Мусаллам аст, ки дар кишварҳои пешрафтаи олам ҳам лагерҳои тобистона имкони фарогири кули кӯдакону наврасонро надоранд. Аз ҷумла, дар кишвари мо, ки тибқи иттилои расмӣ шумораи ноболиғони мактабхон беш аз 742 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дода, талабот ба истироҳатгоҳҳои кӯдакона меафзояд. Бинобар маълумоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, аз ҳоли ҳозир бо мақсади фароҳам овардани шароити истироҳати кӯдакону наврасон дар назди Федератсияи мазкур ситоди «Тобистони соли 2015» таъсис дода шудааст. Тибқи маълумотҳое, ки Федератсияи мазкур дастраси расонаҳо кардааст, имсол дар чаҳор басти лагерҳои тобистонаи бачагон 352 ҳазору 242 нафар наврасону кӯдакон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Ин теъдод толибилмон аз ҳисоби Агентии ҳифзи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттифоқҳои касабаи вазоратҳо ва корхонаю ташкилотҳои кишвар истироҳат мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар таътили тобистонаи соли гузашта дар 4 ҳазору 227 истироҳатгоҳҳои дохилу хориҷ аз кишвар 358 ҳазору 242 нафар кӯдакони синни мактаби тафреҳ намудаанд.
Шуғлҳои муфид
Дар баробари истироҳатгоҳҳои тобистона, инчунин муассисаҳои таҳсилоти иловагии кишвар низ барои ҷалби толибилмон ба машғулиятҳои муфид саҳм хоҳанд гузошт. Ба гуфти Хол Холназаров, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, айни ҳол дар шаҳру навоҳии кишвар 83 адад муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ арзи вуҷуд доранд, ки дар онҳо 48 ҳазору 648 нафар наврасон ҳунару истеъдоди худро такмил медиҳанд. Муассисаҳои мазкур тамоми сол, аз ҷумла дар тобистон ҳам фаъолият дошта, толибилмони батаътилбаромадаро ба ҳар гуна шуғлҳои муфид фаро мегиранд.
Таътил: тафреҳ ё оворагардӣ?
Ҳамин тавр, дар ин мавсим теъдоди чашмраси наврасону кӯдакон дар истироҳатгоҳҳо тафреҳ карда, боқимонда, таътили тобистонаро дар муҳити хонавода сипарӣ менамоянд. Тавре зикр шуд, таътили тобистона мавсими ҳассосе дар табодули афкору ахлоқи толибилмон ба ҳисоб рафта, ба шуғлҳои муфид ҷалб кардани наврасон дар солимгардонию рушди зеҳнии онҳо аҳамияти хоса дорад. Дар акси ҳол, кӯдакону наврасоне, ки таътилро дар муҳити беҳудагардию холигии фазои маънавӣ мегузаронанд, дар гирдоби омилҳои мусибатбор дармемонанд. Зеро инсон, ба хусус наврасон ба ғизои маънавӣ талаботи беохир дошта, иттилооту мушоҳидаҳои манфии берун аз муҳити мактабу оила ба афкори онҳо таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд. Мисоли рӯшани он муҳити оилаҳои пошхӯрда ва хонаводаҳои сарваронаш дар муҳоҷирати корӣ қарордошта мебошад, ки як муддати беназоратии зодмандон боиси коҳиш ёфтани хулқу атвори фарзандони ноболиғ мешавад. Вақте фарди ноболиғ дарсгурезию кӯчагард шуд, дигар ба таҳсили илму ҳаёти солим баргардонданаш душвору имконнопазир аст.
