Кӯдакони мо чӣ мехӯранд?
Ҳама мавҷудоти рӯи олам рисолати аввалини хешро дар идомаи наслашон медонанд ва инсон, ки беҳтарин махлуқи офаридаи Худованд аст, аз ин шумул истисно нест. Мо, инсонҳо, тамоми буду набудамонро сарфи фарзанд мекунем. Аз ҳама бештар волидайнро вазъи солимии ҷигарбандон нигарон месозад, зеро саломатӣ бебаҳотарин гавҳар аст. Мутаасифона, имрӯз аксари модарон пайи ташвишҳои рӯзгор муҳимтарин омилро дар парваришу ба воя расидани кӯдак- ғизои солимро фаромӯш кардаанд. Чун ба атрофи худ назар мекунем, сари ҳар кӯчаю пайраҳа, хоса дар назди боғчаҳо ва мактабҳо, мизҳое гузошта шудаанд, ки болои онҳо анвои бесифату арзонбаҳои хитоӣ рӯзҳою моҳҳо зери боду борон ва офтоби сӯзон меистанду харидоронашон асосан кӯдаконанд. Дар наздикии хонаи мо боғчаи бачагонае ҳаст. Ҳар субҳ, ҳангоми ба кор рафтан, мебинам, ки чӣ гуна кӯдакон пеш аз даромадан ба муассисаи таълимӣ бо гиряву инҷиқӣ аз волидайн хоҳиш мекунанд, то аз холаи «чизфурӯшак» барояшон чизе харидорӣ намоянд. Онҳо ба хотири зудтар халос шудан аз кӯдак ва пайи кори худ рафтан як ё ду сомониро дода бепарво барои ҷигарбанди худ беморӣ «мехаранд», зеро шириниҳои арзонбаҳою муддати истеъмолашон гузаштаи хитоӣ хоҳем-нахоҳем ба ҷисми чун гул нозуки кӯдак зарари худро мерасонанд. Табибони кӯдакона баронанд, ки аз истеъмоли ин гуна маводи дар таркибашон элеметҳои химиявии зараровар дошта кӯдакон гирифтори бемории рӯдаю меъда, даҳону милкҳои дандон ва пӯст мегарданд. Пас, моро лизим аст назорат барем, ки кӯдаки мо чӣ мехӯрад ва он маҳсулот дар таркибаш чӣ дорад?
Ҳикмати ниёгон
Мардуми тоҷик анъанаи қадими оиладорӣ дорад ва дар ин фарҳанг ҳикмати зиёди ибратомӯз нуҳуфтааст. Як анъанаи хуби ниёгони мо, ки ҳоло дар он низ рахна ворид шудааст, гирди як хон, саҳару нисфирӯз ва бегоҳ истеъмоли ғизои сарҷамъонаи аҳли оила мебошад. Ин одати наҷиб ба фарзандон меҳр, ҳурмату эҳтиром ва дилсӯзӣ меомӯзонад. Хурдон аз бузургсолони оила чӣ тавр сари дастурхон нишастану хӯрок хӯрдан ва сӯҳбат карданро меомӯзанд. Сари як дастархон ҷамъ омадану аз як суфра нон хӯрдан, аҳли оиларо ба ҳам наздиктару қаринтар месозад. Мо, ки посдори анъанаҳои наҷиби ниёгони хеш ҳастем, бояд пайгири ҳар падидаи хуб ва давомдиҳандаи он шавем. Ба фарзандон аз айёми туфулият бояд фаҳмонем, ки дар кӯча хӯрдани хӯрок хуб нест.
Хӯрокҳои миллии мо куҷо шуданд?
Шояд дар олам кам миллатҳое ёфт шаванд, ки чун тоҷикон таомҳои лазизу фоидабхш дошта бошанд? Аммо зани муосири тоҷик ба хӯрокҳои нимтайёри зараровар дил баста, барои осонии кор аз онҳо фаровон истифода мебаранд, ки боиси таассуф аст. Ман дар деҳот ба воя расидаам ва солҳои пеш байни бонувони русто як навъ сабқат дар тайёр намудани хӯроку нонҳои гуна-гуна мерафт ва тамоми деҳа медонистанд, ки кадом зан оши борикро мисли ришта мебураду чаппотию кулча ё фатири кадоме хушмазаву калон аст? Аз рӯи мушоҳидаҳоям мебинам, ки ҳатто дар деҳот ҳам занон беҳавсала шудаанду ба ҷойи оши борик ё угрои маъмулӣ макаронҳои бемаззаи хитоиро истифода мекунанд. Намедонам, барои чӣ модарон имрӯз барои фарзандонашон маводи хӯроквории асилу судмандро, ки тайёр карданаш заҳмати зиёде наметалабад, пухта пешниҳод накарда, баръакс, пул додаю ба буҷҷаи хона зарар расонида, беморӣ мехаранд? Чаро мо наметавонем барои фарзандони хеш ғизои солиму болаззатро бо дастони хеш тайёр намоем?