Мутаассифона, имрӯз коҳиш ёфтани фарҳанги оиладорӣ дар хонаводаҳои бузург –зодмандони навхонадорон низ, ки собиқаи зиёди оиладорӣ доранд, мушоҳида мешавад. Зеро маҳз сарварони авлод дар интихоби ҳамсар, пешбурди рӯзгору дигар тасмимҳои оилаҳои фарзандонашон таъсиргузоранд. Муслима Давлатшоева, як сокини ноҳияи Варзоб оид ба омилҳои пошхӯрии хонаводаҳои ҷавон чунин андеша дорад: «Фарҳангу дигар нозукиҳои оиладориро наомӯхта хонадор кардани фарзандон иштибоҳи бузургест, ки падару модарон онро нодида мегиранд ё дарк намекунанд. Баҳсу мунозираҳои бепоён ва сард шудани муносибат миёни арӯсу домод дар моҳу солҳои аввали оиладорӣ бозгӯи он аст, ки ҷавонон якдигарро дуруст нашинохта ва ё омода нашуда ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд. Ин аст, ки дар муддати кӯтоҳ миёни зану шавҳар ихтилофу ҷудоиандозӣ пайдо мешавад».
- Оила, ки бе он зиндагӣ маъно надорад, танҳо дар пояи якдигарфаҳмию меҳру садоқати зану шавҳар устувору поянда аст. Интихоби ҳамсари мақбули дил ба ҷуз амалӣ шудани хостаҳои фардӣ, масъулияти ҷиддӣ ҳам дорад.
Ҳамсарӣ ҷуфт шудани ду шахси алоҳида аст, ки аз «ман»-у «ту» ба «Мо» табдил ёфта, давоми ҳаёт дар ғаму шодӣ, камию бурдбориҳо ва шикасту рехти зиндагӣ шариканд, - иброз медорад Рӯзигул Рустамова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷилликул. –Барои бунёди оилаи солиму хушбахт ҳамдигарфаҳмӣ ва гузашту бардоштҳо мебояд. Дар ҳолати хатову иштибоҳи яке, дувумӣ бояд роҳи ислоҳу ҳалли масъалаи ба миёномадаро биҷӯяд, на ин ки ҳамсари худро мавриди таънаву маломат қарор диҳад.
Сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмию кӯмаку дастгирии якдигар дар лаҳзаҳои душвор, бақои мустаҳкамии оила буда, зану шавҳар бояд дар амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои худ якдилию ягонагиро эҳсос кунанд. Дилафрӯз Қурбонӣ, муаллифи китоби «Розҳои оиладорӣ» мегӯяд: «Дар зиндагии муштарак набояд «ман» гуфт, бояд «мо» гуфт! Он вақт зиндагӣ муштарак мешавад». Мутаассифона, бештари ҷавонони мо баъди ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодан , аз якравию худпарастӣ ва дигар хислатҳои худ раҳо шуда наметавонанд ва ин сабаби баҳсу муноқишаҳо дар ҳаёти оилавӣ мегардад. Дар бештари оилаҳои пошхӯрда аслан нафарони худбин пешрафту бурдбориҳои хонаводаро ба худ нисбат дода, дар мушкилу камбуди рӯзгор ҳамсарони худро айбдор мекунанд. Ҳамин тавр, дар оддитарин лаҳзаҳои зиндагӣ ҳамсарон ҳалли мушкилоти пешомадаро як сӯ гузошта, ба танқиду айбдорсозии якдигар мепардозанд. Дар мисоли ду ҳамсоя, ки яке сарватманд асту аммо дар хонавода муҳити носолим ҳукмрон буда, зану шавҳар ҳамеша дар баҳсу муҷолада қарор доранд. Вале ҳамсояи онҳо оилаи камбизоат ҳам дошта бошад, бо меҳру вафодорӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳаёти ширину гуворо ба сар мебаранд. Рӯзе сарватманд аз ҳамсараш пурсон мешавад, ки чаро бо ин ҳама сарвату дороӣ дар хонаводаи мо ҷангу ҷидол асту ҳамсоя бошад, бо вуҷуди фақиру нодорӣ ҳаёти ширину оилаи хушбахт дорад. Зан барои посух ёфтан ба саволи шавҳар ӯро ба хонаи ҳамсоя мефиристад, то аз асрори оилавии онҳо огоҳӣ пайдо кунад.
