Муҳоҷират ва зан
Албатта, руҷуъи ҷинси латиф ба муҳоҷирати корӣ бозгӯи ҷасорату иродатмандии эшон аст, ки ризқу рӯзии худро дар хориҷа низ пайдо карда метавонанд, аммо раванди муҳоҷирати кории зан ҷанбаҳои манфии иҷтимоӣ низ дар пай дорад. Нахуст муҳоҷирати занон ба муҳимтарин ячейкаи ҷомеа – оила таъсири манфӣ мерасонад. Зеро вазифаву рисолати ҳаётии бонувони тоҷик таваллуду ба воя расонидани фарзанд буд, на «мардикорӣ». Фарзияе вуҷуд дорад, ки теъдоди ағлаби муҷоҷирони кориро занони аз шавҳар ҷудошуда ё духтароне ташкил медиҳанд, ки то ҳол оила барпо накардаанд. Зеро, дар ҷомеаи суннатии мо ин андеша қобили қабул нест, ки зани тоҷик шавҳару фарзандонро гузошта, худ ба хориҷа коркунӣ равад. Аз ин рӯ, бонувон дарк мекунанду медонанд, ки мардон зани яккаву танҳо ба муҳоҷирати кори рафтаро ба ҳамсарӣ қабул нахоҳанд кард. Зимни як пурсиши сарироҳӣ низ маълумамон шуд, ки бештари ҷавонмардон ба муҳоҷирати корӣ рафтани занони яккаву танҳоро қабул надоранд.
Чаро занон мардикор мешаванд?
Пеш аз муҳоҷирати кории занон ба хориҷи кишвар мо шоҳиди фаъолшавии занону духтарон ба бозори сиёҳи меҳнат яъне ба иҷоракорӣ таваҷҷуҳ намудани ҷинси латиф будем. Занону духтарони русто ба ивази ҳақмузд корҳои гуногуни хоҷагию манзилии заминдорону сарватмандонро иҷро мекарданд. Ҳатто дар баъзе маҳаллаҳои музофоти кишвар «мардикорбозор»-и занон вуҷуд дошт, ки корфармоён аз он ҷо нерӯи кориро кироя мекарданд. Бо мурури вақт бонувон дарк мекардагӣ шуданд, ки иродаву неруеро доранд, ки барои кору даромади бештар пайдо кардан, ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар рахти сафар банданд.
Ҷудошавии оилаҳо ва афзоиши шумораи занону духтарони бешавҳар омилҳои асосии раванди муҳоҷирати кории занон арзёбӣ мегарданд. Тибки иттилои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ соли 2014 дар кишвар 95 ҳазору 478 адад оилаи нав ташкил ёфтааст, ки нисбат ба як сол пеш 1193 оила кам мебошад. Ҳамзамон дар соли гузашта шумораи оилаҳои ҷудошуда ба 9132 адад мерасад, ки ин назар ба соли 2013 938 ҳолат зиёд аст. Дар соли 2014 дар Тоҷикистон 7613 ҳолати сабти таваллуди кӯдакон аз модарони танҳо ба қайд гирифта шуда, дар як соли охир шумораи фарзандони ноболиғ аз модарони яккаву танҳо ба 6249 нафар мерасад. Ин рақамҳо бозгӯи вазъи иҷтимоии занони яккаву танҳое мебошад, ки масъулияти тарбияву нигоҳубини кӯдакони ятимро бар дӯш дошта, мушкили рӯзгор водорашон менамояд, ки барои дарёфти маблағ ҳатто муҳоҷири корӣ шаванд.
Заъфиятҳои занон дар корҳои ҷамъиятӣ
Боиси таассуф аст, ки новобаста ба таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, солҳои охир фаъолияти занон дар корҳои ҷамъиятӣ коҳиш ёфтааст. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки соли 2014 шумораи заноне, ки дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият доштанд, ба 4354 нафар (23,4%) расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 186 нафар кам мебошад. Ҳамчунин, кам шудани шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда низ ба мушоҳида мерасад. Аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, ки айни замон дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва сохторҳои зертобеи он 517 нафар занон фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 2013 51 нафар кам мебошад. Дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ 628 нафар занон адои вазифа доранд, ки нисбат ба як соли қабл 16 нафар кам аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби коҳиш ёфтани теъдоди занон дар мақомоти зикршуда дигаргуниҳои сохторие мебошанд, ки дар онҳо сурат гирифтаанд. Яъне дар сохторҳои мақомоти иҷроия, ки худ амаликунандаи бевоситаи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа мебошанд, теъдоди занони коргар коҳиш ёфтааст.
