Гурӯҳи асосиро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода сарварӣ дошт ва эшонро кормандони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд. Дар ин сафар масоили марбути хонаводагӣ, мушкили таълиму тарбияи насли ҷавон ва ғайра мавриди баррасию таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, атрофи пошхӯрии оилаҳои ҷавон, омилҳои мусоидаткунандаи ин зуҳурот, пешгирии никоҳи хешовандӣ, хушунати хонаводагӣ ва ба мардум фаҳмондани моҳияти ташхиси тиббии қабл аз издивоҷ бо аҳолӣ суҳбати ошкоро доир гашт.
Маҳбуба Азимова, сардори бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мекунад, ки мулоқоту дидорбиниҳо бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ хеле ошкорою самимӣ гузаштанд. Мардум дар ҳар маврид бештар аз хусуси оқибатҳои никоҳи хешовандӣ, ташхиси ҳатмии тиббии қабл аз издивоҷ ва хушунати хонаводагӣ пурсон мешуданд. Баъзеҳо ҳанӯз ҳам татбиқи ин тадбирҳоро ба таври бояду шояд қабул надоранд ва дар муҳити бовару эътиқодҳои худ истодагарӣ доранд. Аммо вақте бо шахсиятҳои шинохта, роҳбарони сатҳи аввали вазорату кумитаҳо рӯ ба рӯ сӯҳбати ошкоро мекунанду ба саволҳояшон посухи асоснок мегиранд, назарашон дигар мешавад. Ин ҳолат дар аксари мулоқоту маҳфилҳо мушоҳида мешуд. Мушкил он буд, ки сарварони бисёр оилаҳои ҷавон дар муҳоҷирати корӣ бурун аз кишвар қарор доранд ва таҳқиқу таҳлили паҳлӯҳои ҳуқуқии масоили хушунати хонаводагӣ, оқибатҳои никоҳи хешовандӣ ва фарҳанги хонаводагӣ яктарафа баррасӣ шуданд. Гурӯҳи мо. ки аз мутахассисони варзида иборат буд, ин масъалаҳоро хеле дақиқу рӯшан ва бо далелҳои кофӣ таҳлил намуданд. Аён буд, ки мардум ба дарки моҳияти ин масъалаҳо рафта истодаанд, аммо вақте оилаҳо нокомил ҳастанду нақши меҳвариро мардҳо мебозанд, натиҷагирӣ кардан ҳанӯз барвақт аст, зеро арӯсон ва ё модарони ҷавон ҳанӯз қудрати ҳалли масоили мубрами оиларо надоранд ва ё ба дӯши худ гирифта наметавонанд. Сухани асосӣ дар фарҳанги оиладории мо аз мард аст. Ин паҳлӯи масъаларо коршиносони мо хеле хуб матраҳ намуданд, яъне ин ҷо мушкили рӯҳию равонӣ мақоми меҳвариро касб мекунад.
Фатҳиддин Солеҳов-директори Маркази рушди имконоти ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, равоншинос мегӯяд, ки вазъи рӯҳию равонии бисёр хонаводаҳои деҳоти ин минтақа нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳангоми пурсишу посухҳо маълум гардид, ки дар оилаҳои ҷавон ҳуқуқу манфиатҳои занон поймол мешаванд ва рӯзгордории шумори зиёди наварӯсон бо дастуру нишондоди хусуру хушдоман ва шавҳар анҷом мепазирад. Ин ҷо хоҳиш, орзую ниятҳо ва завқу шавқи занҳои ҷавон поймол шудаанд. Ин вазъият дар рӯҳу равони онҳо ноҷӯриро ба миён овардааст. Як шеваи оддию маъмулии оилаҳои ҷавон дар деҳот ин аст, ки аксар сабру таҳаммул пеша мекунанд ва интизори шавҳар аз рӯйи нақшаи хусуру хушдоман зиндагӣ мекунанд. Нафаре наметавонад шояд бо шеваи ба худаш муносиб, ки қабл аз издивоҷ орзу дошт, ҳаёт ба сар барад. Ё баъзан ҳаққу ҳуқуқи мустақилона баррасӣ кардану ҳалли баъзе масоили оилаи худро надорад. Ин рӯҳу равонашонро хаста мекунад ва аз зиндагию рӯзгордорӣ дилмонда мешаванд. Дар ин маврид хушунати моддӣ, маънавӣ, рӯҳӣ ва ҳатто ҷисмонӣ ҳам ҷой доранд. Мустақилият дар бисёр оилаҳои ҷавон нест. Аксар пойбанди шеваи хонаводагии қолабӣ ва бовару хостаҳои калонсолон ҳастанд. Ана ҳамин омилҳо баъзан боиси моҷарою пошхӯрии оилаҳо мегарданд. Дар раванди ин ихтилоф ҳатто баъзе наварӯсон даст ба худкушӣ ҳам мезананд. Мо дар сӯҳбати ошкорою рӯ ба рӯ ин масоилро аз нигоҳи талаботи илми равоншиносӣ ва тибби муосир хеле дақиқ баррасӣ кардем. Ба андешаи ман, бисёриҳо ба фаҳми ин масъала расиданд ва умед аст, ки минбаъд дар шеваи хонаводагӣ аз сабру тахаммул ва пешдиҳоду дастурҳои коршиносон кор мегиранд.
Дар хулосаи ин андешаҳо метавон зикр намуд, ки натиҷаи сафари кории чунин гуруҳҳои тарғиботӣ хуб аст. Аҳолӣ ба маслиҳату дастури коршиносон ниёзи бештаре доранд ва аз миён бурдани бисёр зуҳуроти номатлуби масоили хонаводагӣ маҳз бо ин тадбир метавонад дар марҳалахои минбаъда ҳалли худро ёбанд. Чунин сафарҳои хидматии гурӯҳҳои ташаббускор минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва масъулону коршиносон ба манотиқи дигари Тоҷикистон фиристода мешаванд, то бо мардум рӯ ба рӯ масоили умдаи хонаводагиро матраҳ намоянд ва ҳамрозу ҳамдил эшон бошанду дар ҳалли мушкилашон мусоидат намоянд.
Р. Камол