Марди сарватманд дарвозаи камбағалро кӯфта, аз сурохии он ба ҳавлӣ нигариста, шоҳиди ҳолати аҷибе мешавад. Вақте марди ҳамсоя сӯйи дарвоза мешитофт, ба зарфи пур аз меваи назди дари хонааш пешпо хӯрда, онро рӯи ҳавлӣ парешон мекунад. Ин лаҳза ҳамсараш ҳозир шуда аз шавҳар узрхоҳӣ мекунад: «Маро бубахш, ки зарфи меваро рӯи роҳ гузоштаму Шумо пешпо хӯрдед».
- Азизам, Шумо маро бубахшед, ки пеши поямро нигоҳ накардаму меваҳои бо заҳмат ҷамъовардаатонро резондам, - бо меҳрубонӣ ба ҳамсараш гуфт он мард. Ҳамин тавр зану шавҳар якҷоя меваҳои дар саҳни ҳавлӣ парешоншударо ҷамъоварӣ намуда, зан сӯи ошхона рафту мард бошад тарафи дарвоза. Марди сарватманд, ки ба саволи хеш ҷавоб пайдо карда буд, интизори дарвозаро кушодани ҳамсоя нашуда, ба хонааш баргашт. Вақте ҳамсараш аз вай асрори хушбахтии ҳаёти оилавии ҳамсояро пурсон шуд, шавҳар табассум карду гуфт: «Фарқи зиндагии мо аз ҳамсоя ин аст, ки дар оилаи мо ҳар нафар «ман»-и худро дошта, дар мушкилу норасоиҳои зиндагӣ ягдигарро гунаҳгор месозем. Аммо дар хонаводаи ҳамсоя «Ман» вуҷуд надошта, дар ҳолати хатову камбудиҳои рӯзгор, ҳар нафар худро сабабгору масъули ислоҳи вазъ дониста, ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.
Оилаи солим аз шахсиятҳои худогоҳу ҳамдигаршинос ташкил ёфта, хушбахтии хонавода бе заҳмату худфидоии ҳамсарон ба каф намеоя. Латиф Фарҳодӣ, сокини эронитаборӣ Фаронса, зимни як баҳси виртуалӣ атрофи муқаддасоти оиладорӣ навишта буд: «Болаззаттарин ғизои мо эрониҳо «шиканҷабин» аст, ки аз асалу сирпиёз ҳосил мешавад. Барои он ки шиканҷабин тайёр шавад, асалу сирпиёз дар як дег ҷӯшида, сирпиёз тезии худро гум мекунаду асал бошад, тамъи аслии худро. Ҳикмати оиладорӣ низ чунин аст, ки барои ширинию хушбахтии оила, ҷавонон бояд хашму ғазабро фурӯ бурда, аз баҳри нозбӯию дигар хулқу атвори айёми муҷаррадӣ бигзаранд».
Аз муҳокимаронии дӯстон бармеояд, ки зану шавҳари ҷавони дорои рафтору маданияти гуногун, бояд аз баъзе хостаҳои худ, ки ба хулқу табиати дувумӣ созгор нестанд, парҳез намуда, дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ бо ҳамфикрию тасмимҳои муштарак қадамҳои устувор гузоранд. Ва муҳимтар аз ҳама, дар ҳаёти оилавӣ вожаи муқаддаси «Мо» ҷойи «ман»-у «ту» -ро гирад. Вагарна, зану шавҳаре, ки дар рафъи камбудию бурдбориҳои зиндагӣ ва дастоварду комёбиҳои оила нақшу масъулияти муштарак надоранд, оилаи хушбахт шуда наметавонанд. Хулосаи ин матлабро бо андарзи ҳакими озодагӯй Муҳаммад Ҳиҷозӣ ҷамъбаст намуда, муҳокимаи онро ба ихтиёри хонандаи гиромӣ мегузорем:
«Заношӯӣ, агар бо муҳаббату вафодорӣ омехта бошад, қайдест, ки аз озодӣ хуштар аст».
Ҷамолиддин Сайфиддин