Баъд аз намози шоме дар саҳни ҳавлӣ нишаста будам. Умед ба наздам омаду баъд аз салом додан, ба сайругашт даъватам намуд. Азбаски бори нахуст чунин иқдом аз ӯ сар мезад, эҳсос кардам, ки ҳарфи гуфтан дорад ва суҳбати хоссе мехоҳад.
Тақрибан дусад қадам дуртар аз маҳалла ҳамроҳам баъд аз сукут ба гап даромад:
«Дусола будам, ки падар бо зане тавофуқ карда, модарамро бо шаш фарзанд танҳо гузошт. Ин ҳодиса замоне сурат гирифт, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва пайдо намудани як пора нон хеле мушкил буд. Модарам кор намекард ва 5 хоҳарбузургам ҳанӯз хурдсол буданд. Аз ноилоҷӣ модар бо ду фарзанди калонӣ ба бозор баромад ва бо фурӯши сақичу донаи офтобпараст ва дигар майда – чуда машғул шуд. Гоҳе шом барои хӯрдан пораи ноне меёфтему гоҳе ҳам маблағи бадастовардаи модару хоҳаронамро муштзӯре кашида мегирифт ва онҳо бо чашми гирён ба хона бармегаштанд. Дар чунин ҳолатҳо модарро аз чор тараф оғӯш мекардему оби дидагонашро нафаре хушк менамуд. Дар бораи гуруснагӣ ҳарфе намезадем, ҳол он ки то саҳар аз сӯзиши меъда хобамон намебурд. Азоби модар хеле сахт буд…
Зимистон сард омад. Барои ба бозор баромадан, хоҳаронам кафш надоштанд. Шояд Шумо суол кунед, ки чаро онҳо, ки хурдсоланд, ба бозор мерафтанд? Дар он шабу рӯз дар бозор нишастани зани ҷавон хеле хатар дошт. Яроқбадастон ҳар лаҳза метавонистанд бо баҳонае ҷониби ӯ дасти таарруз дароз кунанд. Танҳо ва танҳо гуруснагии фарзандон метавонист занро ба чунин кор водор созад. Аз ин рӯ, то зуҳр модар бо хоҳаронам ба савдо машғул мешуду баъдан ба хона баргашта, рӯбучин ва корҳои хонаро анҷом медод.
Ҳамсояе вазъи бади моро дида, рӯзе ба апаам суроғаи падарро дода гуфт: «Падарат ҳавлии калон дорад ва зиндагиаш тинҷу осуда аст. Имрӯз дар пойтахт чунин дорандагон ангуштшуморанд. Ба назди ӯ равед, шояд ақаллан кафш харида диҳад».
Пинҳонӣ аз модар апаам кафши ҳамсоядухтарро пӯшида, мани сесоларо ҳамроҳ гирифту мо ба назди ҳавлии калоне дар маҳаллаи Қарияи Боло рафтем. Вақте дарро кӯфтем, зане онро кушода, бо чашмони суоломез ба мо нигарист. Ба ӯ гуфтем, ки фарзандони падар аз зани аввал ҳастем. Зиндагиамон сахт аст, ҳатто попӯш надорем, ки ба кӯча бароем. Оё имкон дорад, ки бо падар дидор бинему аз вай кумак хоҳем? Зан дар баробари шунидани суханони мо дарвозаи ҳавлиро калонтар кушоду саги бузургҷуссаеро тарафи мо «киш» гуфт. Саг бо як ҷаҳидан аз китфи аппам қапиду сахт такон дод. Пираҳан дариду мо аз тарс ҷониби кӯча давидем. Ғалтону хезон то истгоҳ расидем. Вақте нафас рост кардем, аз китфи апаам хун мерафт, аммо вай ба пойҳои худ нигоҳ карду ба фиғон даромад. Фаҳмидам, ки дар вақти гурехтан кафшҳои ҳамсоядухтарро аз по афтонидааст. Баъд аз каме гиристан ба ман гуфт, ки дар ҳамон ҷой бимонам, то ӯ рафта попӯшҳоро гирифта биорад. Илтиҷо кардам, ки дигар ба он тараф наравад, мабодо саг дигарбора ӯро нагазад. «Ба духтари ҳамсоя чӣ мегӯям?», – гуфта, ҷониби ҳавлии падар роҳ гирифт. Соати интизорӣ хеле ба дарозо кашид. Андешаи саги бузургҷусса лаҳзае маро тарк намекард. Хунук хӯрдаму намедонистам чӣ кор кунам. Ниҳоят, тамоми ҷасорату ғайратамро рӯйи даст гирифта, сӯйи ҳавлии падар рафтам. Дар роҳ апаамро дидам, ки рӯйи санге нишаста гиря мекунад. Ба ман нигоҳе карду бо дарду алам гуфт: «Кафшро касе гирифтааст».
