Мутаассифона, муҳоҷирати корӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ боиси ба мӯҳлати давомдор дур аз хонавода қарор доштани мардон ва бесаробон мондани бисёре аз хонаводаҳо шудааст. Манзур теъдоде аз мардон аст, ки бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ, аҳли оилаи худро ҳаволаи қисмат намуда, дар хориҷа кору зиндагиро ихтиёр мекунанд. Ин суоли матраҳ аст, ки афкори оилабезорӣ дар зеҳни баъзе ҳамдиёронамон аз куҷо маншаъ мегирад?
«Ҳоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ чор тарафат қибла»,«Аз хона дафъ шав» ва дигар ҳарфҳои сангине, ки зодмандон зимни баҳсу мунозираҳо бо фарзандон баён мекунанд, нахустин афкори хонабезорӣ ё худ зиндагии муҷаррадиро дар зеҳни ҷавонон пайдо мекунад. Баъдан, нобаробарию нақзи ҳуқуқҳои ҳамдигарӣ дар оила, беэътиноии зодмандон нисбат ба мушкилоти фарзандони болиғ ва дигар муносибатҳои носолими хонаводагӣ эътимоди ҷавононро нисбат ба муқаддасоти оила коҳиш медиҳад. Бо мурури вақт мушкилоти иҷтимоӣ, баҳсу муноқиша ва ранҷу тавҳин миёни зану шавҳари ҷавон ҳисси хонабезориро дар ҷавонони беирода тақвият медиҳад.
Пӯшида нест, ки дар сафи артиши миллионнафараи муҳоҷирони кории мо зиёданд теъдоди ҷавононе, ки ҳаёти муҷаррадиро мепазиранд. Баъзан мардҳо ба хотири лаззату осоиштагии муваққатӣ солиёни зиёд дур аз аҳли оилаҳои худ зиндагӣ дошта, фаромӯш мекунанд, ки онҳоро дар Ватан зодмандон ва зану фарзандон интизоранд. Иддае аз мардон бо дарки иштибох, қисме дигар дар пиронсолӣ пӯшаймон шуда, назди пайвандонашон бармегарданд. Вале тӯли солҳо холигии ҷойгоҳи падар дар оила ба вазъи равонӣ ва хулқу атвори фарзандон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ, инчунин надоштани маърифати оиладорӣ, озору хафагиҳои бемаврид миёни аъзоёни оила, бемасъулиятии зодмандон дар тарбияи фарзанд ва ғайраҳо аз омилҳое мебошанд, ки боиси аз муҳити хонавода дар канор мондани баъзе ҷавонон мегардад. Мутаассифона, Саид - «қаҳрамон»-и барномаи телевизионии «Пуст говорят»-и Русия, ягона нафаре нест, ки бар хилофи расму анъана ва шаъну эътибори инсонӣ аз зану пайвандонаш рӯй гардонида, думболи бахти дигар дар Русия мезияд.
Аз маълумотҳои оид ба рӯзгори мардони оилабезор ҷамъ овардаамон бармеояд, ки натанҳо тарбияи нодуруст ва эрка ба воя расидани писарҳо, балки нобаробарию ноадолатиҳои оилавӣ ва озору хиёнаткорӣ сабаб мешаванд, ки баъзе ҷавонмардон тарки оила намуда, рӯ ба ҳиҷрат оранд.
Салима, сокини ноҳияи Хуросонро, 20 – сол қабл зодмандонаш иҷборан ба Ҳикматуллоҳи писарамааш ба шавҳар дода буданд. – Шавҳарам - писари ягонаву эркаи зодмандон, мактаби олиро хатм карда бошад ҳам, дар ҷойе кор намекард. Аммо дар масъалаи тозагии либос ва хурду хӯрок ҳамеша бо аҳли оила муноқиша мекард. Баҳсу эътирозҳои бемаврид оқибат ба он оварда расонид, ки пайвандонаш моро нонхӯри зиёдатӣ ном мебурданд.
