Ба дунё омадани кӯдаки навзод барои падару модар хурсандии беинтиҳоро ба миён меоварад, ки ин ҳодисаи гувороро онҳо муддате чанд интизорӣ мекашанд. Соҳиби фарзанд шудан яке аз омилҳои асосии мустаҳкам гардидани оила ва зиёд намудани меҳру муҳаббати падару модар аст. Баъди ин муносибати волидон ба аъзоёни оила ва зиндагӣ ба таври мусбат тағйир меёбад. Баробари ин падару модар вазифаи тарбияи фарзани солим, боадаб ва соҳибмаълумоту ҳунармандро ба уҳда доранд.
Дар китоби муқаддасоти «Авесто» чунин омадааст: «Агар туро фарзанди хурдсол аст, ӯро ба дабистон бифирист, зеро ки фурӯғи дониш чашми равшан ва биност». Пешрафти таълиму тарбияи кӯдак, наврас ва ҷавон, пеш аз ҳама, ба ақлу заковат ва донишу хиради падару модар вобаста аст. Ба дунё омадани фарзанд барои падару модар саодати беинтиҳост. Аммо ин саодату хушбахтӣ то чӣ андоза давом мекунад, ба тарбияи фарзанд вобастагӣ дорад. Дар оилаҳои носолим ин хушбахтӣ намепояд, тарбияи нодурусти кӯдак ба онҳо гарониҳои зиёдеро меорад. Ин гуна наврасон бо рафторҳои ноҷои худ бармаҳал ҳаёташонро доғдор месозанд, яъне теша ба решаи ҳаёти худ мезананд. Аз ин нигоҳ, падару модарон вазифаҳои гуногуни тарбиявиро иҷро менамоянд. Аз ҷумла, онҳо бояд қадру қимати бачагонро ҳимоя намоянд, фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, накӯкорӣ, раҳмдилӣ, одаму одамгарӣ, ақлу заковат, зебоишиносӣ, ҷисмонӣ, ақлӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ тарбия намоянд, ки ин рисолати онҳост.
Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад ва ҳадафи он оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст. Бешубҳа, оила махзани асосии таълиму тарбияи фарзанд эътироф гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар назди волидайн ва шахсони ивазкунандаи онҳо вазифаи зиёду масъулиятнокеро пеш гузоштааст ва дар сурати беэътиноӣ ва ё мухолифи онҳо амал кардан, ҳатто ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Оила макони муқаддасест, ки одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Калонсолонро иззату эҳтиром кардан, ба хурдсолон шавқату меҳрубонӣ нишон додан, ба рафиқон самимию дилсӯз буданро кӯдак дар оила меомӯзад. Кӯдаконе, ки дар оилаҳои солим ба воя мерасанд, барои миллат зарур мебошанд. Муҳимтарин восита дар тарбияи кӯдакон муваффақ шудани амали сегона; муҳаббат, интизом ва ҷиддият мебошад. Падару модароне, ки ин роҳро пеш мегиранд, беташвиш ва осуда хоҳанд буд ва ҷомеа ободу бехавфу хатар мешавад.
Танҳо фарзандони соҳибмаърифату дорои касбу кори замонавӣ метавонанд дар бунёди давлати пешрафтаву мутамаддин саҳмгузор башанд.
Агар зану мард ҳамдигарро дӯст дошта бо розигии волидайн оиладор шуда бошанд, муносибати онҳо дар асоси самимият ва муҳаббати тарафайн асос ёфта, як умр барои ҳамдигар маҳбуб, писандида, ростқавлу содиқ, якдилу якмаром мемонанд. Меҳри онҳо ба фарзанд низ мегузарад, зеро фарзандон меваи муҳаббати онҳо мебошад. Эҳтирому меҳрубониҳои мутақобила ва риояи ҳуқуқи ҳамдигар аз ҷониби падару модар дар зеҳни фарзанд эҳтиром ба шахсият, эҳтиром ба инсон ва эҳтиром ба ҷамъиятро парвариш медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамаи волидон бояд ҷӯяндаи роҳҳои нави тарбия бошанд, воситаҳои баёнии тарбияи халқиро хеле зиёд донанд, бо методҳо ва роҳҳои беҳтарини тарбия мусаллаҳ гарданд, истеъдоди баланди дастрасгардонии андарзҳоро дошта бошанд.
Агар оила роҳҳои тарбияро дуруст истифода барад, он гоҳ дар ҳаёти худ хушбахтиро, албатта, ба даст меорад.
Беҳбудии сифати таълиму тарбияи насли наврас бояд дар маркази диққати ҳар як оила ва падару модар қарор дошта бошад. Онҳо бояд дар тарбия ва донишандӯзии фарзандони худ ҳамеша ба муассисаҳои таълимӣ дар тамос шуда, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Оилаҳои имрӯзаи ҷомеаи мо табиатан аз оилаҳои пештара аз нигоҳи диду фаросат фарқ мекунанд. Тавассути пешрафти илму техника, низоми бозоргонӣ ва таъсири матбуоти даврӣ, оинаи нилгун (телевизион ва шабакаи ҷаҳонии интернет) сатҳи фаҳмиш хеле боло рафта истодааст.
Имрӯзҳо доираи ҳамкории оила ва мактаб хеле васеъ аст. Мо онҳоро шартан ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мекунем. Ба гурӯҳи аввал масъалаҳои маром ва мазмуни корҳои таълимию тарбиявӣ бо ҳамкории муҳими мактабу оила ба хотири баланд бардоштани таълим ва тарбияи талабагон дар назар дошта мешавад. Барои он ки падару модарон марому мақсади корҳои тарбиявии мактабро дуруст дарк кунанд, ба онон фаҳмондан лозим аст, ки ҳадафи асосӣ - инкишофи ҳамаҷониба ва барои ин нафақат ба корҳои таълимӣ, инчунин, ба тайёрии политехникӣ, тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии кӯдакон низ эътибор бояд дод. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар равобит бо оила завқу шавқи кӯдаконро ба ҳар васила муайян кунанд ва тавассути чорабиниҳои мактаб ва муассисаҳои беруназмактабӣ онҳоро инкишоф диҳанд.
Ба гурӯҳӣ дуввум водоркунии кӯдакон баҳри инкишофи шахсияти худ тааллуқ дорад, ки масъалаҳои зиёдро фаро мегирад. Таҷрибаҳо собит мекунанд, ки дар оила он кӯдаке бештар дуруст инкишоф меёбад, ки падару модараш дар хонадон муҳити солими рӯҳӣ фароҳам овардаанд ва худашон дар меҳнати содиқона намунаи ибратанд. Фарзандон зимни ёддиҳӣ, машқ, назорат ва ғамхории волидон камолот меёбанд, нексиришт мегарданд.
Ба гурӯҳи саввуми ҳамкории мактабу оила - ба назар гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии кӯдакон, ҳамчунин, дигар масъалаҳо шомил мешаванд. Кӯдакон ҳар қадаре, ки калон шаванд, ҳамон гуна феълу рафторашон ҳам тағйир меёбад. Бинобар ин, ҳар синну сол аз калонсолон муомилаву рафтори хосаро мепарварад. Пӯшида нест, ки падару модарон завқу шавқи фарзандонашонро хеле хуб медонанд, чунки онҳо дар пеши назарашон қад афрохтаанд. Аз ин лиҳоз, аз волидайн омӯхтани феълу атвори кӯдакон, инчунин, таҷрибаҳои пешқадами педагогии онҳо барои мубодилаи падару модарони ҷавон аҳамияти калон дорад.
Фотима С.