Мушкилоти зиндагӣ маъюбонро ҳама рӯз думболагир аст, ҳам дар кӯча ва ҳам дар хона. Яке аз мушкилоти асосие, ки имрӯз сари ҳар қадам бо он рӯ ба рӯ мешавем, ин дастрас набудани баъзе аз объектҳои муҳити моро иҳотанамуда мебошад. Масалан, оё маъюбон метавонанд аз нақлиёти мусофиркаш истифода кунанд? Махсусан, нафаре, ки аз биноӣ маҳрум аст ва ё пои равон надорад. Ё ин ки мушкилоти дигарашон ҳангоми ворид шудан ба биноҳои баландошёна, истифода аз лифту ҳоҷатхона, будани монеаҳо ва пандусҳо барои маъюбоне, ки бо аробача ҳаракат мекунанд. Ва мутаассифона, мебинем, ки сари ҳар қадам биноҳои нав бунёд мегарданд, сохтмонҳои ин ё он корхонаю мағозаҳо ба итмом мерасанд ва ё тармиму таҷдид мешаванд, вале боз бо ҳамин монеаҳои зикршуда. Ҳангоми тарҳрезии биноҳо ва сохтмони иншоотҳо чаро ин мушкилоти маъюбон ба инобат гирифта намешаванд? Воқеан, ин мушкилот зери суол аст? Намедонам сари ин масъала кӣ бояд андеша кунад, муҳандис, меъмор, сохтмончӣ...
Як қатор қонунҳое, ки дар мавриди дастгирии маъюбон аз ҷониби давлату ҳукумат пешбинӣ шудааст, дар самти ҳифзи иҷтимоии онҳо мавқеи муҳим доранд ва албатта, дар сурати дифоъ кардани ҳуқуқҳояшон аз ҷониби худи маъюбон. Шоҳиди ҳолатҳое мешавем, ки маъюбон ё волидонашон бо надонистани баъзе аз қонуну қавоиди вобаста ба маъюбон ё ин ки ба қавле шарм доштан аз атрофиён аз имтиёзҳои худ бебаҳра мемонанд. Масалан, наметавонанд аз аробачаҳои маъюбӣ истифода кунанд, кӯмакпулӣ гиранд, аз иттилооту маориф ва хизматрасонии тиббӣ ва ғайра истифода кунанд.
Чанде пеш дар як дарси омӯзишӣ ҳуҷҷате дастрасам шуд, бо номи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон, ки ҳадафи он пуштибонӣ аз ҳуқуқи [i]маъюбон буд. Дар Конвенсия дар масъалаи тарзи истифодабарии ҳама намудҳои ҳуқуқҳои ба шахсони дорои маъюбият баён гардидааст, махсусан, дар самти занону кӯдакони маъюб. Масалан, дар моддаи 7 омадааст:
Кӯдакони маъюб
1. Давлатҳои иштирокчӣ ҳамаи чораҳоро мебинанд, то ки ба кӯдакони маъюб татбиқи пурраи ҳамаи ҳуқуқхои инсон ва озодиҳои асосиро баробар бо кӯдакони дигар таъмин гардонанд.
2. Дар ҳамаи амалиётҳои вобаста ба кӯдакони маъюб манфиатҳои аз ҳама баланди кӯдак ба инобат гирифта мешаванд.
3. Давлатҳои иштирокчӣ шароит фароҳам месозанд, ки кӯдакони маъюб ҳуқуқ дошта бошанд дар бораи масъалаҳои ба онҳо дахлдор нуқтаи назари худро, ки мувофиқ ба синну сол ва балоғати онҳо муҳим мебошад, баробар бо кӯдакони дигар озодона иброз намоянд ва барои амалисозии ин ҳуқуқҳо мувофиқ ба дараҷаи маъюбӣ ва синну сол ёрӣ гиранд.
Дар асоси якчанд мавод ва маълумоти аз дарси омӯзишӣ ба дастомада аксарияти кишварҳои собиқ шуравӣ ин ҳуҷҷатро пазируфтаанд, инчунин давлатҳои Осиёи Миёна, ба ҷуз Тоҷикистон. Ва шояд вақти он расидааст, ки Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби кишвари мо низ ба хотири дастгирии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳам ташаккули иҷтимоии маъюбон ба имзо расад. ШОЯД!
Қутбия