Тайи чанд соли охир Ҳукумату давлати Тоҷикистон ба масоили таълиму тарбия дар муҳити хонавода, рисолати волидон ва масъулияташон дар камолоти ахлоқию маънавии фарзандон таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Талабот дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» хеле ҷиддӣ аст, аммо сохторҳои марбута раванди амалӣ сохтани ин санадро баъзан мавқуф мегузоранд. Мутобиқи ҳисоботҳояшон гӯиё ҷаласаҳо, маҳфилу мулоқотҳо ва дигар тадбирҳо доир мегарданд, аммо чун жарфтар менигарем ва таҳқиқ мекунем, мебинем, ки усули ин гуна тадбирҷӯиҳо хеле содда ва бесамар ҳастанд. Аз ин ҷост, ки масоили то ҳанӯз ҳалталаби таълиму тарбия, бахусус ахлоқу маънавиёт дар муҳити хонавода нигаронкунанда аст. Ҳанӯз ҳам оилаҳои ҷавон пош мехӯранд. Тифлакони бегуноҳ дар нимароҳи зиндагӣ аз меҳрубониҳо ва тарбияи волидон канора мемонанд ва доғи ятимиро мегиранд. Бо назардошти ин омилҳои номатлуб Сарвари давлат ҷиддан иброз ва талб намуд, ки масъалаи ба таълиму тарбия фаро гирифтани ятимони кулл ва фарзандхонии онҳо тариқи санадҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳою суннатҳои мардумӣ бо шеваи нав анҷом дода шавад. Бо гузашти чанд муддат вобаста ба ин дастур чӣ натиҷагирие метавон кард?
Мутобиқи омори расмӣ танҳо дар соли сипаришуда 25 кӯдак барои фарзандхонӣ ба оилаҳои бефарзанд расман дода шуданд. 4 кӯдаке, ки дар кишвари Русия аз ҷониби модарони муҳоҷири тоҷик ба ҳукми сарнавишт ҳавола шуда буданду ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардиданд ва чанд муддат дар парваришгоҳи кӯдакона зери назорату тарбияи давлат қарор доштанд, оилаҳои нав ёфтанд, яъне онҳоро ба фарзандхонӣ қабул карданд. Ин худ як амали хайру савобе буд дар иртибот ба дастуру муроҷиати Сарвари давлат, аммо ҳанӯз зиёданд кӯдакони ятим, ки то як синну соли муайян дар парваришгоҳ зери ғамхорӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Бо гузашти муҳлати мадид онҳо куҷо хоҳанд рафт, ба ҳукми сарнавишт аст. Мутобиқи пажӯҳиши мутахассисон имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 дар сади оилаҳо аз безурётӣ азият мекашанд ва хоҳиши ба фарзандӣ қабул кардани ятимонро доранд, аммо мушкили ба расмиятдарории ин амалиёт аксари онҳоро баъзан ноумед кардааст. Аввалан, гӯиё навбат хеле зиёд аст ва солҳо мунтазир шудан зарур меояд. Баъдан, санҷиши шароити моддӣ, имконоти оилаҳои хоҳишманд, вазъи рӯҳию равонии волидон ва ғайраю ҳоказо мушкили дигарро пеш гузоштааст. Ба андешаи масъулон анҷом додани ин талаботу риояи чунин меъёрҳо муҳиманд, зеро вақте кӯдак тариқи фарзандхонӣ ба оилаи дигар меравад, бояд аз ҳама чиз бархурдор шавад ва кафолати солим ба камол расиданаш бошад. Дар иртибот ба ин масъала Сарвари давлат ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард ва дастур дод, ки барои хеле содда ва дастрас будани фарзандхонӣ барои оилаҳои ниёзманд тадбирҳо андешида шаванд. Ин раванд оғоз ёфт ва умед аст, ки масъулон дар ҳалли монеаҳою мушкилоти ҷойдошта саҳм мегузоранд . Аммо омили дигаре, ки боз ҳам метавонад масъалаи ятим мондани тифлаконро густарда кунад, ташкили оилаҳо бидуни қайди расмӣ ва ихтиёран аз фарзанд даст кашидан аст. Ин масъала мавзуи баҳсу андешаи дигар аст ва дар матлаҳои минбаъда онро пайгирӣ хоҳем кард. Танҳо таманнои мо аз шумо он аст, ки метавонед оид ба ин масъла фикру андешаҳо ва пешниҳодоти худро дар сайти мо баён созед. Зеро, чӣ хеле мегӯяд,
«Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад»
Р.Камол