Зан ва пойдории оила
Умуман, ба муҳоҷирати корӣ рӯ овардани занон сабабҳои бешумор дорад. Гарчанде муҳоҷирати кории занон ба хориҷи кишвар гароиши маъмулан ногузир арзёбӣ мегардад, вале ин раванди иҷтимоӣ ва таъсири минбаъдаи он ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Тибқи назарияи ҷомеашинос Уильям Дюран, рушду тараққиёти саноат ва ба шаҳрҳо табдил ёфтани рустоҳо боиси фаъолшавии занон ба истеҳсолот мегардад. Бо мурури дар истеҳсолот фаъол шудан, занон дар кору чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъол шуда, бахши аъзами вақти фаъоли худро берун аз муҳити хонавода мегузаронанд. Яъне оилае, ки қаблан посдору нигоҳубинаш зан-кадбонуи хона буд, ба хонаводае табдил меёбад, ки дар онҷо ҳамсарон баъди вақти корӣ ҷамъ меоянд. Агар барои занони хонашин масоили хонавода аҳамияти аввалиндараҷа дошта бошад, лекин барои нафаре, ки саргарми кору машғулиятҳои ҷамъиятист, чунин нест. Руҷуъи занон ба кору машғулиятҳои ҷамъиятӣ ба муҳити оиладорӣ ва аҳамияти аввалиндараҷа будани оила таъсири манфӣ мерасонад. Дар урфият мегӯянд: “Агар таваҷҷуҳи мард ба масоили оилаву тарбияи фарзанд кам шавад, нисфи хона ноустувор аст, аммо агар зан кору дигар шуғлҳои дӯстдоштаашро аз масоили хонаводагӣ болотар гузорад, оиларо хатари шикаст таҳдид мекунад”.
Ин таҷрибаи талхро ҷомеаи пешрафтаи Ғарб аз сар гузаронда истодааст, ки иддае аз занон таассуб ба мардони муҷаррад карда, озодию хушбахтиро бидуни масъулияти оиладорӣ, дар яккаву танҳо зистан мебинанд. Коҳиш ёфтани оилаҳои солим, кам шудани таваллуди кӯдак, ҳамҷинсгароӣ ва дигар ҳолатҳои манфии иҷтимоӣ, натиҷаи бевоситаи руҷуъи занон ба “ҳаёти нав” мебошад. Бояд гуфт, ки афзоиши муҳоҷирати кории занони ҷомеаҳои суннатӣ ҳам ба ин монанд паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.
Дом барои муҳоҷирзанон
Хатари дигари муҳоҷирати занони кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия “вербовка”, истихдоми онҳо аз тарафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошад, ки ҷинси латифро ба нашъамандию фоҳишагӣ, тероризму ифротгароӣ тела медиҳанд. Ҳамчунин, хатари дигаре, ки занони муҳоҷири кориро дар хориҷа таҳдид мекунад, трафика ё худ ҳамчун воситаи наслгирӣ истифода шудани онҳо аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Зеро, яке аз мушкилоти иҷтимоии ҷомеаи Ғарб безурётӣ ё худ иллатҳои зотӣ буда, одатан ба ивази маблағи ночизе муҳоҷирзанонро барои наслгирӣ истифода мебаранд. Муҳоҷирзан дар Русия ҳомиладор шуда, баъди таваллуд тифлро бар ивази маблағи муайян ба хориҷиҳо мебахшад.
Бар замми ин, муҳоҷирати кории занони яккаву танҳо ба хориҷа боиси коҳиш ёфтани муқаддасоти оила гардида, ба ҷомеа ва давлат таъсири худро мерасонад. Зеро, ба хусус, занони тоҷик, ки таҷрибаи кору мубориза дар муҳиту кишвари бегонаро надоранд, метавонанд дар ҳиҷрат ба осонӣ қурбони гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ шуда, дигар роҳи бозгашт ба ҳаёти солимро аз даст диҳанд.
Масъалаи дигари доғи ҷомеа фоҳишагӣ ва интиқоли афроди ба ин корҳо машғул ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия мебошад. Аз нишондодҳои оморӣ бармеоянд, ки дар соли 2014 шумораи занони фоҳиша афзуда ба 1886 нафар расидааст, ки ин нисбат ба як сол пеш 606 нафар зиёд мебошад. Теъдоди фоҳишахонаҳо 275 ададро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2013 86 адад зиёд шудааст. Албатта, ҳолатҳои ба фоҳишагӣ даст задани муҳоҷирзанони тоҷик ангуштшумор аст, вале аз назорату ташхиси тиббӣ дар канор мондани онҳо хатари паҳншавии бемориҳои гуногунро дар кишвар меафзояд. Зеро, агар то кунун муҳоҷирони кории ҷинси мард, манбаи паҳншавии ВНМО/ БПНМ ва дигар бемориҳои ҷинсӣ маҳсуб меёфт, бо афзоиши муҳоҷирати занон ба хориҷа хавфи гирифторию паҳншавии ин беморӣ дар кишвар меафзояд. Тибқи баъзе маълумотҳо шумораи гирифторони ВНМО/БПНМ дар ҷумҳурӣ ба 1008 нафар мерасад, ки аз ин 430 нафарро занон ташкил медиҳанд ва ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар зиёд аст. Шумораи занони нашъаманд низ нисбат ба як сол қабл зиёд шудааст. Бояд гуфт, ҳамаи он хавфу хатарҳое, ки мардикорони тоҷикро дар хориҷ аз кишвар таҳдид мекунад, занони муҳоҷирро низ думболагир аст. Аз ин рӯ, масъалаи муҳоҷирати корӣ таваҷҷуҳи бештару ҷиддитарро металабад. Соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи зан гардид, ки ин масъулияту уҳдадориҳои ҷомеа ва давлатро дар ин самт дучанд менамояд.