Наздики намози аср ба хона баргаштем. Модар моро диду бо алам ба оғӯш гирифта, зор – зор гиря кард. Вақте нияти хоб кардем, модар ба мо гуфт: «Бо ҳамсоя гуфтугӯ намудам, дар давоми ҳафта кор карда, попӯши духтарашро харида бармегардонем, аммо шумо дигар суроғи падар нагиред. Агар ба вай дакор бошед, худаш суроғаи моро медонад».
Аммо падар суроғаи хонаи моро фаромӯш карда буд. На дар давоми ҳафта омаду на моҳҳову солҳои дигар…
Солҳо сипарӣ шуданд. Ҷанг тамом шуду зиндагӣ осудатар гардид. Ман ҳам бо мурури вақт калонтар шудаму ба модар ёрӣ мерасонидам. Дигар мо гуруснагӣ намекашидем. Лаҳзаҳое, ки харидор намеомад, ман дар бозорча ба кашонидани бор машғул мегаштам. Зиндагӣ оҳиста – оҳиста ба маҷрои худ баргашт, аммо ду апаам ба хотири таъмин сохтани рӯзғор аз таҳсил дар мактаб даст кашиданд. Баъд аз хатм намудани синфи нуҳум ҳамроҳи чанд ҳамсоя ба Русия рафтам. Новаста аз дурии роҳ ва маҳрумиятҳо дар давоми се сол ҳам хонаро таъмин мекардаму ҳам бо худ маблағе оварда, мошин харидам ва ба таксиронӣ машғул шудам. Бо хости Худо чор хоҳарамро ба шавҳар додем. Аммо модарам дар ҷавонӣ аз азобу маҳрумиятҳо пир шуд.
Чор сол қабл шабе дари хонаро кӯфтанд. Дарро кушодам. Марди болобаланде пушти дар меистод, ки ранги заъфаронӣ дошт. Бидуни даъват ба хона ворид шуд. Бо тааҷҷуб ба вай менигаристаму намедонистам чӣ кор кунам. Вақте модар ӯро дид, ранги рӯяш канду дар ҷояш нишаст. Ба ҳар яки мо нигоҳ карда, бо азобе гуфт: «Ин падари шумост».
Сукут хеле тӯл кашид. Ниҳоят мард сарашро бардошта, ба модарам нигоҳ карда гуфт, ки аз занаш ҷудо шудаасту мехоҳад ҳамроҳи фарзандонаш бошад. Ҷавон буду хомӣ кард, ҳоло дигар фаҳмидааст, ки аз модари ман беҳтар ҳамсаре набудааст ва ӯ фарзандонашро, яъне моро дӯст медоштааст…
Ба суханони ӯ гӯш медодаму замони бачагӣ, оби дидагони модар, фиғони хоҳарон ҳангоми ба шавҳар баромадан бе дуои падар, «сағира» гуфтанҳои баъзе ҳамсояҳо ба ман ва дар як лаҳза тамоми бадбахтиҳои оилаамон пеши рӯям омад. Дили аз тифлӣ яхбастаам якбора об шуду аз чашмонам ҷорӣ шуд…
Бидуни гуфтани ҳарфе ӯро аз дар берун кардам.
