Давраорои чорабинӣ ҷавонони маъюб буданд, ки аз маҳсули ҳунарашон базмгоҳ ҳусни дилрабое дошт. Ризқинисо Худойбердиева, раиси бахши ноҳиявии Ҳилоли Аҳмар дар ноҳияи Рудакӣ, зимни истиқболи меҳмонон баргузории чорабинии мазкурро баҳри дастгирии маъюбону ҳунармандони ҷавон муҳим арзёбӣ намуд. Баъди намоиши маҳсули дастони маъюбон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили велосипедронӣ, дастхобонӣ миёни писарону духтарони маъюб доир гардид. Баъдан масъулони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бахши дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият доштаи он ба иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишӣ мукофотҳои ҳавасмадӣ тақдим намуданд.
Дида ба таърих
Чун мушоҳида аз ин манзараҳо хотираҳои бист сол пешро аз нав зинда мекард, ба маврид аст, ки аз таърихи фаъолияти башардӯстонаи яке аз ҷамъиятҳои бонуфӯзи Тоҷикистон, ки аз аввалин ташкилотхои кӯмакрасони ҷумҳурӣ аст, ёдовар шавем.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ташкилотҳои собиқадори кишварамон аст, ки ҳадафи асосиаш расонидани кӯмаки аввалия ба ниёзмандон, омӯзиши ғояҳои башардӯстона дар заминаи ҳафт принсипи бунёдии ҷумбиш (Инсондӯстӣ, Беғаразӣ, Бетарафӣ, Мустақилият,Ихтиёрӣ, Ягонагӣ, Универсалӣ) мебошад. Бояд гуфт, ки дар тӯли беш аз 85 соли фаъолияти хеш ин ташкилоти мададгор нишебу фарози зиёдро тай намудааст. Кору таҷрибаи башардӯстонаи ихтиёриёни ин ҷамъият дар замони таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар майдони ҷанг ба маҷрӯҳон мадади аввалия мерасониданд, хуб ба назар расида аст. Инчунин ҳазорхо ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон барои афсарону аскарони фронт маводи озуқаву либоса ҷамъ оварда, ба фронт мефиристоданд. Баъдан Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари мо рушд ва ташаккул ёфт. Аз аввалин ташкилоҳои хайрхоҳу мададрасон буд, ки бар ба бари мардуми ниёзманд истода, мушкидоти онҳоро осон намуд. Бо вуруди Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва дертар Федератсияи байналхалқии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мақому мавқеи ҷамъияти тоҷикистонии он боло рафт. Бахшҳои ноҳиявии он, ки як муддат аз фаъолият бозмонда буданд, дигарбора дари худро ба рӯи мардуми ниёзманд кушоданд. Сафи кормандону бахшҳои ҷамъият рӯз ба рӯз афзуда, тавассути федератсия кормандони Ҳилоли Аҳмар нахустин шуда ба кӯмаки пиронсолону дармондагон пардохта, ба осебдидагони майдони набард ва ҳолатҳои фавқулодда кумак мерасониданд. Баъдан дигар ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои урупо хоҳиши бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ буданро пайдо намуда, дар ин самт садҳо барномахои башардӯстона , аз қабили тақсимоти маводи хӯрокаю пӯшока тавассути ин ҳамкориҳо халли мусбати худро ёфтанд. Чун давлат ба низоми муайян даромад, Ҳилоли Аҳмар ҳам самти фаъолияти худро аз боби тақсимоти кӯмакҳо ба омӯзиши касбу ҳунар ва ҳалли мушкилоти оби ошомиданию чораҳои санитарӣ , пешгирии ҳар гуна касалиҳои сироятӣ ва дигар амалҳои номатлуб нигаронд. Аксари бахшҳои ноҳиявӣ соҳиби ҳуҷраи кории алоҳида шуда, барномахои зиёди ташкилот бомуваффақият амалӣ мешуданд. Дар минтақаи Рашт соҳаи занбӯри асалпарварӣ , сехҳои нонпазию қаннодӣ ташкил шуда ва дар чанд ноҳияи дигар аз инкишофи барномаҳои чорводорӣ ҳам мардум манфиат диду ҳам кори бахшҳои ҷамъият рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , Вазорати меҳнат , маориф ва Кумитаи