Дар қаламрави Русия ҳам нуқтаҳои додани шиносномаҳо ташкил шудаанд, аммо на ҳама шояд сари вақт соҳиби чунин шиносномаҳо шуда метавонанд, зеро талабот ҷиддӣ ва ниёзмандон хеле зиёданд. Аз ҷониби дигар, барои бонувони тоҷике, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ин масъала ҷиддитар меистад. Як зумраи онҳо бо фарзандони ноболиғи худ озими сафар мешаванд ва ҳатман барои кӯдакон ҳам ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия кардан лозим меояд. Доштани шаҳодатномаи таваллуд, ному насаб, вазъи саломатӣ ва дигар меъёрҳои муайяншуда ҷараёни гирифтани ҳуҷҷатҳои расмиро тӯлонитар месозад ва баъзан ба ҷурми мутобиқат накардани талаботи ҳуҷҷатнигорӣ аз ҷониби мақомоти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва ё ҷой доштани хатоҳои имлоӣ гуруҳе сарсон ҳам мешаванд. Ин ҳолатҳои ногувор дар мавриде ошкор мегарданд, ки муҳоҷир ба қаламрави Русия ворид мешавад ва мақомоти дахлдори ин кишвар онҳоро бозпас ба ватан мефиристад. Аз ин нигоҳ, барои ҳама муҳим аст, ки қабл аз гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва ҳуҷатҳои расмӣ барои фарзандонашон аз маслиҳату дастури коршиносон ва ҳуқукдонҳо бархурдор шаванд ва мушкили ҷойдоштаро сари вақт ҳал намоянд, то дар кишвари бегона мувоҷеҳи мушкиле нагарданд.
Хонед, хонед, боз хонед!
Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷониби Русия матраҳ кардааст, ин ҳатмӣ донистани забони русӣ аст. Барои иҷрои ин талабот мақомоти расмии кишвари Русия аз ҳама муҳоҷирон сертификати махсусеро талаб мекардааст, ки донандаи забони русӣ будани онҳоро тасдиқ намояд. Ҳамзамон донистани таърихи ин кишвар ва қонунҳои он барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ дониста мешавад. Ин талабот қаблан барои онҳое роиҷ буд, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доштанд. То имрӯз салоҳияти додани чунин ҳуҷҷатро танҳо кормандони масъули филиали Донишгоҳи давлатии Москав дар шаҳри Душанбе доштанд. Дар пойгоҳи намояндагии ин донишгоҳ курсҳои омӯзиши забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи кишвари Русия ташкил шудаанд. Пас аз итмоми машғулиятҳо аз муҳассилин имтиҳон гирифта мешавад ва варақаҳои пурсишу посухҳоро барои санҷиш ба шаҳри Маскав мефиристанд. Санҷиш ва натиҷагирию додан ва ё надодани сертификат анқариб ду моҳ тӯл мекашад. Агар воқеан , ин талабот ба ҳама муҳоҷирон ҷорӣ шавад, пас боз мушкили дигаре пеши рӯйи онҳо меояд. Таҳсил дар курсҳои бозомӯзие, ки Раёсати намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав барои муҳоҷирон ташкил менамояд, 2-3 моҳа аст. Ин вобаста ба саводу малакаи омӯзандагон аст. Нафароне, ки дар муддати кӯтоҳ забони русиро меомӯзанд ва оид ба таъриху ҳуқуқи Федератсияи Русия маълумоти заруриро аз бар мекунанд, метавонанд имтиҳон супоранд ва соҳиби сертификат шаванд. Албатта, ин ройгон нест ва бо пардохти маблағе сурат мегирад.
Ба пеш ё ақиб?
Мутобиқи таҳлили коршиносон ҷараёни соҳиб шудан ба сертификат бо назардошти муҳлати таҳсилу санҷишу интизориҳо шояд анқариб аз 4 то 6 моҳ тӯл кашад. Ин ҳолат ба раванди буду боши муҳоҷирон дар кишвари Русия бетаъсир нахоҳад монд. Агар барои баъзеҳо имкониятҳои хуберо фароҳам орад, барои дигарон бошад, монеаҳо эҷод хоҳад кард, зеро на ҳама метавонанд дар муҳлати хеле кам забон, таърих ва ҳуқуқи ин кишварро пурра омӯзанду соҳиби сертификат шаванд. Солҳои охир ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани занон ҳам зиёд гаштааст ва миёни онҳо аксариятро бонувони деҳот ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки барои занони деҳотӣ омӯхтани забону таърих ва ҳуқуқи кишвари Русия бо забони русӣ хеле мушкил хоҳад буд. Пас, ин шарту шароити пешниҳодкардаи мақомоти расмии Федерасияи Русия ҳадафҳои дигар дорад, ки аввалинаш коҳиш додани раванди муҳоҷиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави кишварашон мебошад. Ва ҳадафи дигар, интихоби муҳоҷироне, ки касбу ҳунар доранду метавонанд дар рушди соҳоти гуногуни Русия саҳм гузоранд. Аз ҷониби дигар, пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткориҳо ва риояи тартибу низоми буду бош дар Русия аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ матлаби вижаи ин тадбирҷӯиҳост.
Мутобиқи иттилои расмии мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд доштани сертификат ва шиносномаи хориҷӣ барои ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ мебошад. Пас, хоҳед нахоҳед, аксар аз рӯйи ҳикмати маъмули «Хонед, хонед, боз хонед» кор хоҳанд гирифт. Дигар чора нест ва гузашти вақт нишон хоҳад дод, ки ин тадбиру таъбирҳо чӣ натиҷаҳоро ба бор хоҳан овард?! Дар ҳар сурат, ҳама хоҳишмандон дастури машҳури «ба пеш»-ро шиори худ қарор хоҳанд дод.
Р.Камол