Дар давоми ҳафта ҳар рӯз ба хона меомаду оби чашм мекард. Ниҳоят, дили модар таҳаммул накарду ӯро дигарбора ба хона роҳ дод. Баъдтар аз даҳони ҳамсояҳо фаҳмидам, ки ба шароб дил мебандаду аз кор меравад. Зани дуюмаш ҳавлӣ, як хонаи сеутоқа ва мошини ӯро фурӯхта, ҳамроҳ бо писару духтараш ба Русия меравад. «Дӯстон» -аш аз вай рӯ мегардонанд. Ӯ чанд шаберо дар кӯчаҳо рӯз карда, ниҳоят наҷоташро дар хонаи мо мекобад.
Тайи ин муддат модару хоҳарам дар бозор нон мефурӯшанду ман ронандаи таксӣ ҳастам. Ду сол қабл издивоҷ намудаму ҳоло писари дӯстрӯяке дорам. Падар даст ба коре намезанад. Чанд бор барояш ҷойи кор ёфтем, бо ҳар баҳона даст кашид. Тағоям ӯро ба Русия даъват намуд, нарафт. Ҳар рӯз танҳо як кор дорад, шароб нӯшидан. Аз модарам пул мегирад, агар рӯзи дигар ӯ надиҳад аз хоҳарам мегирад. Рӯзи дигар аз ҳамсояе қарз мекунаду онҳо аз мо пардохти онро талаб мекунанд. Чандин маротиба бо ӯ суҳбат намудам, суде накард. Дидам, ки фоида надорад, дигар чизе нагуфтам.
Новобата ба ин, мушкиле, ки ӯ барои оилаи мо эҷод мекунад, дар ҷойи дигар аст. Бори чандум ба хонаи мо хостгорҳо меоянду баъд аз чанд рӯзе телефонӣ мегӯянд, ки «падари духтар майзада будааст, намехоҳем бо чунин оила пайванди хешутаборӣ бандем».
Дар чунин ҳолатҳо шаб садои гиряи талхи модарам ба гӯш мерасаду хоб ба якборагӣ таркам месозад. Вақти наҳор ба чашмони зебо, вале саропо пур аз ҳузни хоҳарам нигоҳ мекунаму зиндагӣ дар дидагонам ранг мебозад. Вақте падар набуд, хоҳаронам мушкиле надоштанд. Чаҳор нафарро ба шавҳар додем. Падар надорем, мегуфтем. Акнун падари бемеҳру сангдил ва майзада сари роҳи бахти апаамро гирифтааст…
Гиреҳи зиндагиро аз даст додаам, намедонам чӣ кор кунам. Шумо таҷриба доред, бигӯед, ки мо бояд чӣ тадбир биҷӯем?»
Оҳиста аз китфони ӯ оғӯш кардаму гуфтам: «Умедҷон, Шумо беҳтарин фарзанд ҳастед, модару хоҳарони худро дӯст медореду эҳтиром қоилед. Падареро, ки шуморо дар хурдӣ ба хотири шаҳвату айши худ партофт, ба хона роҳ додеду нигоҳубин мекунед. Ин мушкил ҳам муваққат аст. Худованд дари бахтро ба рӯйи ҳар офаридаи худ боз мекунад. Иншоаллоҳ, рӯзе мерасад, ки хоҳари худро бо сари баланд ба шавҳар хоҳед дод, зеро оилаҳое кам нестанд, ки воқеиятро маҳаки зиндагӣ қарор медиҳанд. Имтиҳонҳои сахттари ҳаётро пушти сар намудед. Ин имтиҳони навбатист. Офаранда мушкилкушо ва ҳидоятгари ҳар яки мост. Бо ёди ӯ бошед».
Дар чашмони Умед оташаке фурӯзон шуд. Дастамро фишурду бо самимият гуфт:
– Ташаккур!
Эмомалӣ Сайидамирзод