Ба хотири эҳтиром ба модарарӯс ва ин ҳама сарсониҳо бо ӯ ба аптекае ворид гардидем ва дар қисмати чапи он чанд асоеро дидем, ки овезон буд ва дар пушти сари фурӯшанда ҳам чанди дигар деворро ороиш медод. Асои нақшдори зебоеро бо маслиҳати фурӯшанда харидорӣ намудем ва ӯ бо табъи хушу лабони пуртабассум ба суйи хона роҳ гирифт.
Аз байн чанде гузашт ва нимаи дувуми рӯзи 8 – уми март ба хонаи ҳамкорам рафтам. Баъд аз ворид шудан ба хона дар даҳлез пиразанеро дидам, ки дар даст асои мунаққаш ба оҳистагӣ роҳ мерафт.
– Агар ҳамин рафиқ намешуд, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дошт, ки бароятон асо наёбам, – гуфт ӯ ба хушдоманаш.
– Илоҳо садсола шавӣ писарам, бе асо аз нишастану хобидан хаста шудам, – изҳори сипос намуд пиразан.
Баъд аз пиёлаи чойеро нӯшидан, аз пиразан дар бораи фарзандону набераҳо ва деҳаю ҳамсояҳояш пурсон шудам.
«Ҳамсояҳои хуб дорам, аз ҳолам хабар мегиранд. Баъзан соате бо ҳам менишинему ба қавле занги диламонро тоза мекунем. Ғамшарику дардошноем. Ноҳияи мо дар фасли зимистон хеле сард аст ва барқро танҳо субҳидаму шом дастрас месозем. Барои мани маризу подард ин шароит чандон мувофиқ нест. Ба ҳамин хотир, духтаронам маро зимистон ба хонаҳои худ меоранду нигоҳубин мекунанд».
– Писарон ба чӣ кор машғуланд, – суҳбатро идома мебахшам ман.
«Одами танҳо на рафтани рӯзро мефаҳмаду на омадани шабро. Писари калониро хонадор кардему баъд аз як моҳ арӯс шарт гузошт, ки алоҳида зиндагӣ кунанд. Писарам ба неву нестони ману шавҳарам нигоҳ накарда, кӯчашро ба мошине бор карду дар қисмати дигари шаҳрак хонаеро иҷора гирифт. Ду писари дигарам ба Русия рафтанд. Якеро ба муддати даҳ сол зиндонӣ намуданду дигаре бедарак шуд. Бо даст додани имконият аз сари нафақаи худаму шавҳарам маблағеро пасандоз карда, барои писари дуюмам либосу хӯрока мефиристодем. Баъзан духтари калонӣ бо шавҳару набераҳо барои хабаргирӣ ба хона меомаданд. Аз савғоҳои овардаи онҳо низ қисмеро нигоҳ медоштаму ба зиндон мефиристодам. Аз тариқи рӯзномаи «Тоҷикони Русия» барои пайдо кардани писари хурдӣ хеле талош намудем, аммо ба бахти баргаштаамон натиҷае ҳосил нашуд. На аз зинда буданаш хабаре ҳасту на аз мурдааш. Дар байн шавҳарам аз дунё гузашт. Бо дастгирии духтару домодам ӯро ба роҳи охират гусел намудем. Баъд аз чанде онҳо ҳам ба Қазоқистон барои кору сукунат рафтанд. Дигар танҳоии маро духтари хурдиям қисмат мекард. Бо ёрии домод духтарам маълумоти олӣ гирифт. Хостгорҳо ба хона меомаданду намедонистам чӣ кор кунам, зеро барои ҷашни арӯсии духтарам дар бисотам чизе надоштам. Ин вазъро дида, духтару домодам мураххасӣ гирифтанду ба назди ман омаданд ва бо маблағи пасандознамудаи худ ҷиҳози арӯсӣ ва тамоми харҷи тӯйро бар дӯш гирифтанд. Писари калону келинам ҳам дар маросими дафни шавҳарам ва ҳам дар ҷашни хонадоршавии духтарам ба мисли бегонаҳо ба қавле «як сар заданду рафтанд». Боре аз ҳолам напурсиданду дар мушкиле даст дарозам накарданд. Маросимҳои чил ва сари солро низ духтару домодам гузарониданд. Давоми даҳ соли дар мусофират будани духтарам бо кумаки шавҳари ӯ рӯз мегузаронидам. Аз чизе танқисӣ надоштам. Агар мариз мешудам, дӯстону хешу таборонаш, ки аз ноҳияи мо сесад километр дуранд, омада маро нигоҳубин мекарданд ва танҳо баъд аз баргаштан ба хона маро видоъ гуфта ба манзилҳои худ бармегаштанд. Боре ҳамсоя ба додару писарам гуфт, ки чунин муносибат накунанду маро танҳо нагзоранд. Чизе нагуфтанду соате баъд яке ба хонаи худ ва дигари ҳам роҳи Қӯрғонтеппаро пеш гирифт. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки барои маълумоти олӣ ва касбӣ додани додару писарам хеле заҳмат кашидам. Худораҳматӣ шавҳарам бо пеш омадани мушкилие шароб менӯшиду хоб мекард. Маҷбур будам, ки ба танҳоӣ ин бори сангинро бикашам. Аммо тақдири пасти маро бинед, ки дар рӯзҳои сангинтарини зиндагӣ на писаре маро суроғ мекунаду на додарам бо зану фарзандонаш. Аз байн даҳ сол гузашту писари дуюмам аз маҳбас озод шуд. Қабл аз озод шуданаш аз духтаронам хоҳиш кард, ки барояш пул бифиристанд, то дандонҳо ба баданашро табобат намояд. Онҳо аз ҳаққи худу фарзандонашон зада, ба ӯ маблағи калоне фиристоданд. Вақте ба шаҳри Душанбе омад, духтари калонӣ ва домод ӯро сару либоси нав харида, дар мошини худ харҷи маърака ва дигар лавозими заруриро ҷо карда, ӯро ба хона оварданд. Хурсандии ман ҳаду канор надошт. Маърака карда хаққу ҳамсояҳоро ба хона даъват намудем…
Ҳафтае нагузашта писари калонӣ оби чашм карда, бо падарарӯсаш ба хона омад. «Дигар маблағи иҷораро пардохт карда наметавонам. Панҷ фарзанд дораму дар вуҷудам чанд касал роҳ ёфтааст, иҷоза бидеҳ, ки муддате дар ҳавлии ту зиндагӣ кунем. Роҳамонро, ки ёфтем, хонаро холӣ мекунем», – гуфт ӯ.
