Психология дар ташаккули рафтору гуфтор ва ахлоқи фарзандон илми бисёр муҳиму меҳварӣ ба ҳисоб меравад, аммо на ҳама аз талаботи он огаҳӣ доранду мавриди истифода қарор медиҳанд. Педагог ва психологи машҳури рус Л.В. Выготский зинаи синнусолии наврасонро омӯхта, ба чунин хулоса омадааст, ки дар инкишофи шахсияти наврасон омили иҷтимоӣ нақши муассир дорад. Тағйироти биологӣ-ҷинсӣ ва психологие, ки ба давраи гузариш хос аст, ба муҳит иртиботи зич дорад. Аз ин лиҳоз, давраи гузариш ду раванди ҷиддиро фарогир аст. Аввал, комил шудани ҳолати биологии организм ва дуюм, раванди таълим, тарбия ва иҷтимоишавии наврасон.
Муҳаққиқи дигари рус Д.Б.Элконин инкишофи бачагонро аз рӯйи меъёри равонӣ ба давраҳои гуногуни синнусолӣ ҷудо кардааст:
1.Синни тифлӣ-0-1 солагӣ. Дар ин давра муоширати бевоситаи эмотсионалӣ муҳим дониста мешавад. Яъне ҳама амалу рафтор тариқи эҳсосу идроки биноӣ, шунавоӣ ва мушакию ҳаракатӣ идора мешаванд ва шакл мегиранд. Пас, дар ин давра шеваи муошират бо тифл хеле нозук ва ҳадафнок бояд бошад.
2.Давраи барвақтии бачагӣ-1-3 солагӣ. Фаъолияти пешбаранда дар ин давраи синнусолӣ фаъолияти ашёӣ-олотӣ мебошад. Дар он кӯдак ҳамроҳи калонсолон усулҳои маъмулии амалҳоро бо ашёҳо аз худ мекунад.. Ин давраи муҳими инкишофи нутқ ва тафаккури айёнӣ-амалӣ мебошад.
3.Синни томактабӣ-3-7 солагӣ. Фаъолияти пешбаранда дар ин синну сол бозиҳо ҳастанд. Тавассути бозиҳо кӯдак маъниҳои заминавии фаъолияти инсонро аз худ мекунад. Дар ин давра майлу рағбати кӯдак инкишоф меёбад ва барои омодагӣ ба таълим муҳим дониста мешавад.
4.Синни хурди мактабӣ-7-11 солагӣ. Фаъолияти пешбарандаи ин давра таълим аст. Дар раванди таълим хотир шакл мегирад, донишҳо оид ба ашёҳо ва ҳодисаҳои муҳити атроф аз худ карда мешаванд. Яъне мақсаднок гаштани равандҳои психикӣ, амалу рафтор ташаккул меёбанд.
5.Синни наврасӣ-11-15 солагӣ. Фаъолияти пешбаранда дар ин давраи синнусолӣ муошират дар низоми фаъолияти судманд, яъне таълим, корҳои ҷамъиятӣ, меҳнат ва ғайра мебошад. Дар ин раванд наврас малакаи муоширатро дар ҳолатҳои гуногун аз худ мекунад. Худбаҳодиҳӣ, муносибати интиқодӣ бо одамони атроф, мустақил будан ва маҳорату малакаи мутобиқ шудан ба ҳаёти гурӯҳӣ шакл мегиранд.
6.Синни калони мактабӣ-15-17 солагӣ. Дар ин давра таълим фаъолияти пешбаранда аст. Маҳз дар ин давра ҷаҳонбинӣ, майлу рағбати касбӣ, худшиносӣ, орзую идеалҳо ташаккул меёбанд. Коршиносон дар ташаккули шахсият, ахлоқу маънавиёт ва ҳаёти минбаъдаи наврасон маҳз ҳамин давраро давраи хеле ҳассос ва ҳалкунанда меҳисобанд. Ин оғози давраи гузариш аст, ки дар сурати беназоратию саҳлангории волидон метавонад ба таълиму тарбияи наврас таъсири манфӣ расонад.
Чаро ин давраро давраи ҳассоси гузариш меноманд?
Синни наврасӣ- ин давраи кунҷкобии ақл, кӯшиши донистан ва ҳолати пурҷӯшу хурӯши организм аст. Дар ин давра тафаккур бештар мустақилу фаъол ва эҷодӣ мешавад. Сифатҳои иродавӣ ташаккул ёфта, ноустуворӣ, қатъият ба мақсаду маром, бартарафсозии монеаҳо равшантар аён мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи ин давра он аст, ки наврасон ҳоло на шахси баркамоланду на бачаи хурдсол. Онҳо дар зинаи гузариш аз овони кӯдакӣ ба калонсолӣ қарор дошта, тағйироти куллии анатомию физиологӣ, психологӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, душвории давраи наврасӣ пеш аз ҳама дар тағйирёбии имконоти маънавӣ, иҷтимоӣ ва шакли нави муоширати онҳо бо ҳамсолон ва калонсолон зоҳир мешавад. Ба инкишофи шахсияти наврасон синни балоғатрасии ҷинсӣ таъсири бештаре дорад. Дар натиҷа, рафтори наврасон шабеҳи калонсолон мешавад. Дар ин раванд омилҳои иҷтимоии инкишофи рӯҳӣ ҳам нақши муассире мегузоранд. Ин давраи пурихтилоф аст. Дар ҳамин замина наврасонро ихтилофи типикию синнусолӣ бештар бо волидон, омӯзгорон ва дигар калонсолон фаро мегирад. Муносибати нодурусти волидону омӯзгорон ба дигаргуниҳои рӯҳию равонии наврасон метавонад таъсири манфӣ расонад. Коршиносон ин давраро давраи буҳронии синнусолӣ ҳам мегӯянд. Дар чунин шароит барои волидон зарур аст, ки муносибатро бо фарзандони худ тағйир дода бо назардошти талаботи кӯдакони замони муосир шеваи тарбияро ба роҳ монанд…
(давом дорад)
Сарчашма: Абдурашитов Н.Ф. Боймуродов Ҳ.Қ.
Нақши модар дар раванди азнавтарбиякунии наврасон.
Душанбе, соли 2014.