Муҳаққиқи варзидаи соҳа Юля Гиппенрейтер дар китоби худ оид ба роҳу усулҳои тарбияи кӯдак дар муҳити хонаводагӣ паҳлуҳои гуногуни ин мушкилро мавриди таҳлил қарор додааст ва ба андешаи коршиносон ин асар имрӯз яке аз беҳтарин дастурамалҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад. Муҳаққиқ дар ин асар масоили ғизохӯрӣ, либоспӯшӣ, бозиҳо, муколама, хоб, саломатӣ, шавқу рағбат ва дигар амалу гуфтори кӯдаконро дар иртибот бо калонсолон хеле дақиқ аз нигоҳи илмӣ таҳқиқ карда, маслиҳату дастурҳои муфид додааст. Камолоти ҳамаҷонибаи кӯдак пеш аз ҳама ба муомилаи волидон ва ё атрофиёнаш бастагӣ дорад, зикр кардааст муҳаққиқ. Чӣ тавр? Ӯ менигорад, ки агар кӯдак ғизои дурусту табобати хуб гираду аммо бо калонсолон муомилаи доимӣ ва пурра надошта бошад, аз нигоҳи рӯҳию равонӣ ва ҷисмонӣ хуб инкишоф нахоҳад ёфт. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки кӯдак инкишоф намеёбад ва ба зиндагӣ таваҷҷуҳаш кам мегардад. Ана ҳамин омил сабабгор мешавад, ки баъзе кӯдакон душвортарбия мешаванд.
Душвортарбия чӣ маънӣ дорад?
Мусаллам аст, ки ҳеҷ як кӯдак аз модар душвортарбия таваллуд намешавад. Ин ҷараён баъди тавлиди кӯдак дар натиҷаи муҳити носолими оилаҳо зуҳур мекунад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, ба хусус равоншиносон, вақте кӯдак аз таваҷҷуҳ ва меҳрубонии калонсолон дар канор мемонад, ҳолати берӯҳӣ, дилсардӣ ва бепарвоӣ ба муҳити атроф ӯро фаро мегирад ва ин ҳолат гоҳе кӯдакро инҷиқу гапнодаро месозад. Пас, муомила бо кӯдак бояд чӣ гуна бошад? Шояд аксар медонанд. ки муколама бо кӯдак бояд мутобиқи синну солашон сурат бигирад. Як андешаи маъмули олиме, ки он дар илми педагогика ва психология ҳамчун формулаи тарбия қабул шудааст, бояд ҳамеша дар мадди назари волидон бошад. Ӯ фармудааст, ки дар ҷараёни тарбия ба кӯдак то 6 солагӣ ҳамчун ба шоҳ муомила кунед, аз 7 солагӣ то айёми балоғат чун ба ғуломи худ ва дар давраи наврасӣ бо ӯ дӯст ва рафиқи наздик бошед. Ин андеша шояд аз ҳар ҷониб қобили қабул нагардад, аммо фалсафааш дар он аст, ки ҳолати рӯҳии кӯдакон дар ин се давраи ташаккулашон ба инобат гирифта шудааст, яъне дар ибтидо меҳрубонӣ, баъд ҷиддият ва охир ҳамдигарфаҳмӣ нақши муассире доштаанд дар камолоти фарзандон. Бо назардошти ин омилҳо агар муносибату муоширати калонсолон, ба хусус волидон дар муҳити оила бо кӯдакон ноҷӯр ва аз доираи ин талабот берун бошанд, ҳатман онҳо душвортарбия мешаванд.Бо кӯдак муносибати дурушт кардан, ӯро ҷазои ҷисмонӣ додан, тарсонидану таҳдид намудан ва барои бозию шӯглҳои дӯстдоштааш монеъ шудану маҳдудият эҷод кардан дар камолоти рӯҳию равонӣ ва зеҳнию ҷисмониаш мушкилот ба миён меорад. Аммо ин шеваро баъзе волидон пайгирӣ мекунанд ва бовар доранд, ки сахтгирӣ ва чунин маҳдудиятҳо тарбияи дуруст аст. Ин иштибоҳ баъдтар, дар айёми наврасию ҷавонии фарзандон, барои волидон мушкили дигарро ба бор хоҳад овард. Яъне саркашӣ, якравӣ, гапнодароӣ ва ҳатто авбошию ҷиноятҳо аз ҷониби ин зумра фарзандон рух доданашон эҳтимолияти бузург дорад. Ба ин далел, кӯдакони душвортарбияро волидон худашон дар мактаби аз меъёрҳои талаботи таълиму тарбияи дуруст орибуда ба камол мерасонанду айбро ба дигарон бор мекунанд. Аз ин нигоҳ, тарбия аз рӯзҳои нахустини тавлиди фарзанд бояд дар доираи меъёрҳои муҳими маърифати хонаводагӣ ба роҳ монда шавад.
Муомила бо кӯдак
Мутобиқи дастури мутахассисон нахустин иртиботе, ки дар солҳои аввали ташаккули зеҳну тафаккури кӯдакон таъсири мусбиро хоҳад бозид, ин ташкили бозиҳо ва кашидани расму таваҷҷуҳашон ба китобҳои суратдор мебошад. Мо хоҳем нахоҳем , аксари кӯдакон то ба синни мактабхонӣ расидан, бозиҳои гуногун, расмкашӣ ва тамошои китобҳои суратдору филмҳои тасвириро дӯст медоранд. Расмҳои ранга, бозиҳои шавқовар ва филмҳои тасвирӣ маънавиёт, тахайюлот ва ахлоқи онҳоро таҳким мебахшанд, агар волидон дар раванди ин амалҳо ширкати пайваста дошта бошанд. Волидоне, ки чунин китобҳоро ҳамроҳи кӯдаконашон тамошо мекунанд ва ба саволҳои онҳо посухи дуруст медиҳанд, муваффақ мегарданд, яъне кӯдакон ба масъалаҳои барояшон аҷиб ва баъзан номафҳум аз падару модар маълумоти дуруст мегиранд. Ҳангоми кашидани расмҳо низ волидон бояд ба кори фарзандони худ шарик бошанд. Расмҳои кашидаи онҳоро таъриф кунанд ва бо меҳрубонӣ хатоҳояшонро ислоҳ намоянд, яъне дар ҳама амалу гуфтор муоширати меҳрубонона муҳим аст. Имрӯз дар қисмати афзали хонаводаҳо ба ин паҳлуи масъала хеле кам таваҷҷуҳ мекунанд. Бисёриҳо дар он андешаанд, ки агар кӯдак солим бошаду шикамаш сер, худ аз худ калон мешаваду ақлаш медарояд ва ҳама чизро ёд мегирад. Ин гумон ҳам иштибоҳ аст. Агар барои касе ин интиқод ва ё эрод шубҳанок бошад, метавонад ба маъхазҳои илмӣ, дастурҳои тарбиявии мутахассисон рӯ орад ва мутмаъин гардад, ки гап сари чист! Атрофи роҳу усулҳои тарбия ва шеваи муомила бо кӯдак дастурамалҳои зиёде ҳастанд ва метавон хеле зиёд гуфт, аммо бо ҳамин иктифо мекунем, ки ҳар падару модар уҳдадор аст аз шеваи исботшуда ва дастурии мутахассисон истифода бараду фаразндони худро дар рӯҳияи ахлоқу маънавиёти накӯ тарбия намояд.
Р.Камол