Ронандагон бошанд, ин иқдомро як вақтгузаронии беҳуда, ки боз хароҷоти барзиёд низ дорад, унвон карда, мегӯянд, ки қавонини ронандагӣ дар ҳама ҷо як аст. Дар бештари мавриди сар задани садамаҳои автомобилӣ, маҳз шаҳрвандони хориҷӣ гунаҳкор дониста мешаванд, хабар медиҳад хабарнигори ширкати телевизиионии «МИР 24» Дмитрий Забрудский.
«Ронандагӣ сарчашмаи асосии даромади ман дар Россия аст. Агар қонуни нав қабул шавад, он таъсири баде ба вазъи иқтисодии оилаи ман хоҳад дошт», - мегӯяд ронандаи мошини боркаш Диёр Ҷумъаев, як тоҷики маскуни шаҳри Москави Россия . Дуруст аст, ки ин қонун зарбаи сахте ба иқтисоди оилаи Ҷумъаевҳо ва ҳазорон ронандагони хориҷии дар давлати Россия кору фаъолияткунанда задаст, аммо ин ҳама ҳанӯз дар назария аст. Тарҳи гирифтани шаҳодатномаҳо, ки он чӣ гуна сурат мегирад, ҳанӯз мушаххас нест.
Ҷонибдорони қонун бар ин боваранд, ки маҳз хориҷиён беш аз ҳама мӯъҷиби вайрон кардани қавонини роҳ мешаванд. Ба андешаи онҳо баъди қабули қонуни мазкур ҳам фаъолияти ронандагони беэҳтиёт ба танзим медарояд ва ҳам селаи мошинҳои қатор. «Дар ин 10 сол дар Россия бисёр чиз иваз шуд, агар ба кишвари мо бо шаҳодатномаҳои ронандагии давлати Озорбойҷон ё Туркманистон ояд он ҷо вазъият фарқкунанда аст, аз ин хотир мо қадами дурусте гузоштем», - мегӯяд вакили Думаи Россия Евгений Москвичев.
Аз рӯи маълумотҳои гайрирасмӣ дар Россия имрӯз наздики 40 фисади интиқоли мошинҳои боркаши гаронвазн ва мусофиркашониро маҳз хориҷиён анҷом медиҳанд ва маълум аст, ки бозомӯзие, ки қонуни нав муқаррар кардааст маҳз ба онҳо дахл дорад. Ин новобаста аз он аст, ки онҳое, ки барои фаъолият паси чанбари мошинҳои боркаш ё автобусҳо менишинанд, бе ин ҳам аз санҷишу имтиҳонҳои сахт мегузаранд.
«Талаботи мо барои ҳамаи ронандагоне, ки ба кор қабул карда мешаванд, як аст. Ман фарқияте байни ронандае ба мисол аз Тоҷикистон ё аз худи Федератсияи Россия намебинам», - мегӯяд директории як ширкати мусофиркашонӣ, Максим Рева. Барои фаъолияти ҳар ронанда ширкат ҷавобгар аст. Пеш аз оғози рӯзи корӣ ронанда ҳатман аз ташхиси тиббӣ ва мошин аз ташхиси техникӣ гузаронида мешавад.
Муталиб Бобоев ронандаи ихтисосманди тоҷик шаҳодатномаи ронандагиро ҳанӯз солҳои 1970 соҳиб шуда буд. Аз он вақт то ҳол кам чизе иваз шудааст, танҳо шумори мошинҳо ва тарзи идораи онҳо. Рамзу ишораи роҳҳо ҳамонанд, ки буданд, мисли 30 соли пеш. «Қайди мо барои 3 моҳ аст, аммо дар ин муддат гумон аст, ки шаҳодатномаи ронандагии моро диҳанд», - мегӯяд ӯ.
Маълум аст, ки маблағи шаҳодатномаи русиро худи ронанда пардохт мекунад. «Аввал ин ки ин кор харҷ дорад, дуввум ин ки то он вақте ки мо муҳоҷирон соҳиби иҷозатнома нашавем, сари чанбари мошин нишаста наметавонем, қонун ба мо иҷозаи ин амалро намедиҳад. Барои ронандагону соҳибони мошинҳои калонвазн дар Москав мушкили наве эҷод шуд. Чанд вақти пеш онҳоро вазифадор карда буданд, ки дар мошинҳояшон тахограф – асбоби ҳисобкунаки вақт насб карда, иҷозатномаи вуруд ба шаҳрро дошта бошанд ва ҳамакнун ба болои ҳамаи ин бояд ронанда соҳиби шаҳодатномаи русӣ низ бошад, ки ин ҳама аз муҳоҷирон вақти зиёду маблағ талаб мекунад», - мегӯяд Диёр Ҷумъаев.
Гулноза БОБОМУРОДОВА