Рӯзе баъди ҷанҷоли навбатӣ шавҳарам маро ба хонаи зодмандонам бурда, худ роҳи муҷоҷиратро пеш гирифт, - нақл мекунад Салима. Он шабу рӯз ҳомиладор, ки будам, бо машварати сарварони оила ба хонаи шавҳар баргаштам. Ҳикматулло 2 сол пас вақте духтарчаам 1сола шуд, ба хона баргашта, баъди як моҳ боз роҳи Русияро пеш гирифт. Баъдан, панҷ сол ғайб заду дар куҷо буданашро мо намедонистем. Ғаму ғуссаи писари ягонаашон хусуру хушдоманамро бармаҳал пиру нотавон кард. Ҳикмат баъди ду ҳафтаи дафни падараш аз куҷое пайдо шуд ва мо гумон доштем, ки шояд дар ҷойи падараш саробони оиларо ба уҳда мегирад. Аммо баръакс, бо ҳар баҳона ҷанҷол бардошта, «Падарамро шумо куштед», - гуфта ману модару хоҳарашро таънаву маломат мекард.
Салима бо насиҳати калонсолон сабру таҳаммул пеш гирифта, интизори бозгашти шавҳараш аст. Вале марди оилабезор дар ду - се сол барои чанд рӯз ба хона меояду боз онҳоро тарк намуда, роҳи интихобкардаашро пеш мегирад. – Шавҳарам ягона писари эркаву нозпарвари зодмандонаш, ҳамеша роҳи осони зиндагиро меҷӯяд. Аз рӯи шунидам, дар Русия бо бевазани соҳибкоре оила барпо карда, зиндагӣ дорад. Ният дорад писари бузургамонро ҳамроҳи худ ба Русия барад, аммо намегузорам, ки ҷигарбандам низ мисли падар «сари худ мулки Худо» умраш дар оворагардӣ бигзарад.
Маҳмадулло Шораҳимов сокини ноҳияи Вахш, низ Русияро барои зиндагии доимӣ ихтиёр кардааст. – Ба хотири беҳбудии рӯзгор ва ободии манзиламон роҳ сӯи мардикорӣ гирифтам. Гумон доштам, ки пайвандонам маблағҳои аз мардикорӣ фиристодаамро пасандоз мекунанду баъди бозгаштам хонаамонро обод мекунем. Вақте баъди ду соли заҳматкашӣ ба хона баргаштам, фаҳмидам, ки ҳамсару хоҳаронам маблағҳои фиристодаи маро барои фароғату ороиши худ сарф кардаанд. Вақте падарам дар қайди ҳаёт буданд, занони хонадони мо бозор он тараф истад, бемаврид ба кӯча намебаромаданд, нақл мекунад Маҳмадулло Шораҳимов. - Аммо аз заҳмати дар Русия кашидаам «фоида» ҳамин монда буд, ки ҳамсару хоҳаронам ба ҷойи тарбияи фарзанду тозагии хона таваҷҷуҳи бештар ба либосҳои ранги баранг доштаанд ва дар хона баҳсу ҷанҷолу ғайбату бадномкунии ҳамдигар ҳукмрон аст. Аз ин рӯ, ба истиснои модари пирам аз ҳамааш рӯй тофта, зодгоҳамро барои ҳамешагӣ тарк намуда, дар шаҳри Краснодари Федератсияи Русия кору зиндагии доимӣ дорам.
Маҳмадулло муваззаф аст, ки рӯзгори аҳли оилаашро таъмин карда, муроқиби онҳо бошад, - мегӯянд ҳамсояҳои ӯ. – Аммо ғурури бемаънӣ ва эҳсоси хашм ӯро гумроҳ кардаасту мардум мепиндоранд, ки ӯ аз уҳдаи масъулияти хонаводааш баромада натавонист. Ҳол онки вазифаи мард натанҳо сарварии оила, балки тарбия, ислоҳи хатову иштибоҳ ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҳамсар ва хоҳарони бевамондаш аст.
Аз ҳаёту зиндагии мардоне, ки бо сабабҳои гуногун тарки хонаву оилаҳои худ кардаанд, мисолҳо зиёданд. Оид ба ин масъала равоншиносон мегӯянд, ки дар мавриди ислоҳи мушкили хонабезории мардон ё худ тарбияи масъулиятшиносии ҷавонон дар ҳаёти оилавӣ, пеш аз ҳама бояд тарбияро дар сатҳи оила дуруст ба роҳ монд. Зеро дар рушду такомули зеҳнию ахлоқии инсон пеш аз ҳама муҳити оила, рафтору кирдор ва муносибатҳои аҳли хонавода таъсиргузор аст. Ва иллати аслии оилабезории баъзе мардони танбалу оилабезор ин тарбияи нодуруст онҳо дар кӯдакӣ асту халос.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН