Аксари мардум бо мамнуният ва шукргузорӣ аз ин тадбири Сарвари давлат рӯзгори худро то ҷое ба сомон расонданд. Баргузории тӯйҳои арӯсӣ ба шумор бештар гаштанд. Низоми ягонаи таҳияи маросимҳо, хароҷот, ташкили кору анҷоми он дар вақту соати муайян ва бо теъдоди зарурии меҳмонон ҷорӣ гардид. Ин қонун тавонист бисёр оилаҳои нодору миёнаҳоли кишварро аз муфлисшавӣ ва мушкилоти моддию маънавӣ, рӯҳию равонӣ нигоҳ дорад. Хонаводаҳо тавонистанд низоми харҷу хароҷоти хонаводагиро бо назардошти талаботи қонун ба роҳ монанд, аммо боз ҳам бо гузашти вақту замон ба ҷурми бӯҳронҳои молиявию пулӣ низоми танзим халал ёфт. Имрӯз воқеияти ҳол манзараю омори дигарро пеши рӯ гузоштааст, ки ҷомеа аз он нигарон аст. Як омили дигаре, ки гоҳе ва ҷое низоми танзими ҷашну маросимҳоро дар ҷомеа халалдор сохтааст, боз ҳамон тақлидкориҳо ва зиёдаравиҳо дар тӯю маросимҳои маргу мотам аст. Яъне ин ҷо омилҳои субъективӣ боло гирифтаанд ва фактори инсонӣ сабаби асосии ноҷӯрии танзим гаштааст.
Аз мост, ки бар мост…
Дар раванди баргузории тӯю маъракаҳо аён мешавад, ки имрӯз мардум боз расму русуми тозаеро «эҷод» кардаанд ва иҷрои онро ҳатмӣ медонанд. Аввалан, агар аз бӯҳрони молиявию пулӣ сухан кунем ва бубинем, ки он то кадом андоза ба буҷаи оилаҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳояшон таъсир расондааст, мебинем, ки воқеият дихушкунанда нест. Нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ба фоиз хеле боло рафтааст ва боло меравад. Хизматрасониҳои зарурӣ дар тӯю маъракаҳои маргу мотам ҳам ба ҷурми бӯҳрони пулӣ арзиши дигар доранд. Аз ҷониби дигар, мардум худ оинҳои вижаро ҷорӣ намудаанд, ки хароҷоти барзиёдро тақозо мекунанд. Масалан, дар тӯйҳои арӯсӣ маросими дугонаталбон аз нав «эҳё» шудааст, ки он тариқи қонун манъ аст, аммо мегузаронанд. Нишасти алоҳидаи занҳо бо баргузории маъракаи вижа роиҷ гаштааст. Харидани сару либос, додани тӯҳфаҳои ҳангуфт ба наздикони арӯсу домод ва овардану бурдани дастархонҳои пур аз кулчаю қану шириниҳо боз бештар гаштаанд. Ҳарчанд, ки қонун дар баъзе мавридҳо ин амалҳоро манъ накардааст, аммо бо назардошти болоравии нарху наво иҷрои ин оинҳо хароҷоти зиёдро металабад. Ва чаро мардум дидаю дониста ба ин масрафкориҳо роҳ медода бошанд? Таҳлилҳои ҷомеашиносон нишон медиҳад, ки дар баргузории ин оинҳои на он қадар муҳиму зарурӣ бонувон нақши калидӣ мебозанд. Дар мавриди дигар рафтану дидану хулоса баровардани бонувон ба маъракаҳои ҳамдигар тақлидкориҳои бемаъниро густариш додааст. Андешаи «фалонӣ кард, ман ҳам бояд кунам» ва ё «мо аз кӣ камӣ дорем?» дар ҷомеа зиёд гаштааст ва аксари хонаводаҳо аз ин шева тӯю маъракаҳои худро доир месозанд. Қатори мошинҳои гаронарзиш ҳангоми қайди ақди никоҳ, наворбардорони зиёде бо дастгоҳҳои замонавӣ, фотосессия, навозандагону сарояндагон, ороиши барзиёди саҳнаи тӯй ва боз чандин «навоварӣ»-ҳои мардум киссаи дилхоҳ сарвари оиларо тиҳӣ месозанд. Шояд аксар намехоҳанд, аммо тақлид ва боз ҳамон андешаи дар зеҳнҳо ҷойгирифта, ки бояд кунем, моро имрӯз боз ба вартаи харобии буҷаи оила ва рӯҳу равон тела медиҳад. Масъулони назораткунандаи татбиқи қонун имрӯз шояд на ҳамеша тавони пешгирии ин одатҳои ноҷою номатлубро доранд, зеро мардум худ гунаҳгор асту худаш бо дасти худаш муҳити хонаводаашро мувоҷеҳи мушкили иқтисодӣ месозад.
Замона дигар шуду…
Яъне замона дигар шуда бошад ҳам, аммо мо дигар шудан намехоҳем. Аксар пайи андешаҳои тақлидӣ ва худнамоишдиҳӣ ба қонуншиканиҳо даст мезананд. Ҳатто тайёр ҳастанд, ки маблағи ҷаримаҳоро ҳам супоранду ба қавли худашон, «ба орзую армони дилашон бирасанд». Талоши Ҳукумат, Сарвари давлат барои чӣ ва барои кӣ буд? Барои ободию осудагӣ ва танзими рӯзгори мардум буд ё ҳамин хел як тадбирҷӯӣ? Хеле хуб масъаларо дарк мекунед. Хеле хуб медонед, ки хароҷоти барзиёд шумо ва аҳли хонаводаро ҳам ночору нодор хоҳад сохт, аммо наметавонед тибқи қонун амал намоед ва қолабҳои имрӯзаи нозаруру харобкорро бишканед! Метавонем, ки бо шумори ками мошинҳо, бе баргузории маъракаи дугонаҳо, бе хариди либосҳои нозарур, туҳфаҳои барзиёд, рақсу бозиҳои беохири бемаънию саргармкунанда ва дигар оинҳои зиёдатӣ маъракаҳои худро доир намоему маблағҳоро сарфа намоем? Метавонем, аммо намехохем. Шояд мехоҳем, аммо боз асири ҳамон тафаккури тақлидӣ ҳастему назди ақлу тадбир оҷизу нотавонем. Замона дигар шудааст ва чаро ҳанӯз ҳам бо ҳамон тафаккури тақлидию зиндагисӯз зиндагӣ мекунему худу дигаронро дар азоб мегузорем. Вақти он аст, эй мардум, ки чашм бикшоед ва ба олам бингаред. Дигарон ба кайҳон мепаранд. Ихтироъ мекунанд. Ба сайру саёҳат мераванд, ба худу зиндагиашон ранги тоза мебахшанд, аммо мо, ба қавли шайх Аттор:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем…
Р.Камол