Қишри осебпазир
Кӯдакони кишвари мо, вобаста ба муҳити минтақаҳои зисти худ, мушкилоти гуногун доранд. Дар навоҳии дурдаст норасоии муассисаҳои томактабӣ ва ниёзмандии ҷомеа ба парваришгоҳҳои кӯдакони маъюбу бепарастор ва мактабҳои таълими инклюзивӣ мушоҳида мешавад. Маҳмадрасул Иброҳимзода, масъули шӯрои васояту парастории назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, иброз медорад, ки бо мақсади пешгирӣ аз афзоиши кӯдакони ятим мебояд мӯҳлати бекоркунии ақди никоҳи оилаҳои ноустувор аз 6 моҳ то 1- 1,6 сол тамдид карда шавад. Инчунин, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо бояд ҳаҷми алимент боло бардошта шавад. Ин омил масъулияти падаронро дар тарбияи фарзанд бештар намуда, ҳамзамон ба манфиати ятимонест, ки баъди ҷудошавии зодмандонашон дар тарбияи модар мемонанд. Зеро барои дар сатҳи лозим тарбия ёфтани кӯдакони ятиму бепарастор чӣ қадар кӯмак расонем, боз кифоят намекунад.
Ба гуфти Маҳмадрасул Иброҳимзода, солҳои 2013-2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се маротиба ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, зимни суҳбату вохӯриҳо бо мардум ба 66 тифлони кулл ва 500 кӯдакони бепадар кӯмакҳои гуногуни пулию молӣ расонида, модарону кӯдакон бо сару либос ва дигар лавозими рӯзгор таъмин шудаанд.
Нақши муассисаи томактабӣ дар рушди кӯдак
Дар самти беҳдошти шароити тадрису вазъи иҷтимоии кӯдакону наврасон дар ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ мушкилу масоили ҳалталаб вуҷуд доранд. Омӯзгорони соҳибтаҷриба иброз медоранд, ки яке аз сабабҳои асосии коҳиш ёфтани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии музофот ин аз байн рафтани боғчаҳои бачагонаи собиқ хоҷагиҳои коллективӣ мебошад. Зеро тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои рушди кӯдак дар омодагии бачаҳо ба мактаб нақши бузург дорад. Бинобар гуфтаи Саноат Ҳакимова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, кӯдаконе, ки дар муассисаҳои томактабӣ тарбия гирифтаанд, дар омӯзиши фанҳои ибтидоии мактабӣ нисбат ба дигар ҳамсолони хеш фаъолтаранд. Дар муассисаҳои томактабӣ кӯдакон натанҳо алифбои тоҷик, балки ҳисоб, хониши суруд ва санъати тасвириро ба ҳадди имкон аз бар намуда, дар синфи аввал аз бисёр ҷиҳат омодаанд.
Яке аз роҳҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарварӣ ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи онҳо ба илму донишандӯзӣ, ин рушду инкишофи муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои рушди кӯдак мебошад, - мегӯяд Муҳаммад Хоҷамуродов, котиби комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Хуросон. - Аз 104 ҳазор аҳолии ноҳияи Хуросон 51 ҳазору 794 нафари онро афроди то 18 соларо ташкил медиҳад, ки аз ин 22 ҳазору 386 нафарашон кӯдакони то 7 солаанд. Дар ноҳия ҳамагӣ 3 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, ин шабу рӯз бо иқдоми соҳибкорон бунёди ду боғчаи замонавӣ идома дорад.
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки теъдоди муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои рушди кӯдак талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қаноат намекунанд. Зеро, тибқи маълумотҳои оморӣ, ба 1-уми январи соли 2015 дар кишвар 527 муссисаҳои томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 80 ҳазору 442 нафар кӯдакон тарбият мегиранд, ки ин ҳамагӣ 10 дарсади кӯдакони Тоҷикистонро дар бар мегирад. Инчунин, дар 1031 адад Марказҳои рушди кӯдак 25 ҳазору 616 нафар кӯдакон тарбия меёбанд. Бо назардошти талаботи ҷомеа ба муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои рушди кӯдак Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати бунёди муассисаҳои томактабӣ барои соҳибкорони ватанӣ имтиёзу шароитҳои гуногунро фароҳам намуда истодааст. Коршиносони риштаи илму маориф бар онанд, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва саводнокии насли наврас ба беҳдошти шароити мусоид баҳри тарбияи кӯдакон дар Марказу муассисаҳои тарбиявии томактабӣ иртибот дорад. Зеро таълиму тарбияи ибтидоӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ муҳимтарин марҳилаи рушди зеҳнию таълиму тарбияи ибтидоии кӯдак аст.
Ҷамолиддин Сайфиддинов