисодӣ дорад, мегӯяд, ки ба Русия рафта кор мекунаду соҳиби хона шуда писарашро бо худ мегирад, вале кӣ медонад, дар ғарибиҳо ӯро чӣ интизор аст? Ман ба Шоҳида савол додам, ки агар шавҳраш ба зиндон меафтод, ӯ чӣ кор мекард? Ӯ бо чашмони пуроб гуфт, ки хонаамро фурӯхта ӯро аз зиндон мебаровардам… Ин сухани Шоҳида воҳима нест, зеро дар зиндагӣ занони зиёдеро вохӯрдаам, ки барои раҳоии шавҳар аз қарз, беморӣ ё зиндон, тамоми бисоти доштаашонро дареғ надоштаанд. Пас, занон аз мардон бовафотару содиқтар ва ҷасуртаранд?! Вақте мард гуноҳ ё хато мекунад, зани заифу муштипару оҷиза охирин гӯшвора ё ангуштарии доштаашро мефурӯшаду аз шавҳараш пуштибонӣ мекунад, аммо зан хато кунад, ҳамсараш зани нав мегирад? Куҷост ҳақиқату одамгарӣ ё он ваъдае,ки назди қонуну шариат мардон ба занҳои худ медиҳанд?! Чанде пеш дар як рӯзнома хондам, ки Саид, ҳамон марде, ки дар рӯ ба рӯ бо миллионҳо тамошобини барномаи «Пусть говорят» аз зану фарзандонаш рӯй гардонида буд ба ватан баргаштаасту ҳамсараш ӯро қабул кардаст!!! Ин қурбониро фақат зани тоҷик метавонад! Он тарафашро намегӯям, зеро он чиз, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест!
Бозӣ бо тақдири занон
Гумон мекунам, ки ба мансабҳои давлатӣ ҷалб кардани бонувонро як сабаб он аст, ки онҳо ба дарди ҳамҷинсони худ расида, онҳоро гӯш карда мушкилашонро ҳал кунанд. Бовар кунед, зани тоҷик мушкилоти зиёде дорад, ки ӯро таҳқиршуда, беҳуқуқ ва сарсону саргардон месозад. Боре дар барномаи «Пусть говорят», ки як вақтҳо ба «Шоу»-и баъзе тоҷикони даюс (мебахшед барои дағалгуфторӣ, вале мардеро, ки барои як фоҳишаи майхораи рус, зани ҳалолу покизаашро бадгард номида аз фарзандони нозанинаш рӯй мегардонад, дигаргуна ном бурда наметавонам!) дар бораи паёмак- талоқҳои тоҷикон сухан рафта буд, ҳарчанд таҳқири бонувони тоҷик тариқи як шабакаи бонуфузи хориҷӣ талхтарин таъна бошад ҳам, ҳақиқат буд. Зеро имрӯз як паёмак метавонад тақдири як оила, як зан ва аз ҳама бадтараш, тақдири кӯдакони маъсуму бепаноҳро ҳал намояд. Бо расидани паёмак-талоқ зан дигар ҳуқуқи дар хонаи шавҳар истодану зиндагӣ карданро надорад, зане, ки Худованд ба ҳурмати ӯ дар «Қуръон»-и карим сураи «Нисо», ъне занро нозил намудааст, бо як паёмак бадбахт мешавад…. Чаро домуллоҳои мо, ки худро ҳомии дину шариат меноманд, дар ин бора фатвое намедиҳанд? Гуландом ном бону мегӯяд, ки ҳамсараш бо балвои хоҳаршӯю хушдоманаш аз шаҳри Самараи Федератсияи Русия тариқи паёмак талоқашро фиристоду худи ҳамон рӯз хешовандони шавҳараш мошин оварда бору бунашро бор карда ӯро бо ду фарзандаш ба хонаи бародараш бурда расониданд… Аҷаб роҳи осони раҳоӣ аз масъулияти падарию шавҳарӣ ! Оё мисли ҳамсари Гуландом даҳҳо мардон дар байни мо зиндагӣ намекунанд? Мекунанд! Мо онҳоро мешиносем, бо эшон сӯҳбат мекунем, аммо боре дар рӯяш намегӯем, ки ту номардӣ! Вақти он расидааст, ки муфтиёти кишвар сари ин масъали нанговар андеша намояд. М ардони мо бояд дарк кунанд, ки дини мубини Ислом бо бастани риштаи издивоҷ бар дӯши онҳо масъулияти муқаддаси пойдор нигоҳ доштани оила ва тарбияи фарзандонро бор мекунад ва онҳо барои ҳар амали носавобашон пеши Худованд ҷавоб хоҳанд гуфт. Маҳфуми талоқ, ки калимаи арабӣ аст, аз якдигар ҷудо шудан мебошад. Халқи тоҷик талоқро амри шарру васвасаи шайтон ҳисоб мекунад ва он низ қонуну қоидаи худро дорад. Марде, ки мусулмон асту аз кӯчаи одамгарӣ гузаштааст, ҳаргиз ин гуна масъалаи ҷиддии хонваодагиро ба воситаи паёмак ҳал намекунад!
Бе сутуни қомати мард…
Баъзеҳо мегӯянд, ки одами навъи дуюм будани зан аз даврони қадим то мо омадааст ва ин фаҳмишро аз зеҳни мо дур кардан душвор аст, вале ҳаргиз ин тавр нест! Хусусияти хоси оилаи то инқилобии тоҷик аз он иборат буд, ки дар оила сардор, яъне падар ҳукмфармоӣ мекард. Сарвари оила падар буд ва ҳама аъзоёни оила вазифадор буданд, ки ба вай гӯш кунанд, баъзеҳо ҳамин омилро боиси паст задани зан ва поймол гаштани ҳуқуқҳои ӯ дар зиндагӣ медонанд. Ба гумони банда ҳуқуқи занро на ин, балки вазифаи худро иҷро накардани мардон дар замони мо поймол мекунад! Агар марди имрӯз вазифаи ризқрасон будани худро дар оила фаромӯш накунаду сиёсати падарона дар ҳар хонавода ҷорӣ бошад, аксари масоили ахлоқию иҷтимоӣ, ҳатто иқтисодии ҷомеаи мо ҳали худро меёбанд. Зан новобаста аз саводу ҷаҳонбинӣ, кору фаъолият ва баланд ё паст будани сатҳи молиявиии ҳаёташ ба мард, дастгирию маслиҳати ӯ ниёз дорад. Оила низ ҳамон вақт оилаи солим буда метавонад, ки сарони он марду зан ҳамдигарро фаҳманд…