Нахустин донишгоҳи инсон оила мебошад. Оилаи солим онест, ки дар он зан ва шавҳар соҳиби фаҳмишу идрок ва донишу маълумоти лозимаанд, зиндагиро дар асоси якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром бунёд намуда, фарзандони боодобу поквиҷдон тарбия ва ба ҷамъият эҳдо менамоянд. Дар ҳама давру замонҳо вазифаи асосии оила тарбияи фарзанд мебошад, ки дар он нақши модар хело бузург аст, зеро ҳаштод фисади тарбияи фарзанд аз модар вобастагӣ дорад. Тарбияи кӯдак ҳамон вақт мукаммал мегардад, ки ҳамкориии зич, ҳамбастагӣ байни кӯдакистону оила, мактабу оила ҷоннок карда шавад, - мегӯяд ғолиби озмуни мурабии сол, мураббияи кӯдакистони рақами 123-и шаҳри Душанбе, Фароғат Қурбонова.
Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 74 Ҳилола Назарова дар хусуси муҳим будани бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии кӯдакон дар оила қайд мекунад:
- Ҳар оила дорои тартибу низоми худ мебошад. Масалан, дар оилае, ки мо 4 нафар тарбия гирифта ба воя расидаем, чунин тартибу низом ҷорӣ буд: Модарам, ки худ омӯзгор буданд, ба мо фарзандонашон нақшаи реҷаи рӯзро тартиб дода, вазифаҳои моро дар он дарҷ мекарданд. Бегоҳӣ вақте ҳама дар сари дастархон ҷамъ меомадем, модарам корҳои иқрокардаи моро як-як пурсида, падар барои содиқона иҷро намудани ӯҳдадориҳо ба мо инъомҳо додаву рӯҳбаландамон менамуданд. Модар нисбати тозагии хона сахтгир буданд. Охири ҳар ҳафта волидайн китобу дафтар ва рӯзномаҳоямонро аз назар мегузарониданд, супоришҳои иловагӣ медоданд. Ҳар шом баъди тамошои барномаҳои бачагона ба хондани асарҳои бадеӣ машғул мешудем. Писарон бо ҳамроҳии падар ба клуби варзишӣ мерафтанд, мо духтарон ҳамроҳи модар хӯрок мепухтем. Ҳамаамон мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда соҳибтахассусу соҳибкасб низ шудем. Насиҳати модар пеш аз издивоҷ ба мо духтарон чунин буд: «Духтарам, ба он оилае, ки меравед, сараввал ҳурмату эхтиромро ба ҷо оред, худро ба шарту шароитҳои оилаи нав мутобиқ созед, босабру ботаҳаммул бошед». Ҳамин насиҳатҳои модар буданд, ки тӯли бист сол аст, зиндагии орому осоишта дорам, фарзандони солиму солеҳро барои ҷамъияти ба воя мерасонам.
Донишҷӯи факултаи рӯзноманигории ДМТ Замира Мирова мегӯяд, ки аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ба ташвиш омадааст.
- Сарвари давлат соли 2015- ро махсус «Соли оила» эълон намуданд, то мардум ба масъалаи оилаву оиладорӣ бо диди тоза аз зовияи ақл кор бигиранд. Зиёд шудани арқоми вайроншавии оилаҳо маро ҳамчун як фарди худогоҳи ҷамъият афсурдаву ғамигин месозад. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар баробари оила муассисаҳои таълимоти миёнаи умуми низ барои тарбияи наврасон саҳми бештаре гузоранд. Дар зимн фанни «Одоби оиладорӣ» дар макотиби миёна бояд ҷоннок карда шавад.
Гулноз