Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва иштироки онҳо дар рушду нумӯи ҷомеа ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии ҳокимияти конститутсионӣ мушоҳида мешуд. Соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул шуд. Чуноне, ки дар шаҳри қонуни мазкур омадааст, ин санади муҳим асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруҳои зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷомеа равона шудаанд, муайян мекунад.
Ҷавонон ва сиёсати кадрӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба неруи ояндасози ҷавонон дошта, дар ин замина нақшаву дурнамои ҷадидеро рӯи даст гирифтааст. Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон то соли 2013 танҳо бо роҳхати давлатӣ беш аз 7 000 ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷ аз кишвар фиристода шуда, аз ин 2 800 нафари онҳо баъди хатм ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат кору хизмат доранд. Ҳамчунин, дар ин солҳо бо роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои кишвар 4000 нафар ҷавонон барои таҳсил ва бозомӯзӣ ба кишварҳои хориҷа фиристода шудаанд.
Самараи Квотаҳои президентӣ
Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва дастгирӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон аз ҳисоби духтарони болаёқат дар маҳал Сарвари давлат Квотаи президентиро таъсис намуд. Ин иқдом натанҳо ба кашфи истеъдодҳои ҷавон мусоидат намуд, балки афкори ҷомеаро ба масоили касбу ҳунаромӯзии духтарони русто тағйир дод. Вақт собит сохт, ки бо ҷалби духтарони деҳот ба таҳсил мушкилоти норасоии кадрҳо дар маҳал ва дигар масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ҳалли худро меёбанд. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки тайи солҳои 1997 -2012 тибқи квотаи президентӣ беш аз 8600 нафар ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 5900 нафар духтарон мебошанд. Бо мурури вақт эҳтиёҷоти ҷавононро ба инобат гирифта миқдори Квотаҳои президентӣ дар як сол аз 200 ба 1200 расонида шуд. Ҷиҳати амалӣ сохтани сиёсати давлатии ҷавонон ҳаҷми маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бурсҳо ва лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ меафзоянд. Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки сол аз сол сафи ҷавонон дар соҳаи идоракунии давлатӣ бештар мегардад. Тибқи баъзе нишондодҳо, айни ҳол зиёда аз 45 дарсади хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Натиҷаву нишондодҳо бозгӯи онанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон самари дилхоҳ дода истодааст. Дар соҳаи рушди варзиш ва масъалаи беҳдошти солимии ҷавонон бошад, танҳо дар солҳои 2011-2012 дар қаламрави кишвар 2400 толору майдонҳои варзишӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Дастовардҳои варзишии ҷавонони кишвар дар мусобиқоти байналхалқӣ натиҷаи таъмини шароити тармин барои ҷавонон мебошад.
Ҷавонон ва муҳоҷират
Дар баробари дастоварду комёбиҳо масоили гуногуни ҳаёти ҷавонон мояи нигаронии ҷомеа ва давлат мебошад. Пӯшида нест, ки беш аз 50 дарсади муҳоҷирони меҳнатии сокинони Тоҷикистонро, ки дар Русияву дигар кишварҳо кору зиндагӣ доранд, ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаассифона, муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвари мо замоне оғоз шуд, ки сохторҳои марбут ба назорати муҳоҷирон ташкил наёфта буданд. Аз мадди назар дур мондани онҳо, ки ағлабашон на маълумоти зарурию на забони он кишварҳоро медонистанд, дучори мушкилиҳои гуногун буданд. Аз сӯйи дигар, бо ташкили ҳама гуна ниҳодҳои назоратӣ ягон давлат имкони назорати кору фаъолияти ҳамаи шаҳрвандони худро дар муҳоҷирати корӣ надорад. Ин ва дигар сабабҳо боис мешаванд, ки иддае аз ҷавонони дар муҳоҷирати корӣ қарордошта, гирифтори бемориҳои гуногун шуда, теъдоди дигарашон ба доми нерӯҳои ифротӣ афтода, ҳаёти худу аҳли оилаашонро барбод медиҳанд. Албатта, бо мурури вақт фаъолияти ниҳодҳои масъули давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муҳоҷирон такмил ёфта, мушкилоти муҳоҷират ҳалли худро меёбад. Ҷомеа интизор аст, ки дар ҳамкории судманд миёни вазорату созмонҳои марбут ба муҳоҷирати кории дохилу хориҷи кишвар шароити будубоши ҷавонони кишвари мо дар Русия ва дигар кишварҳои корфармо ба танзим даромада, хатарҳо бартараф хоҳанд шуд.
Тарбияи ватандӯстӣ
Тарбияи ватандӯстӣ ё эҳсоси ватанпарварии насли ҷавон аз масоили умдаи тамоми кишварҳои ҷаҳон аст. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ бевосита ба баъзе арзишҳои миллию давлатдорӣ бетаъсир буда наметавонад. Аз ин рӯ, фаъолияти соҳаву муассисаҳои таълимӣ, созмону ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва сифати иҷроиши барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати ҷавонон аз рӯи як меъёр – сатҳи тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз миллату давлатдорӣ баҳо дода мешавад. Мутаассифона, дар мавриди тарбияи ватандӯстии ҷавонон алъон ба натиҷаҳои дилхоҳ нарасидаем, зеро омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, мисли муҳоҷирати меҳнатӣ, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тарбия дар оила, ҳуҷумҳои иттилоотию идеологии қудартҳои забтгаро ва дигар падидаҳои манфӣ, монеи ҳадафҳои дар ин самт пешгирифтаи мо мешаванд. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат борҳо дар суҳбату вохӯриҳояшон адибону зиёиёни кишварро ба эҷоди асарҳои тарбиявию таҳияи барномаҳои ҷадид бобати тарбияи фарҳангию мадании ҷомеа таъкид менамояд. Мутаассифона, дар самти тарбияи ватандӯстии насли ҷавон аз оила сар карда, то муассисаҳои томактабию таҳсилоти миёна ва олии кишвар камбудию масоили ҳалталаб зиёданд. Вале раванду рӯйдодҳои ҷаҳон ва вазъи кишварҳои минтақа моро водор менамояд, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавонон оҷилан чораандешӣ намоем. Аммо шуруъи кор дар ин самт аз чӣ оғозу то куҷо идома меёбад, мавзеӯст, ки бо иштироки масъулону фаъолони ҷомеа матраҳ шуда, дар матлабҳои оянда пешкаши хонандаи гиромӣ хоҳад шуд.
Ҷамолиддин Сайфиддин