Бо аз ҳам пошидани системаи сотсиалистӣ ва касб намудани истиқлолият аз ҷониби ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ раванди иқтисод ва иҷтимоъ тағйир намуд ва сармоя дар садади аввал қарор гирифт. Бо даст ёфтан ба сармоя ба тадриҷ занон дар кишварҳое, ба мисли Русия ва Қазоқистон сарварии корхонаҳову заводҳо ва фабрикаҳову бахши сохтмонро ба даст гирифтанд ва ҷиҳати фаъол ба роҳ мондани кор пушти чанбараки мошин нишастанд.
Агар омили аввали пушти фармони мошин нишастани занҳо ин фаъолтар ба роҳ мондани фаъолият бошад, омили дигар, яъне харидорӣ намудани мошинҳои гаронқимат ва хориҷӣ нишон додани қудрат ва шукӯҳ мебошад. Дар давоми рӯзи корӣ, агар бонувон савори мошинҳои худрав ва қавӣ бошанд, баъд аз кор, вақти рафтан ба рестурон ва нишастҳо савори мошинҳои гаронқимати хориҷӣ мешаванд. Аммо ин падида дар кишварҳои нисбатан пешрафта мушоҳида мегардад.
Дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи охир занҳои зиёде мошин харидорӣ кардаву субҳ то ҷойи кор пушти фармон менишинанд. Агар қисме ба он хотир пушти фармони мошин бинишинанд, ки фаъолияти кории худро муассиртар ба роҳ монанд, бархе ба он хотир савори мошинҳои қимат мешаванд, то шукуҳу шаҳомат ва дороии хешро ба ҷилва гузоранд.
Аз рӯйи мушоҳидаҳо метавон ҳадс зад, ки дарсади хеле ками занони Тоҷикистон пушти фармон ба хотири таъмин хонавода менишинанд. Дар пойтахту атрофи он ронандагони таксӣ аз ҳисоби бонувон хеле каманд.
Мавзӯи мавриди назари мо сифати ронандагии занҳоест, ки пушти чанбараки мошинҳо менишинанд. Замони шӯравӣ мақоле буд, ки тақрибан чунин тарҷума мешуд: «Зани пушти чанбараки мошин маймунеро мемонад, ки дар даст норинҷак дорад». Азбаски маймун ақл надорад, метавонад ҳар лаҳза норинҷакро тарафе ҳаво диҳад, ки дар натиҷаи таркиши он чанд нафар ҳалок мегардаду чанде ҷароҳат мебардорад. Агар чунин аст, чаро мардум зани пушти фармон нишастаро ба он шабоҳат медиҳанд?
Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба чанд нафар бонувони мошиндор ва мардон муроҷиат кардем. Шуҳрат Раҳимов, сокини пойтахт, дар ин маврид чунин ибрози назар менамояд:
«Аксар занон дар ҳолати пушти фармони мошин нишастан, андешаи худро мутамарказ карда наметавонанд, бинобар ин қавонини роҳро вайрон намуда, сабаби рух додани тасодумҳо мешаванд. Онҳо пушти фармон нишаста, дар оинаи ронанда ба ҷойи қойдаҳо роҳ ва таъмини бехатарӣ, ба ҳусну зебоии худ бештар аҳамият медиҳанд. Ё лаб сурх мекунанд ё бо телефони ҳамроҳ гуфтугӯ менамоянд. Мусиқӣ гӯш мекунанд ё бо ҳамроҳони худ, аз ҷумлаи бонувон машғули суҳбат мегарданд. Ин тарзи муносибати онҳо ба қойдаи бехатарии роҳ мувофиқ нест. Таҷрибаи беш аз 30 – солаи ронандагӣ дорам, ҳар вақте дар роҳ занеро пушти фармон бинам, масири худро тағйир медиҳам ва талош месозам, аз ӯ дуртар бошам».
Гулрухсор Гулова, муҳандиси сохтмон, ба гуфтаҳои Шуҳрат Раҳимов мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд:
«Ин мақол маҳсули тахайюли мардон аст. Онҳо ба ҳар восита мекӯшанд фаъолияти бонувонро маҳдудтар созанд. Азбаски зан модар аст, ба иҷрои қоидаҳои бехатарӣ нисбат ба мардон беҳтар аҳамият медиҳад, зеро медонад, ки дар хона ӯро шавҳару фарзандон интизоранд. Имрӯз мошин доштан, ба мисли компютер барои ҳар зан ногузир аст. Савори нақлиёти ҷамъиятӣ шавед, метавонед ба кор дер кунед. Ё баъзе ронандагони васоити нақлиёти ҷамъиятӣ аз фарҳанги шаҳдорӣ бархӯрдор нестанд. Бо муносибати дағал ё мусиқии баланд мондаашон табъи шахсро хира месозанд. Агар табъи одам аз саҳар хира гардад, рӯзи корӣ чандон бобарор намешавад. Осори он то бегоҳ ё рӯзи дигар мемонад. Ба ҳамин хотир, мошини шахсӣ доштан хеле зарур аст. Аз ҷониби дигар, агар мошин дошта бошед, дар давоми рӯз ба хотири беҳтар анҷом додани кор ба нуктаҳои гуногуни шаҳр меравед, бегоҳ бошад, дар хати масир ба бозор ё фурӯшгоҳе даромада харид мекунеду бори дӯши шавҳар камтар мешавад. Ба роҳатӣ метавонед саҳар фарзандонро ба боғча ё мактаб бурда, аз пайи кори худ шавед. Дар давоми рӯз дар ҳамоҳанги бо шавҳар фарзандонро ба хона мебаред».
Ин баҳси хонандагони мо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар аксар кишварҳои пешрафта бонувон пушти фармони мошин буда, дар пешрафти иқтисоду иҷтимоъ ва анҷоми корҳои хонавода дар баробари мардон саҳм мегиранд.
Тибқи иттилои солҳои аввали қарни нав дар хиёбонҳои шаҳри Теҳрон дар як рӯз дую ним миллион мошин ҳаракат мекунад, ки пушти фармони беш аз яку ним миллиони он бонувон қарор доранд.
Тибқи назари коршинсони масоили иҷтимоӣ дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ҳар як зан дар баробари шавҳари худ мошин дорад. Аммо дар тасодумҳои рухдода теъдоди хеле ночизеро занҳо ташкил мекунанд. Аз ин ба хулосае мерасем, ки рондани мошин аз ҷинс вобаста нест. Танҳо эҳсоси масъулият ва донистани қоидаҳои роҳ имкон медиҳад, ки ҳар як шахс пушти фармони мошин нишинад.
Роҳи сафед ва бехатарро бароятон таманно дорем, бонувони арҷманд!
Эмомалӣ Сайидамирзод