Шукрона, ки Сарвари давлат оташи ҷанги шаҳрвандиро тавонист, дар фосилаи кӯтоҳ хотима бахшад. Боз гардонидани гурезаҳои тоҷик аз давлатҳои ҳамсоя корнамоии бузургу таърихии Президент аст. «То он даме,ки охирин гурезаи тоҷик ба хоки Тоҷикистон барнагардад, ман худро ором ҳис намекунам». Ҳамин буд ҳадафи ин марди хирад, ки дар рӯзҳои аввали корӣ шиори зиндагии хеш қарор дода буд. Ва ҳеҷ вақт инро сухани оддӣ шумурдан нашояд, зеро дар замоне,ки шикасти ҳокимият ба авҷи охири худ расида ва пояҳои давлатдорӣ бемутакко буданд, ба ин ҳадаф ноил шудан амали ниҳоят душворе буд. Аммо сарвари давлати тоҷикон тавонист, охирин гурезаи тоҷикро ба ватан биёрад, нагузошт ки падар дар фироқи фарзанди хеш ҷон ба ҷонофарин супорад, нагузошт, ки модар дар ватану духтар дар кишвари дигар ғуломи кадом соҳибмулке бошад ва ниҳоят нагузошт, ки сарҷамъии мардум аз миён равад.
Роҳбари давлат бо як пешниҳоди бузургу хирадмандонаи хеш дар Ассамблеяи СММ тавонист мавқеи обро баробар бо газу ангишт баҳогузорӣ кунад ва ин таклиф ҷонибдорони худро ёфт ва «соли 2003 - соли байналхалқии оби тоза» ва баъдан «солҳои 2005-15 даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон гардид. Вобаста ба ин дар ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ як ида чорабиниҳои умумиҷаҳонӣ доир гаштанд, ки давлати мо дар ин нишастҳо мавқеи асосиро дошт.
Таваҷҷуҳи роҳбари давалатро ба ятимону бепарасторон, умуман, мардуми камбизоатро махсус метавон қайд намуд. Дар ин маврид барномаи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз амалӣ мегардад, ки мақсади он аз байн бурдани сатҳи камбизоатӣ ва ба зиндагии тинҷу осоишта рӯ овардани мардуми тоҷик аст. Бо ин мақсад садҳо барномаҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ таҳия ва амалӣ шудаанд.
Соҳаи маорифу тандурустӣ низ аз мадди назари давлату ҳукумат ҳеҷ вақт дур намондааст. Давоми солҳои истиқлолият садхо мактабҳои наву хушсохти замонавӣ ва иншоотҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аксари онҳо бо ашёи корию технологияи замони нав муҷҷаҳаз мебошанд. Албатта, ин ҳама дастовардҳои истиқлолият аст, ки касро ба худшиносии миллӣ мебарад ва мо, сокинони ин марзу бум, Тоҷикистони азизро лозим меояд, ки ин неъмати бузург - истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз кунему ба қадри он бирасем.
Р.НАЗИР