холатҳои фавқулодда яке аз рукнҳои асосии кори ҷамъият ва бахшҳои ноҳиявии он буд. Миёнаи солҳои навадуми асри гузашта ҳазорҳо –ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ бинобар норасоии маводи озуқа ва либоса, хоса аз вазъи иҷтимоии хонавода ба беморихои сироятӣ, аз қабили домана, сил ва хоришак (чесотка)-ю дигар касалиҳо мубтало шуданд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, пайи мушкилоти ба сар афтодаи мардум камари ҳиммат баст. Ҷамъият бо ҷалби донорҳои хориҷӣ , аз ҷумла Федератсияи байлалхалқии Салиби Сурх ва ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар тамоми беморхонаҳои ноҳияҳои пилотиро , ки ба ин вабо дучор омада буданд, бо маводи аввалияи тиббӣ таъмин намуда, сари ҳар чанд вақт монитори онро ба роҳ мемонд. Новобаста аз вазъи ногувори минтақаҳо бахшҳои ноҳиявӣ ва кормандони марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нуқтаҳои тиббии деҳот ва дармонгоҳҳои амбулаторӣ дидан карда, бо мардум аз наздик ҳамсуҳбат мешуданд, ки мақсад аз ин вохӯриҳо шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии онҳо буд. Ин машварату суҳбатҳо имкон дод, ки барои мардуми осоишта донистани расонидани кӯмакҳои аввалия ҳангоми ба миён омадани садамаҳои автомобилӣ ё касалиҳои дигари инсонӣ ва сар задани офатҳои табиӣ хеле зарур мебошад. Бинобар ин, тавассути ташкилотҳои мадагори хориҷӣ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ яке аз барномаҳои калонтарини худро дар боби омӯзиши расонидани кӯмакҳои аввалия дар ду самти дар боло зикр шуда ба роҳ монд. Ин барнома, ки дар сар то сари ҷумхурӣ амалӣ гардид, хароҷоту маблағҳои зиёдеро бо ҷалби ихтиёриёни бешумор, аз қабили хонандагони мактабҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо, донишҷӯёни макотиби олӣ ва кормандони соҳоти мухталифи ҷумҳурӣ дар бар мегирифт, самараи дилхоҳ ба бор овард. Ҳоло бахши ноҳиявии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ноҳияи Рудакӣ садҳо нафар ихтиёриёнро дорад, ки ҳангоми рух додани ин ё он ҳодиса барои расонидани мададҳои гуногун ба сафи кормандони ҷамъият ҳамроҳ мешаванд. Қобили зикр аст, ки ҷамъияти мазкур дар самти беҳбудӣ бахшидан ба вазъи фарҳангӣ ва маишии аҳолии Тоҷикистон, ба вижа омӯзиши технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ низ аз нахустин ташкилотҳои саҳмрасон аст, ки ҳам дар марказ ва ҳам дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ин иқдоми хайрхоҳонаро дар сатҳи хуб ба роҳ монда истодааст. Айни замон бахшҳои ноҳиявии ҷамъият бо утоқҳои замонавӣ ва аёниятҳои корӣ , ҳатто иддае бо мошинҳои хизматӣ таъмин шудаанд, ки ин яке аз самтхои афзалиятнок ва беҳбудии кори ҷамъият мебошад.
Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Аммо дар ҳар давру замон як қишри осебпазири ҷомеа ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд. Ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои асосии хешро дар расонидани кӯмак ба ин гуруҳи мардум равона кардааст, рӯз аз рӯз дар инкишоф буда, обруву нуфузи худро дар ҷомеа болотар мебардорад. Умед аст, ки ҳамшарикони ин ташкилоти бонуфуз, аз ҷумла Федератсияи байналхалқии Ҷамъиятҳои салиби Сурҳ ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва дигар ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмар аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравию мамолики хориҷ дар самти пиёда намудани барномаҳои афзалиятнок ҷамъияти тоҷикистонии Ҳилоли Аҳмарро дар канор нахоҳанд монд.
Рустами НАЗИР