Насли нав бар замми худписандию кибру ғурури бемантиқ ба фаҳми оддитарин масъалаҳои ҳаётӣ намерасанд. Дар интихоби касбу ҳунар таваҷҷӯҳ ба ҳаҷми маошу даромади молӣ дошта, дороию сарватро мояи хушбахтӣ меҳисобанд. Ба ҷойи рушду ташаккули зеҳнӣ ва худкифоӣ шавқу рағбат ба сарвату дороӣ доранд.
Насли худписанд, вале бесавод
Гарчанде дар самти таълиму тарбия ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳаёти солим корҳои зиёд бурда мешаванд, вале тадбирҳои пешгирифта бобати ислоҳи вазъ натиҷаҳои судманд намедиҳанд. Бо вуҷуди ба тарбияи ҷадид эҳтиёҷ доштанашон тағйири рафтору пиндори ин насли мағрур имконнопазир менамояд. Чаро? Посух ба ин савол муҳиту шароитест, ки атфоли солҳои 1990-ум дар он тарбия ва ба воя расидаанд. Ҳакиме мефармояд: «Дар ҳар амали неку номатлуби инсон беш аз 250 омилҳои ирсию ахлоқӣ, маънавию равонӣ сабаб шуда метавонанд». Мутаассифона, насле, ки дар борааш сухан меравад, аз овони тифлӣ дар гирдоби мушкилиҳои иҷтимоӣ зиндагӣ дошту дорад. Ин насл дар синни осебпазир аз оддитарин шароиту имкониятҳои барои таълиму тарбия зарур маҳрум монд. Замони тифлии эшон, ба истиснои марказҳои шаҳру вилоятҳо, дар музофот муассисаҳои томактабӣ фаъолият намекарданд. Норасоии бозичаву дигар воситаҳои фароғатӣ он тараф истад, ҳатто падару модарон барои тарбияи онҳо вақт надоштанд. Ҳамин тавр, насли нав дар шароити сангине, ки маънии зиндагӣ, ба қавле «мубориза барои зистан» буд, ба дунё омада, ба воя расид.
Сабоҳат Исломова, сокини шаҳри Душанбе иброз медорад, ки айёми тифлии ҷавонони ҳоло 20-22 сола, ба даврае рост омад, ки ҷомеа дар гирдоби муноқишаҳои сиёсӣ қарор дошта, муассисаҳои фарҳангӣ-маданӣ ва фароғатию солимгардонӣ аз фаъолият монда буданд. Зеҳну афкори кӯдакони вақт на аз мусаввараю бозичаҳои рангин, балки аз тарсу ваҳм ташаккул ёфтааст. Ҷойи бозиву фароғат рӯзгори онҳо дар хонаҳои дарбаста интизори аз кор баргаштани модаронашон сипарӣ шуда, шояд тарбияву меҳрубонии падарро ба серӣ надида бошанд. Он вақт, дар хонаводаҳои сарваронаш дар муҳоҷирати корию занони бекасбу саводи кофӣ надошта, фарзанд аз куҷо мефаҳмид, ки бесаводию мактабгурезӣ пушаймонӣ меорад.
Шиками сер ё илму дониш?
Албатта, байни ин қишри ҷомеа ҷавонони босаводу бедордил низ зиёданд, аммо дар умум, насли аз солҳои 1990-ум инҷониб ба дунё омада, мушкилиҳои зиёди ахлоқию равонӣ доранд. Боиси таассуф аст, ки то кунун баъзе ниҳоду сохторҳои марбут ба кори таълиму тарбия ба умумигӯию омори соҳаи маориф такя намуда, воқеияти сатҳи саводнокӣ, хулқу атвор ва вазъи психологии наврасону ҷавононро сарфи назар мекунанд. Пӯшида нест, ки ин насли дар гирдоби мушкилиҳо ба воя расида, дар оянда ба ҷомеа мушкилоти зиёд эҷод хоҳанд кард. Мутаассифона, дар замони бозаргонӣ муносибати зодмандон ба кори таълиму тарбия ҳам тағйир ёфта, он ба равону афкори насли наврас бетаъсир намондааст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас мушкилиҳо баръакс, афзуда истодаанд. Зодмандон таъминоти моддии оиларо муҳимтарин вазифаи худ шумурда, ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Агар то охири солҳои 80-ум оила чашмаи асосии тарбияи кӯдак буд, ҳоло бештари зодмандон масъулияти тарбияро бар дӯши кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ гузоштаанд. Дар рустоҳо, ки мардон ба муҳоҷирати корӣ рафта, таъминоти оила бар дӯши занон мондааст, кӯдакон аз назорати оила дур монда вақти худро дар кӯчаву оворагардӣ мегузаронанд.
