Воқеан, мушоҳидаҳо метавонанд баъзе аз ақидаҳои коршиносони масоилро рад намоянд ва баръакси гуфтаҳои эшон бошанд, хусусан дар мавзуи зӯроварӣ дар оила.
Рӯзи истироҳатӣ барои дидорбинии волидон ба деҳа мерафтам. Дар истгоҳ мунтазири нақлиёт будам. Одамони зиёд интизорӣ мекашиданд. Касе саросема буд, бо нақлиёти сабукрави кирокаш мерафт, дигаре роҳи нақлиёти мусофирбарро мепоид. Хуллас, теъдоди мусофирон кам мешуданду боз меафзуданд. Зане дар назди ман истода пурсид, ки куҷо меравам ва кадом нақлиётро интизорам. Ва ҳамин минвол сӯҳбатамон бо ӯ оғоз ёфт. Дар ҷараёни гуфтугӯамон он зан аз журналист буданам огоҳ шуд ва пурсид:
- Ҳамон қиссаҳое, ки дар газетаҳо менависанд, рост аст?
- Чӣ гуна қиссаҳо? Дар газетаҳо қиссаҳо зиёданд,- кунҷковона пурсидам аз ӯ, то тавонад фикрашро ошкоротар баён кунад.
- Дар бораи ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ. Агар тавонӣ, ки аққалан дар газета дарди дилатро гӯӣ… - гуфта, рӯяшро дигар тараф гардонд.
- Хайр, баъд чӣ? Магар проблема бо ин восита ҳал мешавад?
- Нею… Дарди дил сабук мешавад-ку, - гуфт вай.
Чашмонаш ғарқи об буданд. Кӯдаки дар бағалаш бударо зичтар ба оғӯш мегирифту мехост аламашро аз ман пинҳон дорад.
Заррина (номи мустаор) оқибат рози дилашро бароям кушод. Ҳар қадар ҳаво гармтар мешуд, вале намедонам чӣ ҳиссиёте буд, ки наметавонистам дарди қалби ин бонуро гӯш накунам. Вай мегуфту мегирист. Дар охир минатдорона гуфт, ки агар хоҳед, ягон чиз нависед, агар не, хафа нестам. Раҳмат, ки маро тоқат карда, гӯш кардед. Хеле сабук шудам, раҳмат.
Заррина се сол боз бо шахси дӯстдоштааш зиндагӣ дорад. Пеш аз оила барпо кардан миёни онҳо муҳаббати самимӣ буд, гӯё аз байни онҳо қил намегузашт. Ҷавон кӯшиш мекард, муносибаташон сард нашаваду кабки ромкардаашро аз даст надиҳад ва аз ин рӯ, ҳамеша бо Заррина ҳалимона муомила мекард.
- Ростӣ, бо атрофиён муносибати хеле сард дошт, хусусан, бо ҷӯраҳояш. Ва ё бо телефон бо ягон нафари аъзои оилаашон дағалона сӯҳбат мекард. Ҳайрон мешудам, ки чӣ гуна метавонад бо ман чунин рафторҳои дағалонаашро накунад. Ба дил фахр мекардам, ки маро сахт дӯст медорад, - мегӯяд вай.
Ҳамин тавр, бо «дӯстдориҳо»-и зиёд оила барпо шуд ва муноқишаҳо ҳам баробари оиладорӣ оғоз шуданд. Сабаб ҳар чизу ночиз буд, гарчанде камбудие дар рӯзгор набуд. Ҳам пӯшидани либоси арӯсӣ, ҳам каме дертар омода шудани хӯрок ва ҳатто, дар нӯҳ моҳ нею дар ёздаҳ моҳи баъди тӯй таваллуд шудани кӯдак боиси латукӯб шудани Заррина мешуд. Хушдоманаш келинро насиҳат карда, мегуфт, ки падараш ҳам чунин хислатҳо дошт, «талххона» буд, вале бо ҳама сабркуниҳо рӯзҳои бад пушти сар шуданд.
- Ман аз он занҳое нестам, ки ҳуқуқҳоямро надонам ё ҷойи кор надошта бошаму мӯҳтоҷи нони шавҳар бошам. Ояндаи кӯдакамро ҳам фикр намекунам. Насибаашро меёбад. Фақат як чиз пеши роҳи маро мегирад, вагарна барои ин хел муносибаташ ба суд медиҳам. Хотири волидонро мекунам, охир ҳамин урфу одатҳои мо инро талқин мекунанд, ки бояд ба ҳама гапу мушту лагади шавҳар тоқат кунему овоз набарорем. Насиҳати волидонро гӯш кунему аз гапашон набароем. Ба қавли онҳо «қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад» гуфта, «сари кафида зери тоқӣ» гардем, - оби чашмашро пок карда, гуфт Заррина.
Воқеан, риояи одатҳои ниёгонамонро дар мақолу зарбулмасалҳои халқӣ низ дидан мумкин аст, ки моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, бахшиданҳову сабр намудан даъват мекунанд. Масалан, «дар ҷанги зану шавҳар остонаи дари хона механдад», «занро задани мард нишони муҳаббати мард ба зан аст», «нони шӯ арра дорад, арраи шашпара дорад»… Ва боз муқобили ин гуфтаҳо шояд ин мақоли халқӣ низ рост ояд?
Дил, ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,
Косаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Бале, оё метавон қалби шикаставу асабҳои харобгаштаро бо панду насиҳати гузаштагон барқарор кард? Чаро волидон бо панду насиҳатхониҳо гоҳҳо худро бетараф нишон медиҳанду аз оқибати зӯровариҳо, ки ба сари фарзандонашон нокомиҳо меоранд, андеша намекунанд? Охир, мо дар кадом аср зиндагӣ дорем?
Вақте ҷабрдида ва ё азияткашидае аз боби мушкилоташ ҳарф мезанад, аз рӯи одат мегӯем, «ҳеҷ гап не, ҳамааш нағз мешавад, сабр кун». Аслан, ҳар мушкилро худи ҷабрдида хубтару беҳтар метавонад дарк кунад ва роҳи ҳалашро пештар ёбад. Мо метавонем тавсияе диҳем, ба хотири рӯҳан ором кардани як нафар корафтода ва ё ҷабрдидае. Бале, тавсия додан осон аст. Ман ҳам чунин тавсияро ба Заррина додам: сабур бошад!
Қутбия