Бо ҳамин, се сол баъд бармегардад, ки писарчааш алаккай дусола шуда буд. Ин даъфа шавҳари Садбарг ҳамагӣ як моҳ бо аҳли оилааш мемонаду боз ба муҳоҷират меравад, зеро додари хурдияшро зан додан лозим буд. Пас аз рафтани шавҳар Садбарг худро бад ҳис карда ба беморхона мераваду духтурон баъд аз ташхис дар ӯ бемории шамолхӯрии шушро ошкор карда маслиҳат медиҳанд, ки дар беморхона хобад. Ҳарчанд хусуру хушдоманаш розӣ набуданд, вале падари Садбарг ӯро ба беморхона хобонида аз ҳисоби худ табобат мекунад, зеро оқибати бетабобат монданашро ногувор арзёбӣ карда буданд. Ҳангоми дар беморхона буданаш, додари шавҳараш ба хабаргирияш омада духтури табобаткунандаашро назди янгааш дида инро бо обу ранги зиёд ба акааш мерасонад. Шавҳари Садбарг гӯё маътали ишорат бошад, худи ҳамон лаҳза ба ҳамсараш смс-талоқ мефиристад. Бо ҳамин як калимаи даҳшатнок риштаи муқаддаси издивоҷ канда, оилае парешон ва тифлаке дар нимароҳи қисмат ҳайрон мемонад. Чун ба Садбарг гуфтам, ки чаро намехоҳад номи шавҳару макони зисташро дар ҳафтавор нашр кунем, бо чашмони пурнам гуфт:-охир, ман аз зиндагиям умед дорам. Қиссаи зиндагии Садбарг дар ҳафтаворе чоп шуд ва онро ба Руссия, ба шавҳараш фиристод, вале мутаассифона, ин ҳам натавонист ҷоми аз туҳмати ноҳақ шикастаи меҳри эшонро пайваст кунад. Аммо то ҳол чеҳраи маҳзуну чашмони пуроби ин ҷавонзани зебо аз пеши назарам дур намераванд, ба мардуми мо чӣ шудааст, ки ба муқадасоте чун оила чунин рафтор мекунанд?
Издивоҷ «холабозӣ» нест…
Издивоҷ пайванди муқадаси байни марду зан мебошад, ки бар дӯши ҳарду масъулияти бузургеро мегузорад. Ин масъулият аз муносибат бо пайванону атрофиёни ҳамдигар оғоз гирифта бо рисолати муҳимтарини инсонҳо дар ин дунё, тарбияи фарзанди солеҳ идома меёбад. Баъзан вайрон шудани оилаҳои ҷавонро, ки мутаассифона, дар замони мо хеле бисёр сурат мегирад, мушоҳида карда ба хулосае меоем, ки ҳама одатҳои наҷиби ниёгони мо оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодаанд. Солҳои пеш ҷудоии як оила дар як маҳал даҳшат ба ҳисоб мерафту пирони он мавзеъ кушиш мекарданд низоъи байни ҷавононро бо панду насиҳат ҳал намуда, ҷудоиро пешгирӣ кунанд. Имрӯз аксарият ба ин мушкил аз пушти панҷа нигариста, дар баъзе мавридҳо ҳатто волидайн ба фарзандони худ маслиҳате намедиҳанд. Дар ин ҳолат, бояд дар сари авлод пире бошад, ки ба ҷавонони ба доми қаҳру ғазаб афтода фаҳмонанд, ки никоҳ ин «хола»-бозӣ нест, он пайванди қудсиест, ки дар шоҳидии даҳҳо нафар бо амри Худо баста мешаваду зану шавҳар, хоса мард ба ҳозирин дар пеши парвардигор ваъда медиҳад, то ҳамсарашро дар тамоми пасту баланди зиндагӣ ҳамдаму ҳамроз бошад.
Зан ҳаргиз ғуломи ҳалқа бар гӯш нест!