Тарбияи мардонагӣ
Ба истиснои камтаваҷуҳии наврасон ба илму донишандӯзӣ рафтору кирдорашон боиси нигаронӣ аст. Баъзан, ба ном таҳлилгарон иддао пеш меоранд, ки тарбияи ватанпарастию меҳнатдӯстии наврасон суст ба роҳ монда шуда, насли наврас он ҳисси ифтихори миллиро, ки бояд дошта бошанд, надоранд. Мушкили маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ далели гуфтаҳост. Мирзобадал Зиёев, сокини рустои Хатлон мегӯяд, ки як иллати гурезу сарпечии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ ин аз тарбияи падар дар канор мондани ҷавонписарон аст. Зеро модар ба фарзанд меҳру шафқат ва дигар хислатҳои шоистаро тарбия менамояд, аммо инсон ҷасорату шуҷоатмандиро аз падар ё тарбиятдиҳандаи мард меомӯзад. Имрӯз норасоии неруи мардона дар кори таълиму тарбия, чӣ дар хонаву муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мушоҳида мешавад. Ба ақидаи равоншиносон, саркашии насли ҷавон аз хизмати ҳарбӣ на коҳиш ёфтани ҳисси ватандӯстӣ, балки кам шудани теъдоди омӯзгорони мард дар муассисаҳои таълимист, ки дар бедор намудани ҳисси шуҷоату далерӣ ва ғуруру тавонмандии ҷавонписарон таъсиргузоранд.
Дом барои аблаҳон
Бар замми мушкилиҳои мавҷуда боз як зумра падидаҳои номатлуби замони муосир ба афкори наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар баробари камбудиҳои маънавӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, ҷомеаи кишварҳои кӯчаку аз лиҳози худшиносӣ бештар осебпазиранд. Бесарҳадии фазои иттилоотии интернетӣ, баҳри беканори мусиқию синамо ва фарҳангу идеологияи кишварҳои қудратманд хатари бегонапарастиро миёни насли бесавод меафзояд. Тақлиди кӯр-кӯронаи ҷавонон ба либоспӯшӣ ва фарҳангу маданияти ғарб, фанатизми бемаънӣ ва руҷуи насли ҷавон ба мазҳабу оийинҳои бегона ва ҷалбу ҷазбияти ҷавонон ба унсурҳои барои ҷомеаи мо хатарбор нишони бесаводист, ки ҳисси ифтихори ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавононро коҳиш медиҳад. Ба замми ин, боиси таассуф аст, ки то ҳоло таъсири марказҳои бозиҳои компутериро нодида мегирему фарзандон гирифтори ин бозиҳо шуда, вақти зиёди худро дар «шикор»-у «тахриб»-кориҳои онлайнӣ сипарӣ мекунанд. Заъфияти дигар ҳисси худписандии ҷавонон аст, ки монеи бозомӯзию дарки худшиносии онҳо мешавад. Яъне насли нав камбудию норасоиҳои хешро ба соддагӣ эътироф нахоҳад кард ва бо вуҷуди сатҳи донишу касбияташон онҳоро ислоҳ намудан ва ё афкорашонро тағйир додан бисёр мушкил хоҳад буд. Аз ин рӯ, мебояд мушкилиҳоро бартараф сохта, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем, то насли ояндасози ҷомеа дар муҳити солиму осоишта тарбия ва ба воя расанд. Вагарна, мушкили имрӯзаи кӯдакон фоҷиа барои ояндагон аст.
С. Ҷамолиддин