Сарфи назар аз тарғибу чорабиниҳои гузаронидашуда, баҳри беҳдошти солимии аҳолӣ мутобиқи омори бадастомада ҳамасола дар кишвар 2500-3000 кӯдаи маъюб ба қайд гирифта мешаванд. Ба ҳолати 1 январи соли 2015 шумораи кӯдакони маъюб 26043 нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора то оғози соли 2012-ум 30460 нафарро ташкил медод. Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои маъюбии кӯдакон 30-35 дарсад ба никоҳи хешутаборӣ рабт дорад. Дар 65-70 дарсади ҳолатҳо сабабҳои нуқсонҳои модарзодии дил низ аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ ба миён меоянд. Тибқи таҳлилу ташхиси мутахассион дар шумори бемориҳое, ки ба маъюбӣ оварда мерасонанд, дар ҷои аввал бемориҳои системаи асаб (7787 нафар ё 29,9 дарсад), нуқсонҳои модарзодӣ (3906 нафар ё 15 дарсад), бемориҳои рӯҳӣ (3541 нафар ё 13,6 дарсад), бемориҳои раддодӣ (2734 нафар ё 10,5 дарсад), бемориҳои чашм (2630 нафар ё 10,1 дарсад), бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ (2343 нафар ё 9,0 дарсад) ва дигар бемориҳо (1875 нафар ё 7,2 дарсад) қарор доранд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби маъюбшавии кӯдакон бемориҳои ирсӣ-авлодӣ мебошад.
Баҳри пешгирии ин раванд, пеш аз ҳама, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Аз ин ҷост, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ зиёда аз 7300 нафар кӯдакон солим гардонида, аз гурӯҳи маъюбӣ бароварда шуданд. Аз ҷумла, соли 2014-ум 1242 нафар кӯдакони маъюб табобат ёфтанд.
Воқеан, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст.
Таърих тӯли садсолаҳо исбот намудааст, ки хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварда, ба камол расонд, ки онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёни таърихиро ба анҷом расондаанд. Пас, месазад, ки дар ин марҳилаи муҳиму тақдирсоз, баҳри таҳкими оила ҳамаҷониба талош намоем, то ин муҳит поку беолоиш ва осудаю ором бошад. Суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Соли оила ва мулоқоташ бо занони фаъол ба ифтихори Рӯзи Модар бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ин масъала ҷиддист. Ҷалби ҷомеа ба ин раванд имкон фароҳам меорад, ки мушкилиҳо бартараф шаванд.
Гулноз