-Чӣ хотираҳо доред аз кӯдакию айёми ҷавонӣ ?
-То хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар хонаи зодмандон ҳаёти ширину беғаме доштам. Солҳои 1960-1970 барои духтарон имкони таҳсил дар муассисаҳои олию миёнаи касбӣ набуд. Яъне зиндагӣ барои духтарони деҳ кори хона буду масъулияти ҷиддии оиладорӣ. Зодмандонам, ки аҳли зиё буданд, ба илмомӯзии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва шавқу ҳавасамро ба касби омӯзгори забонҳои хориҷӣ бедор намуданд. Ҳамин тавр, бо тавсияи устодам Нураллӣ Зоидов ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷураев дохил шудам.
-Аввалин духтари деҳотие будед, ки аз ин минтақа ба шаҳр хонданӣ омадед. Оё дар бунёди оила мушкилу монеаҳо вуҷуд доштанд?
-Не, бо ҳамсарам якдигарро омӯхта оила барпо кардему тӯли 40 сол аст оилаи хушбахт дорему онро ҳифзу муқаддас медорем. Ҳамдигарфаҳмӣ имконамон дод, ки фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстию ҳисси ифтихор аз миллату давлати хеш ба воя расонем. Шукри парвардигор , ҳоло ҳамаи онҳо соҳиби касбу кору зиндагии мустақилонаи хешанд.
-Зуҳро-апа, нигохи Шумо дар интихоби шавҳар чӣ гуна буд? -Албатта, бо тавсияи падару модар хонда ба ноҳия омадам. Дар назди худ мақсад гузоштам, ки бо розигии онҳо хонадор мешавам. Ҳамин тавр ҳам шуд . Шавҳарро волидонам интихоб намуданд. Гарчанде шавҳарам писарамакам буд, дигар чизе гуфта натавонистам. Ӯ ҷавони хеле ҷиддӣ ва дар зиндагӣ сахтгир буд. Бо вуҷуди сахтгир буданаш, дар оиладорӣ хеле ме ҳрубон буд. Ӯ ҳамеша ҳамрозу хамнафасам буд. Албатта , сахтгирию меҳрубонии шавҳарам буд, ки мо аз уҳдаи тарбияи фарзандон баромадем.
-Чӣ бояд кард, ки насли солим ба воя расонему пошхӯрии оилаҳои ҷавон кам шавад?
-Сабаби асосӣ тарбияи дуруст надоштани фарзандон аст. Мебинем, ки баъзан фарзандон шабхо дар кучахо сар-сарӣ гашта модарон намедонанд онҳо дар куҷоянд. Баъзан, модарон дидаю дониста духтарони аз зиндагӣ ноогаҳро ба шавҳар медиханд. Боре духтарро намепурсад, ки оё аз уҳдаи рӯзгордорӣ мебарояд ё не? Пеш паз ҳама, бояд падару модар, омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо, шахсони дар тарбияи ҷавонон бетарафӣ зоҳир накунанд. Дар пошхӯрии оилаҳо худи ҷавонон низ гунаҳгоранд. Солҳои охир онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, худ соҳиби маблағи муайяне шуда, бо ихтиёри худ,аз рӯйи ҳавою ҳавас зан мегиранд. Муддате нагузашта, зану фарзандро партофта, боз ба Руссия меравад. Баъди рафтан моҳҳою солҳо на ба хона меоянду на телефон мекунанд. Ҳамин тавр, низоъҳои оиладорӣ сар шуда, зиндагии якҷоя ба пошхӯрӣ оварда мерасонад .
-Кадом масоили имрӯзи ҷомеа шуморо бештар ба ташвиш меорад?
-Ахлоқи бади ҷавонон, беэҳтиромӣ нисбат ба якдигар, аз меҳру муҳаббати падару модар дур будани фарзандони зиндаятим, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ
- Ба андешаи Шумо зан дар зиндагӣ бояд чӣ гуна бошад?
-Зан бояд пеш аз ҳама, боиффат, меҳрубон, хоксору меҳнатдӯст ва аз хама хислатхои бад бояд пок бошад. Бахти пурсаодати зиндагии ҳар як бонуи тоҷик, покии ӯст
Зебо Давлатова