Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин самти кор ба зимаи муовинони раисону роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба иҷтимоиёт идора вогузор шудааст. Дар доираи амалисозии сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ба вазифаи муовини раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо оид ба иҷтимоиёт аслан бонувон пешбарӣ мешаванд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ба вазифаи мазкур бештар бонувони омӯзгор ё мутахассисони соҳаи тандурустӣ таъйин мешаванд. Дуруст аст, ки аз рӯи ихтисос омӯзгорону духтурон ба соҳаи иҷтимоиёт наздикӣ доранд, вале коршиносон ба ин ақидаанд, ки муовини раиси шаҳру ноҳия оид ба иҷтимоиёт бояд шахсиятҳои рушанфикр ва сиёсатмадорони матинирода бошанд. Турсуной Алимардонова, ки солҳои 1990 ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иҷтимоиёт кору фаъолият намудааст, иброз медорад, ки роҳбари соҳаи маънавиёт дар баробари донишу малакаи сиёсӣ бояд маҳорати баланди муошират, тавони ҳалли мушкилу масъалаҳои ҷамъиятиро дошта бошад - Мутаассифона, бештари муовинони раисони шаҳру навоҳии кишвар таҷрибаи кофӣ дар ин самтҳо надошта, ба меъёри ба қавле идеологи №1-и шаҳр ё ноҳия ҷавобгӯй нестанд. Ин аст, ки тӯли қариб ду даҳсолаи охир масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ ва иртибот бо ҷомеа муваффақ нестанд. Баръакс, аз роҳбарони соҳаи идеологӣ дида дар ҳаёту афкори ҷамъият ба хусус, андешаи ҷавонон аслан воизони масҷид ё ба қавле муллову эшонҳо таъсиргузоранд.
Сулаймон Ҷумъаев, як сокини рустои вилояти Хатлон иброз медорад, ки муовини раиси ноҳия оид ба маънавиёт бояд нисбат ба роҳбарони ноҳиявии аҳзоби сиёсӣ, имом-хатибон ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ босаводтару маҳорати баланди суханронӣ дошта бошад.
Ба гуфти Сайфиддин Холов, собиқадори сохтори корҳои дохила, ба вазифаи масъули соҳаи идеология бояд фаъолони собиқадори соҳаи маориф, аҳзоби сиёсӣ, нозирони бахши тартиботи ҷамъиятии ВКД ва дигар ниҳодҳои қудратӣ пешбарӣ ва таъйин шаванд. Масъулони маънавиёти ҷомеа бояд пайваста афкори умумро омӯхта, аз фикру андешаи мардум оид ба рӯйдоду воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ огаҳӣ дошта бошанд. Назорату идораи афкори ҷомеа, ки муҳимтарин самти сиёсати давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, бояд мукаммал тарҳезӣ ёфта, фарогири кулли ҷомеа бошад. Роҳбари идеологӣ бояд аз ҳама хабару рӯйдодҳои ҷомеа ва ҳатто аз фикру андешаҳои рӯзмараи мардум огоҳӣ дошта бошад.
Мусоҳиби мо Фирӯза, яке аз фаъолзанони муваффақ дар арсаи сиёсат, иброз медорад, ки рисолати идеолог ба ҷомеа роҳи дурусти зиндагиро омӯзондан аст. Роҳбари соҳаи маънавиёт аз урфу анъанаҳои миллӣ ва равандҳои муосир огоҳӣ дошта бошад. Ӯ бояд сиёсати дурустеро ба роҳ монда тавонад, ки мардумро дар масири ин ҳама гаравишҳо аз экстремизми сиёсиву тундравиҳои бо ном динӣ пешгирӣ карда тавонад. Дар қиболи таъсиррасонии раванди ҷаҳонишавӣ ба афкори ҷомеаи мо роҳбари дастгоҳи идеологӣ бояд донишманди рӯшанфикр ва тарғибгари сиёсати давлат бошад.
Хулоса, маънавиёт муҳимтарин аслиҳа барои таъмини суботи ҷомеа ва ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ ва суботу амнияти ҳар кишвар аз таъсири берунаи идеологӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки кишварҳои абарқудрат бо василаи гуногуни идеологӣ ҷомеаи худро атрофи як андешаи миллӣ мутаҳид месозанд ва бо истифода аз дастгоҳҳои бузурги идеологӣ афкори ҷомеаи кишварҳои дигарро олудю ҳадафҳои сиёсии худро дар ин сарзаминҳо пиёда месозанд.
Аз ин рӯ, дар марҳилаи ҳасоси ҷаҳонишавӣ муҳимтарин табдир баҳри ҳифзи фарҳангу маънавиёти миллӣ, сиёстаи Ҳукумату давлат ва афкори ҷомеа тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар соҳаи фарҳангу маънавиёт дониста мешавад. Пас, муҳим аст масъулияти соҳаи идеологияро ба зимаи кадрҳое вогузорем, ки дар қатори донишу ҷаҳонбинии комил, сиёсатмадору тарғибгари варзида бошанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН