Кӯдакони асри 21 бештар ба дастгириву кӯмак ниёз доранд. Зеро таҳавулоти ҳарлаҳзаинае дар ҳаёти ҷомеа ба вуқӯъ мепайвандад, ки ба онҳо бетаъсир намемонад. Ва онҳо нисбат ба кӯдакони замони гузашта пешрафтатару ҳатто донотару зирактаранд. Саволҳое, ки ҳанӯз дар майнаи кӯдаки 4-5 сола чарх мезанад ва посухи онро ҷӯё мешавад, мо дар синни мактабхонӣ ҳатто дарк накарда будем. Он чизҳое, ки кӯдакони замони нав фаҳмидан мехоҳанд, мо, калонсолон дар посухашон гоҳе лол мемонем. Оё шумо чун шахси бузург, фарз кардем, як нафар олимед, ҷавоб дода метавонед, ки чаро осмон кабуд аст? Ва ё посух ба саволи ӯ, ки чаро мор дандон надорад, чӣ мегӯед? Албатта, барои ин бояд китобро варақ занед. Ё чаро дар филмҳои тасвирӣ офтоб чашму лаб дорад, ҳайвонҳо гап мезананд… ва ғайра. Дар охир, боисрор мегӯяд, ки ҳамааш дурӯғ аст!!! Офтоби ҳақиқӣ чашм надорад ва ҳайвонҳои аслӣ гап намезананд.
Аз куҷое хонда будам, ки кӯдакон аслан бо истеъдоди фитратӣ ба дунё меоянд, махсусан кӯдакони замони оянда. Фақат онҳоро тарбия мебояд.
Аз ин рӯ, мехостам Рӯзи байналмилалии кӯдакон на ба хотири як лаҳза ё як рӯз хурсандӣ намудани онҳо ҷашн гирифта шавад, балки мо, калонсолонро бори дигар ёдрас намояд, ки КӮДАКОН ҲАМЕША ВА ҲАР РӮЗ БА МУҲАББАТУ ДАСТГИРИИ МО ниёз доранд!!!