Байни мардуми мо як ақидае роиҷ аст, ки келини хонадон бояд хизматгори хешу табори шавҳар бошад ва ба келини нағз ҳам чунин баҳоро сазовор медонанд, «келини хизматгор аст». Ин хеле хуб аст, ки зани тоҷик то имрӯз анъанаҳои неки ниёгони худро пос дошта барои атрофиёни шавҳар чун ёвару мададгор хизмат мекунад. Аммо дар баъзе оилаҳо аз ин «хизматгорӣ» истифода бурда, ҳуқуқҳои занро тамоман паст мезананд. Инро дар мисоли мусибати ба сари Садбарг омада дидан мумкин аст. Аз рӯи навиштаҳои ин зани ба туҳмат гирифтор бармеояд, ки духтури табобаткунандааш аз чилупанҷ сол калон буда, ба назари баде надоштааст. Ҳангоми омадани додаршӯям низ ӯ на танҳо бо ман, балки бо як зани ҳампалатаам низ ҳар гуна маслиҳатҳо медод-мегӯяд бо оби дида Садбарг. Мутаасифона, шавҳари Садбарг ба гапи бепояи додараш бовар кард. Садбарг мегӯяд, ки то ҳол духтур аз вазъияти ба сари ман омада хабар надорад, зеро ман шарм доштам барои исботи бегуноҳии хеш ӯро ба миён дарорам. Аз навиштаҳои ин зан бармеояд, ки ҳевараш доим ба зиндагии онҳо дахолат карда акаи дар ғарибиҳо азоб мекашидаашро бо занаш ҷанг меандохтааст. Арӯси хуби хонадон будан дигар асту зери юғи хушунати чанд ҷоҳил азоб кашидан дигар. Танҳо байни мардуми тоҷик одате ҳаст, ки (дар баъзе минтақаҳо) вақте ҳамсар бемор мешавад, ӯро ба хонаи модараш мебаранд, то табобат гирифта боз дар хизмати шавҳар ҳозир шавад. Фақат тоҷик (ин ҳам дар баъзе минтақаҳо) шарм надошта ҳамсари ҳомиладорашро барои таваллуд кардан ба хонаи волидонаш мебарад, то фарзандашро чилрӯза карда баъд ба хонааш биёранд. Оё ин чун бо ғулом муносибат кардан нест? Агар паҳлӯи дигари ин мушкилро таҳлил кунем, мардони мо дар ин ҳолатҳо нисбат ба модари фарзандонашон хушунати ҷисмониро раво мебинанд.
Ба мо тарбияи ахлоқӣ намерасад
Инсоният аз ибтидо талошу такопӯҳои зиёде барои ба меъёр даровардани ахлоқи башар сарф мекунад. Аз замоне, ки инсоният чун мавҷудоти дорои фикру андеша ва хирад шинохта шудааст, ахлоқ яке аз мавзуъҳои муҳими зиндагии будааст. Дар тамаддуни умумибашари ҳамтои миллати тоҷикро ёфтан душвор аст, ки бузургони илму адабаш ҳамагӣ бузургтарин асарҳояшонро ба ситоиши ахлоқи накӯ бахшидаанд. Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, бо майдатарин гап ба забон овардани калимаи талоқ аз набудани ахлоқи ҳамида маншаъ мегирад. Мутаасифона, смс-талоқ низ самараи ҳамин бефарҳангиҳост, вагарна марди аз оинҳои ҷавонмардию одамгарӣ ва аҳкоми шариат бохабар, ҳаргиз ба чунин амали номатлуб даст намезанад. Пеш аз он ки занеро бадбахт, кӯдакеро дар ба дар ва оилаи навсохташро вайрон мекунад, бояд мушкили пешомадаро омӯхта баъд ба хулосае биёяд. Дар ин роҳ пирони таҷрибадор, волидайн, аҳли ҷомеа, раисони маҳалҳо бояд маслиҳатгари ҷавонон бошанд….
Ҷавҳари Саидназар