- 1) Мехостем,аз ташкилёбии ширхоргоҳ ба мо рушани андозед.Ширхоргоҳи мазкур соли 1966 бо дастгирии ҳукумати шаҳр бунёд гардидааст.Давоми ин солҳо шахсони баруманди диёри шаҳри Ваҳдат аз ин даргоҳ тарбия гирифтаю соҳиби ҷою манзил ва дар муассисаҳои давлати айни замон фаъолият намуда истодаанд.Шахсан худи ман дар ҳамин ширхоргоҳ тарбия гирифтаю соҳиби зиндпагӣи худ шудаам.
2) Донишу таҷрибаи тарбиятдиҳандагон дар кадом сатҳ қарор дорад? Дар ширхоргоҳ 25 нафар мураббияҳо ба тарбияи кӯдакон машғул ҳастанд.Онхо ба тарбияи бештар аз 1З0 нафар кӯдако омода ҳастанд. Дар ширхоргоҳ 7 гурӯҳ таълим гирифта,дар ҳар як гурӯх З0 нафар кудак хар сол тарбия мегиранд. Ба онҳо муттахассисони хуб тарбия медиҳанд.Ҳар яки онҳо дар муассисаҳои таълимии донишгоҳхо тарбия гирифтаанд.Кӯдакон ба омӯзиши фанҳои англисию рӯсӣ фарогиранд.Онҳо инчунин ба машғулиятҳои ҳаррӯза бозиҳои»Рангинкамон» офарин,расмкашӣ,бандкашӣ ва омӯхтани рақсу суруд фарогиранд,ки ба онҳо таълимдиҳандагони соҳибихтисос дарс м егӯянд.
З) Оё шароити нигоҳдории тифлон дар ширхоргоҳ ҷавобгӯи талаботи рӯз ҳаст?.Албатта падару модарон бо як уммеду орзу,фарзандони хешро ба ширхоргоҳ оварда,бо хотири осуда пайи кори хеш мешаванд.Дар ширхоргох албатта мураббияҳои кордону хушсалиқа ба тарбияи онҳо машғул мешаванд.Сари вақт ба кудакон хӯрок додану ба онҳо нигоҳу бини ҳар як корманди ин муассиса вазифаи аввалиндараҷа аст.Ман чун як масъули фарзандони шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ осуда нестам ва ҳама вақт кушиш мекунам,ки падару модарон аз мо шикоят намоянд.
4) Ба муассисаи томактабӣ киҳо бештар кумак мерасонанд? Ба муассисаи мо бештар Хукумати маҳалии шаҳри Ваҳдат,раёсати маорифи шаҳр,ва падару модароне,ки фарзандонашон дар шиорхоргоҳи мо тарбия меёбанд, бо маводҳои зарури аз қабили хурду хӯрок ва столу стулҳо ва дигар ашёҳо таъмин менамоянд.Дар фасли зимистон бо дастгирии падору модарон печкаҳои барқӣ дар кӯдакистон харида шуд.
5)Кӯдакони дар ширхоргоҳ тарбия ёфта аз кӯдакони дар хона тарбия ёфта чи фарқ дорад? Албатта кудакони дар ширхоргох тарбия ёфта аз кудакони дар хона тарбия ёфта фарқи кули доранд. Пеш аз ҳама одоби муоширати кудакони дар ширхоргох тарбия ёфта фарки зиёд дорад.Онҳо аввалан нисбати калонсолон бо як назари дигар менигаранд ва фарқкунандаанд.Аз ҷихати донишу рафтор ва хислату характер,нисбати кудакони дар
Истиқлолу ваҳдатро парастиш бояд кард
Имрузҳо дар ҷомеаи навину соҳибистиқлоли мо бонувонро дар сатҳи баланди кору зиндаги дида,аз он хурсанд мегардем,ки бонувони мо аллакай мақому манзалати хешро дар тамоми соҳоти кишвар дарёфта,аз он комёб гардидаанд. Аммо мо баъзан ба паҳлуҳои дигари кору рафтори бонувон нигариста афсус аз он мехӯрем,ки мо бонувон бетарафиро пеша намуда, баҳри ободию сарсабзии диёри гулгуншукуфони худ андеша намекунем.Мебинем,бонуи тоҷик кӯдаки ширхораи худро партофта,гӯё барои дарёфти ризқу рӯзи ба кишвари Руссия меравад. Аққалан андеша надорад,ки кӯдаки ширхора,дур аз парастории модар чи гунна тарбия меёбад? Гарчанде, барои тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар,масъулияти ҷиддиеро сарвари давлат ба миён гузошта бошад,ҳам аммо то ҳануз аз ҷониби баъзан оилаҳо,ин риоя карда намешавад.Масъалаи ҷиддие,ки имруз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст,ин аз ҷониби баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароию эксместрести шомил шудани онҳо аст. Имрӯз модари тоҷик ба Руссия занг зада ба ҷои ҳолу аҳволи фарзанди мусофираш,аз ӯ пулу доллар мепурсад.Ай,хохари азиз,камее ба худ биё, мо аз куҷо медонем,ки аҳволи дур аз ватан рафтаи фарзанди мо дар он ғарибиҳо ,чи гуна аст? Пеш аз ҳама андеша бояд кард.Аз ҷониби дигар ятимхонаҳои бачаҳои дур аз тарбияи падару модар монда,ҳадду ҳисоб надорад.Онҳо ташнаи як меҳрубонии самимонаи модар хастанд.Шукрона бояд кард,ки имруз дар ҷомеаи навину соҳибистиқлол умр ба сар бурда истодаем.Як андеша намоед,гузаштаи начандон дури давраи солҳои гузаришро. Ёд дорем,барои порчаи ноне,дар назди мағозаҳои нонфуруши,қиёмате барпо мешуд.Зимистони солҳои 1991-1995 мардуми шарифи тоҷигистон роҳгумзадаю зору ҳайрон чи кор кардани худро намедонистанд.Ба шимолу ҷануби Тоҷикистон ба ҳайси гуреза ба давлатҳои хориҷ роҳсипор мегаштанд.Барои бурдаи ноне., модари тоҷик ҳатто фарзандони худро ба дарёҳо мепартофтанд .Азоби гуруснагию хунукиҳои сарди солҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ, то ханӯз аз хотири шаҳрвандон фаромуш нашудааст. Биёед модарони азиз, сари андеша фуруд биёем, хуб андеша намоем, ба тарбияи фарзандони худ пуртавваҷӯҳ бошем.Барои мо тарбияи насли навини имрӯз хеле зарур аст.Барои мо занон пеш аз ҳама мустаҳкам нигоҳ доштани оила муҳимияти бештаре дорад.Дар тарбияи духтарони ҷавон эътимоди комилро нигоҳ доштан зарур аст.Бояд мо фарзандеро ба воя расонда,дар ҷомеаи навину ҳуқуқбунёд мавқеи худро дарёбем.
Зебо Давлатова