– Тайи ин муддат магар барои фарзандонат хонае насохтӣ, – пурсидам аз ӯ.
– Хона насохтанд, – ба ҷойи ӯ посух дод қудо. Иҷоза бидеҳ, ки муддате дар ҳавлӣ бимонанд, илова кард ӯ.
– Чаро дар вақташ ба духтарат нагуфтӣ, ки бо модар ва падари шавҳарат бисоз, хидмати онҳоро кун ва хонаатро обод нигаҳ дор. Рӯзе онҳо вафот мекунанду хонаву дар аз ту мешавад. Дуои онҳоро бигир. Чаро инро ба фарзандат нагуфтӣ, ба кадом хотир дар ин понздаҳ сол ба онҳо нафаҳмонӣ, ки модарро танҳо нагузоред,ақаллан бегоҳи ҷумъа ба хонааш рафта, дар ҳаққи арвоҳи падар дуо кунед? Намегӯям, ки боре на писару на келинам ба беморхона наомаданду аз ҳолам напурсиданд.
– Ҳар чӣ буд, гузашт, – посух дод қудо. – Онҳоро бо фарзандонашон дар кӯча намон.
Ба оби чашми писарам нигоҳ кардаму дилам сӯхт. Онҳоро ба ҳавлӣ роҳ додам ва хонаро ба номи онҳо гузаронидам. Аммо чӣ мегӯйӣ, ки одами беақлу хирад ва занкалону беномус ислоҳ намешудааст. Баъди моҳе дастархону суфраи худро ҷудо карданд. Мисли як шахси бекасу танҳо хӯрок мепухтаму бо писари дуюм тановул мекардем. Аммо ба бахти баргаштаам ин охири хати сиёҳи тақдир набудааст. Писари дуюм дар маҳбас нашъаманд шуда буд. Вақтҳои аввал нашъафурӯшону нашъамандони маҳаллӣ барояш маводи мухадир ҳадя мекарданд ё мегуфтанд, ки ҳазинаашро баъд пардохт мекунӣ. Ба тадриҷ дар қарз ғутид. Аз хона болишту кӯрпаҳоро дуздида мефурӯхт. Вақте чизе намонд, нашъафурӯшӣ карду ба даст афтод. Ду соли дигар маҳбасӣ шуд. Ба хонаи духтари калонӣ ( духтари хурдӣ шароит надорад) рафта, илтиҷо мекардам, ки барояш либоси гарми зимистона ва маводи ғизоӣ фиристанд. Гапамро ду намекарданд. Аммо ин писари бадбахт баъди аз зиндон баромадан, бо бародараш бо ҳар баҳонае афту дарафт мекард ва ниҳоят аз паси зане ба ноҳияи Ҳисор рафту ду сол боз суроғам намекунад.
Азбаски ранҷурам зуд – зуд ба беморхона меафтам, боз ҳам домоду духтар ҳазинаи табобати маро пардохт мекунанд. Як сол пеш аз зинаҳо афтидаму поям бо ду қабурғаам шикаст. Ҳамсояҳо маро ба бемористон бурданд. Писару келинам боре ҳам хабарам нагирифтанд. Домод маро аз беморхона ба шаҳри Душанбе овард. Чанд моҳ аз ҷой хестан наметавонистам. Мисли писар домод маро бардошта, ба ташноб мебурд ва ё баъд аз шусушӯ бардошта ба рахти хоб мегузошт. Шукри Худо оҳиста – оҳиста бо ёрии домоду духтар ва набераҳо раҳгардон шудам. Онҳо асои ман шуданд».
– Тайи ин муддат писарон аз ҳолатон хабар гирифтанд?
– На танҳо боре хабар нагирифтанд, ҳатто маротибае занг зада напурсиданд, ки модари мо зинда аст ё мурд?
Саъдии бузург фармудаанд:
Говону харони борбардор,
Беҳ з –одамиёни мардумозор.
Ба чашмони аз гиря хушкшуда ва рӯйи ожангбастаи пиразан нигоҳ мекардаму дар қалбам эҳсоси дугунае туғён дошт. Аз як сӯ ба писарони ин модар нафратам бузург мешуду аз ҷониби дигар ба ҳамкори собиқам эҳтиромам даҳчанд мефузуд. Хуш ба ҳоли чунин марде, ки барои модарарӯси танҳою дардманд асо шуда. Эҳтимоли бузурге вуҷуд дорад, ки фарзандони ӯ аз падару модар муносибати хубу наку ва эҳтирому қадршиносиро меомӯзанд ва дар оянда шахсони шоистае хоҳанд шуд. Аммо аз фарзандони писарони ин зан чӣ гуна ашхосе хоҳад бузург шуд? Беномус? Нашъаманд?
Ва суоли матраҳ ин аст, ки писарони ин пиразанро дар пирӣ чӣ интизор аст? Ва агар заррае имон доранд аз Худо наметарсанд?
Эмомалӣ Сайидамирзод